Вазъи норӯшани Афғонистон

№105 (4367) 21.08.2021

Забти пайдарпайи вилоятҳои Афғонистон дар қисмати шимоли ин кишвар аз тарафи ҷангиёни ҳаракати «Толибон» (созмоне, ки дар Тоҷикистон ва аксар кишварҳои олам террористиву экстремистӣ шинохта мешавад) абарқудратҳо ва кишварҳоеро, ки ба истилоҳ, домани Афғонистонро раҳо карданд, гӯё ба ҳайрат гузошт. Хусусан, хеле зуд, сода ва бидуни муқовимати мусаллаҳона ба ихтиёри «Толибон» гузаш­тани шаҳри Кобулро чашмдор набуданд. Балки тахмин мезаданд, ки эҳтимол дорад «Толибон» дар давоми се моҳ Кобулро ба даст оранд.

Аксар таҳлилгарон ҳам вазъияти феълии давлати ҳамсояро печидаву мураккаб ва пурмуаммо хонда, мегӯянд дуруст баҳогузорӣ кардани он ҳоло душвор аст. Зеро ҳодисаҳо бисёр босуръат ҷараён мегиранд. Вале дар зеҳни ҳама ин савол чарх мезанад: «Толибон» Афғонистонро гирифтанд. Пас аз ин чӣ хоҳад шуд?».

Ба ин савол гӯё намояндагони «Толибон» ҷавоб доданд. Яъне, гуфтанд, онҳо ба кишварҳои ҳамсоя мояи хатар нестанд, созмонҳои байналмилалӣ ва намояндагиҳои дип­ломатии кишварҳои хориҷиро ҳимоя карда, ба фаъолияти муқаррариашон монеъ намешаванд, ба таҷаммӯи ҳар гуна гурӯҳу созмонҳои террористӣ дар қаламрави давлат иҷозат намедиҳанд, ба ҳуқуқи занон дар мавриди таҳсил ва фаъолият карданашон эҳтиром мегузоранд, ба муқовиматҳои мусаллаҳона хотима мебахшанд ва ғайра. Ба ибораи дигар, онҳо гуфтан мехоҳанд, ки хатоҳои гузаштаро так­рор намекунанд ва дигар он «Толибон»-и соли 1996 нестанд.

Вале ба фурудгоҳ шитофтани сокинони шаҳри Кобул бо мақсади тарки кишвар кардан баёнгари он аст, ки чандон ба ваъдаҳои «Толибон» бовар надоранд. Зеро дар гузашта ба ваъдаҳои онҳо эътимод карда, панҷ сол зери зулму тааддӣ зиндагӣ намуданд. Илова бар ин, беназмиҳо, ҳатто ба қатл расонидани чанд тан, латукӯби журналистон аз ҷониби ҷангиёни онҳо дар бархе аз шаҳру навоҳии мамлакат ба қайд гирифта шудааст.

Бояд гуфт, дар шарҳу тафсири чанде аз таҳлилгарони авзои Афғонистон як нуктаи муштарак ба назар мерасад: Бо мустақар шудани «Толибон» ба тахти Кобул нооромӣ дар Афғонис­тон хотима намеёбад, балки аз сари нав доман мезанад. Вале ин дафъа, эҳтимол дорад, миёни худи ҷангиёни ин ҳаракат.

Дарвоқеъ, рӯйдодҳои таърих такрори ҳамдигаранд, агарчӣ бо гузашти солҳо шакл иваз мекунанду бозингарон дигар мешаванд, вале муҳтаво ва моҳияти бозӣ ҳамон боқӣ мемонад. Чаро ки дар маркази он инсон меистад ва инсон мавҷуди иборат аз нафсу хоҳишҳои беадад аст.

Як мисол аз рӯйдодҳои гузаштаи Афғонистон. Охирҳои асри гузашта ҳафт ҳизби исломии Афғонистон иттиҳод карда, дар Пешовари Покистон созмоне бо номи «Ҳафтгонаи Пешовар» таъсис доданд. Сипас, ба муқобили Артиши шӯравӣ дар Афғонистон ҷангиданд. Вақте ки неруҳои шӯравӣ аз Афғонистон хориҷ шуданду собиқ Президенти кишвар Муҳаммад Наҷибулло бе пуштибон монда, қудратро аз даст дод, ин дафъа мубориза барои қудрат миёни муттаҳидин сар зад. Он аллакай замоне буд, ки ба қавле, дигар душмани муштарак надоштанд. Ва омили қавмгароӣ боло гирифту оташ аланга зад…

Манзур, ҳоло дар таркиби ҳаракати «Толибон» намояндагони қавмҳои гуногун меҷанганд. Инчунин, дар ҳайати ин гурӯҳ онҳое шомиланд, ки иштирокчии ҷангҳои мусаллаҳона дар Сурияву Ироқ ва дигар давлатҳои арабӣ буданд ва бо эҳтимоли зиёд ба ғайр аз ҷангидану қатлу куштор кори дигар намедонанд. Пас, оё роҳбарони ҳаракати «Толибон» онҳоро идора карда метавонанд? Ба гумони ғолиб, не. Зеро роҳбарияти ягона надоранд. Аз ин рӯ, нооромиву бесуботӣ дар ин кишвар аз пеш аст.

Албатта, дар сурати сар задани буҳрони нав мумкин аст, ки кишварҳои ҳамсарҳад низ таҳти хатар қарор бигиранд. Дар он сурат барои пешгирии тундгароӣ ва пахш кардани хатар зарурат ба қувваи сеюм пайдо мешавад. Вале ин дафъа шояд на бо иштирок ва сарварии кишварҳои ғарбӣ.

М. УСМОН,

«Садои мардум»