Чанде пеш дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Моҳвораи Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон нишасти хабарӣ доир гардид.
Дар оғози нишаст дабири кулли Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон Зафар Муҳаббатов суханронӣ намуд.
-Моҳвора ба таври муштарак тавассути ҶҲАТ, Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх (КБСС) ва Федератсияи Байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар (ФБ СС ва ҲА) ва Ҷамъиятҳои Салиби Сурхи Финландия ва Олмон сурат мегирад. Агар ҳар кас бо саҳми кӯчаки худ кумак расонанд, тавоноии мо барои ёрӣ расонидан ба онҳое, ки зарар дидаанд, бештар мешавад,- иброз дошт З. Муҳаббатов.
Ба гуфтаи ӯ, маротибаи сеюм аст, ки дар Тоҷикистон Моҳвораи Ҳилоли Аҳмар гузаронида мешавад, ки ҳамасола аз якум то сиву якуми моҳи май барпо мегардад. Имсол ин чорабинӣ бо шиори «Ҳамдарди дигарон бош» идома дорад.
Дар нишаст зикр шуд, ки моҳи май иқдомҳои гуногун, аз қабили чорабиниҳои варзишӣ, фарҳангӣ, иттилоотӣ ва кумакҳои башардӯстона барои сокинони ҷумҳурӣ дар назар гирифта шудааст.
Ҳамзамон зикр гардид, ки рӯзи панҷуми майи соли равон марҳилаи аввали ёриҳои башардӯстонаи Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар ба зарардидагони офатҳои табиӣ дар ноҳияҳои Шӯрообод ва Хуросони вилояти Хатлон расонида шуд. Аз ҷумла Салиби Сурхи Олмон дар ҳамкории дуҷониба бо ҶҲАТ ба оилаҳои зарардида бастаҳои ғизоӣ ирсол кард. Салиби Сурхи Финландия, Салиби Сурхи Ҷумҳурии Халқии Хитой ва Ҳилоли Аҳмари Туркия низ омодагиҳои худро барои ёрӣ ба зарардидагон иброз доштанд.
Бино ба маълумоти расмӣ, селу ярч, ки моҳи апрел дар пайи боронгариҳои шадид дар қисмати ҷануби ҷумҳурӣ рух дод, дар маҷмӯъ сабаби марги 18 нафар гардид, ки 13 нафарашон зери як бом дар деҳаи Одинабойи деҳоти Саричашмаи ноҳияи Шӯрообод ҷони худро аз даст доданд.
Алҳол ҶҲАТ 3578 аъзо, 30 ташкилоти ибтидоӣ ва зиёда аз 4200 нафар ихтиёриён дорад. ҶҲАТ аз ду бахши вилоятӣ, ду бахши минтақавӣ, 16 бахши шаҳрӣ ва 49 бахши ноҳиявӣ иборат мебошад.
Тӯли панҷ соли охир беш аз 25000 нафар, ки аз офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон зарар дидаанд, аз ёриҳои муштараки ҶҲАТ ва ҳамкоронаш бархӯрдор гаштаанд.
Х. ШАРИПОВ, «Садои мардум»