Номаи бетаҳрир

Варзоб. Омадани сел аз эҳтимол дур нест

№№11 (4907) 24.01.2025

1623319262Мо, истиқоматкунандагони деҳаи Меҳрободи деҳоти Чорбоғи но­ҳияи Варзоб, ба самъи шумо мерасонем, ки рӯзи 5-уми майи соли 2024 ҳангоми омадани сел аз дарёи Лучоб об аз соҳил баромада, маҳаллаи Меҳрободро валангор сохт. Қобили қайд аст, ки Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон аз мавзеи селзада дидан карда, ба масъулини вазорату идораҳои дахлдор супориш доданд, ки соҳилбандӣ ҳар чӣ зудтар ба анҷом расонида шавад.

Дар ниҳоят, намояндагону масъулини Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо аҳолии ин деҳа соҳилро муваққатан барқаррор намуданд. Яъне, соҳили дарё ба дигар самт гардонида шуд, вале ин чораҷӯии муваққатӣ маҳсуб меёфт.

Аз чӣ буд, ки мутасаддиёну масъулини сохторҳои давлатии ноҳия борҳо ваъда дода буданд, ки соҳилбандиро дар масофаи 150 метр сомон мебахшанду маҷрои дарёро мустаҳкам мекунанд, вале то  имрӯз дар ин самт коре ба анҷом расонида нашудааст. Мутаассифона,  то ҳол ваъдаҳо хушку холианд ва кор дар ин минтақаи зарардида идома наёфт.

Мардуми деҳа аз ин вазъи хеле муташанниҷу ташвишовар тариқи хаттӣ чандин маротиба ба масъулини Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ муроҷиат намуданд, аммо то ҳол мунтазири ҷавобанд.

Фасли баҳор, айёми селу обхезиҳо наздик аст. Тавре Саъдӣ Шерозӣ фармудааст:

Сари чашма шояд гирифтан ба бел,

Чу пур шуд, нашояд гузаштан ба пил!

Акнун мо, мардуми деҳа, ба куҷо муроҷиат карданамонро намедонем. Дар охир ба хулосае омадем ва бо умеду боварии зиёд ба рӯзномаи «Садои мардум» (нашрияи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон) муроҷиат карда, боварии комил дорем, ки мушкили моро ба мутасаддиёни идораҳои марбута расонида, вазъиятро ҳар чӣ зудтар ҳаллу фасл менамоянд.

Бо эҳтиром,

сокинони маҳаллаи Меҳрободи ноҳияи Варзоб (ҷамъ: 51  имзо)