28 апрели соли равон вазъият дар минтақаи наздисарҳадии деҳоти «Чоркӯҳ»-и шаҳри Исфара муташанниҷ гардид. Баъди зуҳри ҳамон рӯз дар мавзеи нуқтаи обтақсимкунии «Головной», воқеъ дар деҳаи Хоҷаи Аълои деҳоти «Чоркӯҳ», муноқиша сар зада, аввал сангпартоиҳо нисбат ба якдигар сурат гирифт, сипас, ба муноқишаи мусаллаҳона табдил ёфт. Ин ҳодиса боис ба ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардоштани 7 тан аз шаҳрвандони кишвар гардида, ба амалиёти ҷангӣ низ мубаддал ёфт.
Сабаби муноқиша норозигии мардуми қирғиз аз насби камераҳои мушоҳидавӣ дар нуқтаи обтақсимкунист.
Бино ба иттилои расмӣ, иншооти мазкур аз нуқтаҳои аҳолинишин, аз ҷумла, деҳаҳои Коктош ва Оқсойи деҳоти «Оқсой»-и ноҳияи Боткени Қирғизистон дар масофаи хеле дур воқеъ мебошад. Ба ин нигоҳ накарда, раиси ноҳияи мазкур Ақилбек Орозов сокинони гирду атрофи нуқтаҳои аҳолинишинро ҷамъ оварда, барои муноқиша бо ҷониби Тоҷикистон сафарбар намудааст.
Ҳамчунин, дар гузориши расмӣ омадааст, ки «тибқи харитаи солҳои 1924-1927 ва 1989, иншооти зикршуда пурра дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, соли 1968 дар давраи Иттиҳоди Шӯравӣ барои обёриии шаҳру ноҳияҳои наздисарҳадии ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон истифода мешуд».
Тавре Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар дод, субҳи 30 апрел бо супориши Роҳбари давлат раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба Исфара рафта, дар толори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр бо фаъолони он машварати корӣ орост.
Бино ба гуфти манбаъ, байни ду давлат комиссия оид ба ҳалли низои мусаллаҳона таъсис ёфта, ҷонибҳо сабабу оқибатҳои ҳодисаро баррасӣ карданд ва барои қатъ кардани даргириҳои мусаллаҳона ба мувофиқа расиданд.
Ҳоло аз ҳисоби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии Тоҷикистону Қирғизистон гурӯҳи корӣ таъсис ёфта, барои фароҳам овардани шароити мусоид ва ташкили музокироти судманд фаъолият дорад.
Дар машварати корӣ ба иштирокчиён иттилоъ дода шуд, ки «оқибатҳои даргириҳо пурра бартараф гардида, хатти интиқоли барқ ва пулу роҳҳо таъмир карда мешаванд».
- Барои бозшавии роҳҳо бо роҳбарияти вилояти Бодкен гуфтушунид анҷом додем ва ин мушкил низ ҳал хоҳад шуд, — гуфт Раҷаббой Аҳмадзода.
Раҷаббой Аҳмадзода тибқи дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Беморхонаи марказии шаҳри Исфара рафта, аз ҳоли ҷароҳатбардоштагони муноқишаҳо хабар гирифт. Ӯ зимни аёдат иброз дошт, ки «бо супориши махсуси Президенти мамлакат барои барқарорсозии саломатии ҷароҳатёфтагон мутахассисони варзидаи соҳаи тиб аз маркази вилоят сафарбар гардида, вазъи беморон таҳти назорати ҷиддии масъулон қарор дорад».
Дар робита ба ярадор шудани раиси шаҳри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода, ки тайи ду рӯз сару садоҳои зиёдро ба вуҷуд овард, иҷрокунандаи вазифаи котиби матбуоти раиси шаҳри Исфара Зубайдулло Шомадов изҳор дошт, ки ӯ, дар ҳақиқат, аз китфаш ҷароҳат бардошта, айни замон ҳолаташ хуб ва дар беморхонаи шаҳрӣ бистарист.
- Баъди гуфтушуниди ҷонибҳои Тоҷикистону Қирғизистон, ки шоми 29 апрел дар меҳмонхонаи «Ориён» баргузор гардид, амалиёти ҳарбӣ қатъ гардида, ҳоло вазъият ором ва зери назорат аст, — гуфт Зубайдулло Шомадов ва афзуд, ки роҳи деҳаҳои Хоҷаи Аъло кушода бошад ҳам, аммо ҳаракати аҳолӣ кам дида мешавад.
Мирзоаъзам МАҚСУДОВ,
«Садои мардум»