Аз соли 1979 инҷониб ман ҳамчун табиб фаъолият карда, ба қадри имкон ба одамон ёрии тиббӣ мерасонам. Аз соли 2000 то соли 2010 ҳамчун сардухтури беморхонаи марказии ноҳияи Шӯрообод кор кардам. Сипас, сардори шуъбаи тандурустии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Шӯрообод ва ҳамзамон вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шӯрообод будам. Дар давраи фаъолияти кориам бо мукофоти давлатӣ — медали «Шафқат», нишони Аълочии тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, унвони тахассусии Ҷарроҳи дараҷаи олӣ сарфароз гардидаам.
Шояд бо мақсади паст задани обру ва эътибори ман бошад, ки 14 марти соли 2011-ум нисбат ба ман аз ҷониби прокурори ноҳияи Шӯрообод Г.Умаров бо моддаҳои 245 қисми 2 бандҳои «а», «г», 316 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ғайриқонунӣ ва беасос парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд.
Муфаттиши прокуратураи вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб Рустам Комилов нисбати ман ва А.Ятимов бо моддаи 320 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз намуда, қисми 1 моддаи 316-ро ба банди «в» қисми 3 моддаи 316 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон бандубаст намуд. Маро бо он айбдор менамуданд, ки гӯё ба воситаи А.Ятимов ба прокурори ноҳияи Шӯрообод пора дода бошам.
5 майи соли 2011-ум вақти аз сабаби беморӣ дар хона таҳти назорати духтур қарор доштанам, муфаттиши шуъбаи тафтишотии Прокуратураи вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб Р.Комилов бо моддаҳои 245 қисми 2 бандҳои «а», «г», 316 қисми 3 банди «в» ва 320 қисми 2 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон маро айбдор дониста, ғайриқонунӣ, барои ҷинояте, ки содир накардаам, дастгир кард.
7 майи соли 2011-ум аз ҷониби Суди шаҳри Кӯлоб нисбати ман чораи пешгирӣ дар намуди ба ҳабси пешакӣ гирифтан татбиқ карда шуд.
Худи ҳамон рӯз ман аз болои қарори судяи Суди шаҳри Кӯлоб Ҷ.Ахмедов дар бораи интихоби чораи пешгирӣ дар намуди ба ҳабси пешакӣ гирифтан ба Суди вилояти Хатлон дар шаҳри Кӯлоб шикоят намудам.
Суди вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб шикояти маро дар бораи бекор кардани қарори ғайриқонунии судяи Суди шаҳри Кӯлоб Ҷ.Ахмедов беқаноат монда, қарори ғайриқонунии татбиқи чораи пешгирӣ дар намуди ҳабси пешакиро бетағйир монд.
Назорати тафтиши пешакии парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба ман аз ҷониби муовини прокурори вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб М.Шарифов бурда мешуд.
16 майи соли 2011 парвандаи ҷиноятиро нисбати ман бо моддаи 245 қисми 2 бандҳои «а», «г», моддаи 316 қисми 3 банди «в» ва моддаи 320 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бандубаст карда, ба Суди вилояти Хатлон барои моҳиятан баррасӣ намудан ирсол намуданд. 28 июли соли 2011 бо ҳукми Коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии Суди вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб айбдории марбут ба моддаҳои 245 қисми 2 бандҳои «а», «г» ва 320 қисми 2 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар дар ҳаракатҳоям набудани аломатҳои таркиби ҷиноят пурра аз ман бардошта шуд. Вале маро бо қисми 1 моддаи 316 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста, нисбатам ҷазо дар намуди ҷарима ба миқдори 400 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, яъне 14 000 сомонӣ татбиқ намуданд ва ман аз ҳабс худи ҳамон рӯз озод шудам.
Дар асоси шикояти назоратии ман 2 марти соли 2012 Коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо таъиноти худ ҳукми Коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии Суди вилояти Хатлонро дар қисмати бо моддаи 316 қисми 1 гунаҳгор донистани ман бинобар ғайриқонунӣ будан бекор карда, парвандаи ҷиноятиро барои тафтиши иловагӣ ба Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон фиристонид.
