Ҳамин ки марзи яке аз ноҳияҳои куҳанбунёди бостонӣ -Қубодиёнро убур кардед, номи пуршарафу таърихии ин мавзеъ вуҷудатонро хаёлан ба гузаштаҳои дуродури ин диёр, мероси оламшумули мардуми тоҷик, ба мисли Тахти Сангин, Қалъаи Мир ва ҳатман бо ашъору андешаҳои шоир, файласуфи Шарқ Носири Хусрав рӯ ба рӯ месозад. Ин сарзамини зархез ба ҷаҳониён аз дастовардҳои инсонҳои бузургаш, сарватҳои беҳамтояш, корнамоиҳои фарзандонаш доимо дарак медод. Ин пораи Тоҷикистон ҳамеша таҷассумгари орзуву омоли мардум, пайвандгари дилҳо буд, зеро Қубодиён ҳамчун сарзамини дар иҳотаи дарёҳои пурхурӯши Осиёи Марказӣ – Вахшу Кофарниҳон ва Ому воқеъ гаштааст.
Ҳамин омилҳо Қубодиёнро дар радифи маъвову макони номдори дунё ҷой намудааст.
Бисту ду сол қабл дар натиҷаи ҷанги шаҳрвандӣ дар Қубодиён низ харобиҳову вайронаҳои зиёд ба амал омад, вале сиёсати пешгирифтаи фарзанди фарзонаи миллат, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон оташи ҷангро хомӯш кард, хунрезиҳоро қатъ гардонд. Мардуми ҷабру ситамкашида ба шарофати ғамхориҳову дилсӯзиҳои пайгиронаи Сардори давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон боз рӯ ба ободӣ овард.
Пеш аз ҳама, баъди баргардонида шудани садҳо оилаи гурезаҳои иҷборӣ ба маконҳои муқимии хеш ҳаёти осудаву ороми қавму миллатҳои гуногун аз нав таъмин шуд.
Батадриҷ болоравии сатҳи зиндагӣ мардумро дар ин давра боз ташнаи олами фарҳангу тамаддун ва омилҳои иҷтимоии ҷавобгӯ ба ҳаёти нав сохт. Дар чунин давраи пурмасъули гузариш, ба қавли сокинони ноҳия, Сарвари давлат вазифаи роҳбарии ноҳияро ба намояндаи бевоситаи худ, шахси дорои хислатҳои неки инсонӣ, сифатҳои баланди корбарӣ, фаъолу серталаб Саъдулло Бегназаров муносиб донист.
Беш аз шаш моҳ аст, ки фазо ва муносибати кормандони масъул, роҳбарони тамоми идораву истеҳсолот нисбати иҷрои вазифа ранги дигар гирифтааст.
Дар ноҳия аҳамияти манфиати ҷамъиятӣ аз хусусӣ дида боло гузошта шуд. Мунтазам тадбирҳое чораҷӯйӣ карда мешаванд, ки халқ онҳоро мусбат дарку эҳсос намуда, бовариву эҳтиромашон ба роҳбари нав зиёд гашт.
Барои тасдиқи ин гуфтаҳо якчанд далелу нишондиҳандаҳоро пешкаши шумо мегардонем.
Саъдулло Бегназаров, қабл аз ҳама интизоми меҳнатии роҳбаронро ташкил намуд. Манбаъҳои зарурии хизматрасонии мардумро дар миқёси ноҳия пиёда сохт. Масалан, фаъолияти бунгоҳҳои ёрии таъҷилии тиббӣ, оташнишонӣ, милитсияро шабонарӯзӣ ба роҳ монда, кори бозори марказии ноҳия ва мағозаҳои муттамарказонида доимӣ шуд. Кӯли шиноварӣ барои 500 нафар ва варзишгоҳи «Арена», ки бо роҳи ҳашар сохта шуда буд, пештар ба мулки хусусӣ табдил ёфта, фаъолият намекард. Ин нуқтаҳо низ аз нав ба хизмати халқ пешкаш гардид. Хиёбону гулгаштҳои маркази шаҳраки Носири Хусрав сабзу хуррам ва саҳни «Қасри фарҳанг»-и ноҳия ба макони аслии фарҳангу фароғат мубаддал гашт. Заҳматкашон, алалхусус ҷавонон, дар ин ҷо ҳар бегоҳ то соати даҳи шом аз садои мусиқиҳои форам ва телеэкранҳои калонҳаҷм баҳраманданд. Фаввораҳои аз нав ба кор даромадаи саҳни қаср ҷойи дӯстдоштаи модарону кӯдакон гаштааст. Тарабгоҳи «Қубодиён», ки харобу валангор гардида буд, таъмиру таҷдид шуда, меҳмонони хешро интизор аст.
Табиист, ки чунин чорабиниҳо аз ҷониби раиси ноҳия эътимод, ихлоси мардумро ба ӯ зиёд менамояд ва дар иҷрои вазифаҳои дар пеш гузошташуда ҳамраъйу ҳамфикр месозад. Мисоли равшани ин суханон даъвати имсолаи баҳории ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ватан мебошад. Ин тадбири муҳим дар зарфи 15 рӯз, аввалин шуда дар ҷумҳурӣ анҷом ёфт.
