Ватан ҳарчи гӯяд, адо мекунем

№ 07.04.2024

Якуми апрели соли равон қисми ҳарбии қӯшунҳои зудамали Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҳаллаи Сомониёни шаҳраки Ғарми ноҳияи Рашт шаҳомоти хоса дошт. Ба қавли мардум дар майдон ва беруни он “ҷои сӯзанпартоӣ набуд”. Чорабинии “Рӯзи даъватшаванда” зери унвони «Ватан ҳарчи гӯяд, адо мекунем» баргузор гардид. Боиси хушнудист, ки чанд соли охир нақшаи даъвати аскарбачаҳо дар ин навоҳӣ дар рӯзи якум сад фоиз иҷро мешавад.

Дар ҳамоиш  раисони ноҳияҳои минтақаи Рашт, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, падару модарони даъватшавандагон ва собиқадорону фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ иштирок намуда, бо дуои неки модарон  ва баргузор намудани маросими “кулчагазон” наваскаронро гусел намуданд.

Иҷрокунандаи вазифаи раиси  ноҳияи Рашт Зарина Идизода зимни сухани табрикотӣ иброз дошт, ки: “Таъмини суботу амнияти мамлакат, ҳифзи ҳар пора хоки муқаддаси Ватан, Артиши миллии мо ба шумо, ҷавонони ҷасуру шуҷоъ, худогоҳу ватандӯст, содиқу далер ва бонангу номус, эҳтиёҷ дорад. Хизмат намудан ба Ватан ва миллат барои ҳар ҷавонмард, ки марзу бум ва хоку оби мамлакат барояш азиз аст, қарзи муқаддас ва мояи ифтихор мебошад. Ин аст, ки ҳамасола ҷавонписарони минтақаи Рашт масъулият ҳис намуда,  ихтиёран ба сафи Артиши миллӣ ҳамроҳ мегарданд”.

Модари даъватшаванда, сокини ноҳияи Тоҷикобод Фотима Кабирова бо ифтихор гуфт, ки “ман фарзандамро баҳри ҳимояи Ватани азизам тарбия намуда, имрӯз бо хушнудию хурсандӣ ба хизмати ҳарбӣ гусел менамоям. Бояд падару модарон фарзандонашонро тавре тарбия намоянд, ки ба ҳифзи нангу номуси миллату Ватан ҳамеша омода бошанд.   Пеш аз гусел ба 140 наваскаре, ки давраи ронандагии ТҶММ «Мададгори мудофиа»-ро хатм намуда, ихтиёран ба сафи Артиши миллӣ ҳамроҳ шудаанд, шаҳодатномаҳои ронандагӣ супорида шуд.

Даъватшаванда аз ноҳияи Лахш Абдукарим Соимов дар ҳамоиш сухан кард. Аз ҷумла иброз дошт, ки “ман пас аз хатми донишгоҳ ихтиёран ба хизмати ҳарбӣ меравам. Ба фикри ман, ҳимояи давлату миллат  бояд номуси ҷавонмардии ҳар ҷавон  бошад. Аз ин рӯ аз ҷавонони ҷумҳурӣ хоҳиш менамоям, ки ҷавонмарду баномус бошанд ва ба сафи Артиши миллӣ ҳамроҳ шаванд”.

Диловари МИРЗО,

“Садои мардум”