Тадбирҳои пайваста дар доираи эълон гардидани соли 2018 «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» имкон фароҳам месозад, ки ҳунарҳои қадимаи мардуми тоҷик эҳё гардад ва сатҳи зиндагии мардум беҳтар шавад.
Дар ноҳияи Варзоб барои фаро гирифтани аҳолӣ бо шуғл тадбирҳо андешида мешавад. Бунёди коргоҳи адрасбофию дӯзандагии «Таманно» дар Ҷамоати деҳоти ба номи Садриддин Айнӣ исботи гуфтаи болост. Роҳбари корхона Мастура Шукурова мегӯяд, ки соли 2017, баъди аз бар кардани ҳунари адрасбофӣ бо роҳхати Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб дар шаҳри Хуҷанд мақсад гузошт, ки занону духтарони деҳотро барои омӯзиши касбҳо ҷалб намояд. Аз ҷониби Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб ба коргоҳ чор дастгоҳи адрасбофӣ ва 10 дастгоҳи дӯзандагӣ харидорӣ шуд ва акнун занону духтарон ба ғайр аз адрасбофӣ, ба омӯзиши қуроқдӯзӣ, гулдӯзӣ, чакандӯзӣ ва попурдӯзӣ низ ҷалб мешаванд. Соли 2017 беш аз 60 нафар занону духтарони ноҳия ин касбҳоро аз бар карда, айни ҳол дар маҳали зист фаъолият пеш бурда истодаанд.
Айни ҳол дар коргоҳ боз 30 нафари дигар ба омӯзиш фаро гирифта шуданд. Тибқи нақшаи шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳияи Варзоб, барои ҷалби занони деҳот ба омӯзиши касб тадбирҳои иловагӣ амалӣ мешаванд.
- Тасмим гирифтем, ки дар дигар ҷамоатҳои деҳоти ноҳия курсҳои кӯтоҳмуддати дӯзандагиро таъсис диҳем. — Айни замон дар деҳоти «Чорбоғ» курси адрасбофию дӯзандагӣ ва дар деҳоти «Зидеҳ» омӯзиши табақтарошӣ ва ғайраро роҳандозӣ кардем, — изҳор дошт сардори шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии ноҳияи Варзоб А. Бобоев.
Муҳаммад ЗОКИР, «Садои мардум»