Вазъият дар сарҳад муътадил аст, аммо…

№15 (4435) 01.02.2022

173370Мувофиқи иттилои Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон, 27 январи соли равон тахминан соати 1840 дар чорроҳаи Зарафшонӣ ва маҳаллаи Сомониёни деҳоти «Чоркӯҳ»-и шаҳри Исфара байни сарҳадбонони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон муноқишаи мусаллаҳона ба амал омад.

Дар натиҷаи низои сарҳадӣ аз ҷониби Тоҷикистон 10 нафар захм бардоштанд, ки аз онҳо шаш нафар низомӣ ва чор нафар сокинони мулкӣ мебошанд. Ҳамчунин, ду нафар шаҳрвандони кишвар — Обидҷон Тӯйчиев, сокини деҳоти «Хоҷаи Аъло»-и шаҳри Исфара дар натиҷаи таркиши гулӯлаи миномёти низомиёни Қирғизис­тон дар ҳавлиаш ва ронандаи шуъбаи ёрии аввалияи тиббии Беморхонаи шаҳри Исфара Абдулатиф Шарифов ҳангоми наҷоти шаҳрвандони мулкии деҳаи Хоҷаи Аъло аз зарби гулӯлаи миномёти ҷониби Қирғизистон ба ҳалокат расиданд.

Тибқи иттилои Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Қирғизистон, дар натиҷаи муноқиша аз ҷониби сарҳадбонони он кишвар 13 нафар бо захмҳои гуногун дар бемористон қарор доранд. Аз рӯи иттилои Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Ҷумҳурии Қирғизис­тон, 11052 сокини деҳаҳои наздимарзии он кишвар ба ҷойҳои бехавф кӯчонда шуда, бо ғизо ва ашёи беҳдоштӣ таъмин гардиданд.

Ҷонибҳо баъди баррасии муноқишаи мусаллаҳона дар сарҳад оташбас ­эълон намуданд. Аз соати ҳашти 28 январи соли равон ҳама қувваю воситаҳои иловагӣ ва техникаҳои ҷангӣ аз хати сарҳади давлатӣ ба мавқеи доимии қарордошта баргардонида шуданд.

Ҳамчунин, 29 январи соли равон дар гузаргоҳи сарҳадии «Қизил Бел» музокироти ҳайатҳои ҳар ду кишвар бо роҳбарии раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал — полковник Саймуъмин Ятимов ва ҳамтои қирғизистониаш Қамчибек Ташиев баргузор гардид. Пас аз анҷоми музокирот Саймуъмин Ятимов чунин изҳори назар намуд: «Мавқеи мо бар пояи санадҳои бунёдии солҳои 1924 – 1929, (қарорҳои) комиссияи дуҷонибаи соли 1989 ва протоколҳое асос ёфтааст, ки ҳамчунин, ба шакли ризояти мавқеи ҳукуматҳои мо таҳия шудаанд ва манфиатҳои мардуми моро ба эътибор мегиранд. Протоколҳои мазкурро ҷиддан риоя бояд кард. Гурез аз санадҳои ҳуқуқӣ ва протоколҳои имзошуда сабаби низоъ мешавад».

Воқеан, ба назар мерасад, ҳар боре ки дар иҷрои уҳдадориҳои қаблан имзошуда таъхир сурат мегирад, низоъ сар мезанад. Ва он сабаби кушта шудани одамон аз ҳар ду ҷониб мегардад. Барои он ки дар оянда бархӯрду муноқишаҳо сар назанад, зарур аст, ки созишномаҳои имзошуда бечунучаро ва бидуни таъхир амалӣ шаванд.

Айни замон вазъият дар сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон муътадил арзёбӣ мегардад.

Марзи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон бо Қирғизистон 984 километр буда, то ҳол танҳо 519 километри он мушаххас ва нишонагузорӣ шудааст.

С. АМИНИЁН,

 «Садои мардум»