Чанде пеш ба ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ рафтам. Азоби роҳи ин минтақаи дурдасти кишварро ба хубӣ медонистам. Ин навбат роҳи онро боз ҳам вайронатар аз пештара ёфтам. Сабаби инро ронандаи таксӣ чунин шарҳ дод:
- Аз вақте ки ба кашонидани ангишт оғоз карданд, азобамон дучанд шуд.
Барои аниқ кардани мушкилот дар деҳаи Оббурдан, ки он ҷо Идораи роҳсозии ин ноҳия ҷойгир аст, бо сар-дори муассиса Муллонеъмат Қозиев ҳамсуҳбат шудам:
Бино ба гуфти сарвари роҳсозони ноҳия, дар нигоҳубини онҳо 151 км роҳ, 24 пул, 121 қубури обгузар қарор дорад. Ин роҳ барои 26 ҳазору 200 нафар аҳолии ноҳия, ки дар 53 деҳа маскунанд, хизмат мерасонад.
13 км роҳе, ки тавассути он ҶДММ «Қудрат-2010» ангишт мекашонад, ҳолати хароб дорад. Сад афсӯс, ки маъмурияти ширкати фавқ дар таъмири роҳ бо вуҷуди борҳо муроҷиат кардан дасти кумак дароз намекунанд…
Таи се рӯзи дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ буданам ба дурустии иддаои мардуми ноҳияи дурдасти кишвар боварӣ ҳосил кардам.
Роҳро вайрон кардани мошинҳои пурбори ҶДММ «Қудрат-2010» сокинони ноҳияи Айниро ҳам ба ташвиш овардааст. Бино ба гуфти сардори Идораи роҳсозии ноҳияи Айнӣ Садриқул Шербӯтаев, масофаи роҳ аз сарҳади ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ то роҳи Душанбе-Чаноқ 55 км-ро ташкил медиҳад. Дар ин масофа 9 пул вуҷуд дорад, ки аксаран, бинобар бо бори вазнин гузаштани мошин, таъмирталаб шудаанд.
- Роҳ 30 сол инҷониб рӯи таъмири пурраро надидааст. Таъмири ҷорӣ, ки аз тоза кардани сангрезаву лойоба ва иваз кардани қубурҳост, дар боришоти аввалин ё як маротиба гузаштани мошинҳои пурбор ба ҳолати авва-лааш бармегардад. Биноан, ин роҳро пурра азнавсозӣ кардан лозим аст, — гуфт сармуҳандиси коргоҳ Давлатбек Оев.
Иддае аз сокинон ободии роҳи ноҳияро охирин ормони зиндагӣ қарор додаанд:
- Аз умри беш аз 80 — солаам, ягона орзуям дидани роҳи мумфаршу ободи Кӯҳистони Мастчоҳ аст, — гуфт дар суҳбат сокини деҳаи Оббурдон Саидмирзо Шомирзоев.
Мирзоаъзам МАҚСУДОВ,
«Садои мардум»
Р.S. Вақте мавод омодаи чоп шуд, масъулони роҳсозии вилоят иттилоъ доданд, ки ҶДММ «Қудрат-2010» ба Идораи роҳсозии ноҳияи Айнӣ ба миқдори муайян сӯзишвории дизелӣ ва масолеҳ барои азнавсо-зии ду пул кумак кардаанд.