Ташкил ва гузаронидани суҳбати ошкоро якбора бо 4,5 ҳазор ҷавонони ноҳия дар саҳни ҳавлии «Қасри фарҳанг» дар як вақт аз чораҷӯйиҳое буд, ки ба ҳамдигарфаҳмӣ, дарёфти имконияту захираҳои истифоданашуда равона гардид. Маҳз дар ҳамин вохӯрӣ сухан дар хусуси ташкили ҷойҳои нави корӣ дар ноҳия, сохтмони коргоҳҳои саноатӣ, ҳавасмандгардонии ҷавонони соҳибкасбу соҳибкор, фарогирии ҷавонони лаёқатманду боистеъдод дар донишгоҳҳои олӣ, пешгирии роҳҳои ифротгаройиву тафриқаангезӣ, экстремизму терроризм ва ғайра бо амиқиву аниқӣ садо дод.
Роҷеъ ба дастовардҳои ноҳия оид ба натиҷаҳои хоҷагии халқ дар шашмоҳаи аввали соли 2013 метавон чанд мисол овард. Дар ин давра ба маблағи 27 миллиону 409 ҳазору 100 сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 113 фоизро дар бар мегирад. Истеҳсоли орд 3444 тонна ё ин ки 123 фоиз, нон ва маҳсулоти нонӣ 2900 тонна ё ин ки 197 фоиз ва истеҳсоли маҳсулоти нимтайёри дору 92,7 тоннаро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3,5 баробар зиёд аст.
Бахши сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён дар ин давра барои беҳтар намудани рушди соҳаи саноат, бунёди корхонаҳои нав ва иҷрои барномаю қарорҳои соҳаи саноат кори зиёд ба анҷом расонид.
Ба мақсади амалӣ намудани лоиҳаҳои инвеститсионӣ дар ҳамкорӣ бо барномаи ЮСАИД барои ташкили ҳафт гармхона дар деҳоти Қубодиён, шаш гармхона дар деҳоти ба номи У.Назаров, се адад анбор дар деҳоти ба номи Н.Хусрав, як гармхона, як корхонаи коркарди меваю сабзавот, як сехи қуттисозӣ дар деҳоти 20 — солагии Истиқлол, ҳашт гармхона, як агромағоза, як анбор дар деҳоти Тахти Сангин ва ҳамин гуна иншоот дар дигар деҳотҳо, ду гармхона, як сехи коркарди меваю сабзавот, як анбор дар деҳоти Навобод ва ҳамин гуна иншоот дар дигар деҳот соли ҷорӣ ба истифода дода мешаванд.
Дар ноҳия баҳри ҳифзи адолати иҷтимоӣ мудом ба эҳтиёҷмандон кӯмакпулӣ расонда мешавад.
Дар арафаи Рӯзи Ғалаба иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҷанговарони башардӯст аз ҳисоби хазинаи раис бо 7 ҳазору 700 сомонӣ қадрдонӣ карда шуданд. 555 нафар занону духтарони фаъоли ноҳия дар рӯзи идашон як сарулибоси атласи хуҷандӣ мукофот гирифтанд. Хатнасури 200 нафар кӯдакони оилаҳои эҳтиёҷманд якҷо гузаронида шуда, 60 нафар ятимони бе падару модар бо туҳфаҳои пурарзиш сарфароз гардиданд.
Албатта, чунин пешравиву дигаргунсозиҳо бе таъсир намонд. Дастовардҳои меҳнатӣ соҳибкорон, мутахассисонро ба кашфи уфуқҳои нави корӣ ва таҳаввулоти ҳаёти ҷомеа ҳидоят менамояд. Натиҷаи ҳамин аст, ки дар зарфи шаш моҳи аввали соли ҷорӣ дар ноҳия коргоҳҳои дӯзандагӣ, қолинбофӣ ба кор шуруъ кард. Ҳамзамон сохтмони корхонаҳои шағалбарорӣ, хишт, шир, коркарди меваю сабзавот ҷараён дорад.
Дар ноҳия руҳбаландӣ, боварӣ ба фардо ҳукмфармост. Одамон ҳар сари қадам аз муваффақиятҳои имсола ҳарф мезананд. Шодӣ аз он мекунанд, ки ниҳоят ба ноҳия роҳбари тавоно, дилсӯзу дурбин омадааст ва ӯ қодир аст бо аҳли заҳмати ноҳия дар татбиқи сиёсати дохилию хориҷии мамлакат, ки аз Паёми солонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бармеояд, ҳиссагузор бошад.
Кас бо комёбиҳои имрӯзаи мардуми ноҳияи Қубодиён ошно гашта, мутмаин мегардад, ки агар ҳар як роҳбар дар вазифаи хеш аз рӯйи виҷдон ва инсофу имон кор кунад, олам гулистон мешавад…
Ҳангоми бозгашт заминҳои навкорами домони кӯҳсорон, ки сабзу хуррам гаштаанд, диққати моро ба худ кашид, ҳол он ки ду даҳсола боз ин ҷойҳо аз беобӣ хушк гашта буданд. Акнун боғоту заминҳои навкорами ин мавзеъ аз нав шодоб шуда, меваҳои ширинаш ҳаётро шаҳдбор месозад.
Шубҳае нест, ки шуҳрати Қубодиёни куҳанасос минбаъд ҳам боз оламгир хоҳад шуд. Ба татбиқи ин суханон раиси ноҳия Саъдулло Бегназаров кафил аст.
Б. КАРИМЗОДА, «Садои мардум»
Н. Тиллозод, рӯзноманигор