Моҳи апрели соли 2012 парвандаи ҷиноятӣ нисбати ман ба истеҳсолоти муфаттиши шуъбаи тафтишотии парвандаҳои ҷиноятии махсусан муҳими Прокуратураи вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб Қаландаров М.Ҷ. дода шуд.
Дар вақти тафтиши иловагӣ ваҷҳҳои овардаи ман исботи худро ёфтанд ва парвандаи ҷиноятӣ нисбати ман бо қарори муфаттиши шуъбаи тафтишотии парвандаҳои ҷиноятии махсусан муҳими Прокуратураи вилояти Хатлон М.Ҷ. Қаландаров 29 июни соли 2012, бинобар дар кирдорам набудани аломатҳои таркиби ҷиноят, бо дастрасии моддаи 27 қисми 1 банди 2 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон қатъ карда шуд.
Аммо қарори қонунии нисбат ба ман қатъ кардани парвандаи ҷиноятиро, бинобар дар ҳаракатҳоям набудани аломатҳои таркиби ҷиноят, бекор карда, тафтиши парвандаи ҷиноятиро аз нав оғоз намуданд. Ин қарор аз ҷониби прокурори шуъбаи назорати тафтиши пешакии Прокуратураи вилояти Хатлон С.Азизов қабул ва аз тарафи муовини прокурори вилояти Хатлон Б.Ҳомидов тасдиқ мегардад.
Пас аз ин ба Прокуратураи вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб, Прокуратураи вилояти Хатлон ва Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри исботи бегуноҳии худам маротибаи сеюм муроҷиат кардам, вале ба таври дахлдор муроҷиати маро санҷида намебаромаданд.
Баъд муайян шуд, ки дар асл ман ҷинояткор нестам ва кирдори зиддиҳуқуқӣ содир накардаам. Баръакс, шахсони мансабдори нисбат ба ман ғайриқонунӣ парвандаи ҷиноятӣ оғознамуда дастгир шудаанд.
22 декабри соли 2012 муфаттиши шуъбаи тафтишотии парвандаҳои ҷиноятии махсусан муҳими Прокуратураи вилояти Хатлон М.Ҷ.Қаландаров парвандаи ҷиноятии манро бо моддаи 316 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар дар кирдорам набудани аломатҳои таркиби ҷиноят бо дастрасии моддаи 27 қисми 1 сархати 2 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон қатъ намуд.
Бояд зикр кард, ки дар натиҷаи ин амалҳои ғайриқонунии баъзе кормандони Прокуратураи вилояти Хатлон ва Прокуратураи ноҳияи Шӯрообод, ки муддати зиёда аз ду сол, яъне аз моҳи декабри соли 2010 маро беасос мехостанд, ғайриқонунӣ ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида, обру ва эътиборамро дар назди мардум паст зананд, саломатиамро аз даст додам. Худ қазоват кунед, 85 рӯз дар ҳабс барои гуноҳи содирнакарда ғайриқонунӣ шиштан магар осон аст?
Акнун прокурори ноҳияи Шӯрообод Ғ.Умаров барои гирифтани пора ва прокурор-айбдоркунандаи давлатӣ Ғазалшо Мазориев, ки аз писарам барои нисбати ман талаб накардани ҷазои вазнин ва наовардани эътироз маблағи пулӣ бо роҳи тамаъҷӯйӣ талаб карда буд, аз ҷониби кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгир карда шудаанд.
Оре, ҳақиқат офтоб аст ва онро бо доман пӯшида намешавад. Ман аз мақомоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сипосгузорам. Чунки маҳз ҳамин мақомот ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии маро ҳифз кард.
Бегмат КӮЛОБИЕВ, сокини деҳаи Синои деҳоти «Шӯрообод»-и ноҳияи Шӯрообод