Варзоб. Омодагӣ ба ҷашни Истиқлолияти давлатӣ равнақ меёбад

№38-39 (4144-4145) 31.03.2020

ВарзобБахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ  корҳои зиёд анҷом ёфта истодаанд. Сокинони ноҳияи Варзоб низ талош доранд ҷашни  муқаддаси миллиро сазовор пешвоз гиранд.

Ба ин хотир, дар деҳаи Чорбоғ хатти истеҳсоли оби ташнагишикан мавриди истифода қарор гирифт, ки дар он даҳ нафар бо ҷои  кор таъмин гардиданд. Инчунин, дар ин деҳа коргоҳи  истеҳсоли дару тирезаҳои пластикӣ бо 6 ҷои корӣ ба фаъолият шурӯъ кард.

Дар деҳоти «Чорбоғ» кӯдакистон бунёд ёфта истодааст, ки дар як вақт дар он зиёда аз 120 кӯдак ба тарбия фаро гирифта мешаванд. Алҳол дар иншооти мазкур корҳои рангуборкунӣ идома дорад.

Дар доираи корҳои ободонӣ 18 километр роҳ, аз гардиши Такоб то Сафеддара, мумфарш гардид. Ин кор аз ҷониби Ширкати «Фароз» бо харҷи 20 миллион сомонӣ анҷом  ёфт.

Қасри фарҳанг барои 350 ҷои нишаст, ки барои сохтмони он зиёда аз 6 миллион сомонӣ харҷ гардид, ба ҳусни маркази ноҳия ҳусни тоза зам намуд.

Тавре аз Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб хабар доданд, то ҳол дар ноҳия 87 иншооти ҷашнӣ  мавриди истифода  қарор гирифтааст. Тибқи нақша то соли 2021 боз 276 иншооти дигар бунёд мегардад.

Марҷонаи ЮСУФ,

коромӯзи «Садои мардум»