Ин мушкилот кай ҳал мешавад?
Бинои имрӯзаи Ҷамоати шаҳраки Восеи ноҳияи Восеъ, ки наздик ба 80 сол инҷониб арзи вуҷуд мекунад, агар гӯем, ки тӯйхонаро мемонад, заррае иштибоҳ нахоҳем кард. Рафту агар аз саҳни он гузар намоед ва ё баҳри иҷрои амале вориди он шавед, дарҳол пардаи гӯшатонро садои баланди дафу най ва суруду таронаҳои шогирдонаи бачаҳо «навозиш» медиҳад.
-Тӯли 5-6 сол мешавад, ки ҳоламон ҳамин аст, яъне дар мактаби мусиқии назди шуъбаи маданият фаъолият мекунем. Талош дорем, ки бинои мувофиқу муносибтаре дарёфт намоем,- шикоят кард аз вазъи надоштани бино раиси Ҷамоати шаҳраки Восеъ Маҳмадулло Муҳаммадиев.
Маълум гашт, ки М. Муҳаммадиев сеюмин нафар аст, ки дар ҳамин бинои куҳнаву таъмирнодидаи мансуби солҳои 40-уми асри гузашта вазифаи раисии шаҳракро иҷро мекунад. Вобаста ба вазъи мавҷудаи шаҳрак, бахусус бо дарназардошти фаъолияти раисони қаблии он андешае думболагирам намуд, ки бо чунин «ҷаҳду талош» ва «азму ниятҳо» имрӯз дар шаҳраки Восеъ соҳиби бинои ободу худӣ шудан амри маҳол аст, зеро солҳо боз даҳҳо ташкилоту муассисаҳои давлатии дигари он, аз қабили шуъбаи сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, нотариус, шуъбаи фарҳанг, китобхонаи бачагона, бойгонӣ, рӯзномаи «Гулхани Восеъ», гимназияи ноҳия, муассисаи таҳсилоти иловагии назди шуъбаи маориф, маркази хизматрасонии иҷтимоӣ ва боз ба ҳамин монанд дигар ташкилоту муассисаҳои давлатию ғайридавлатӣ дар чунин вазъ фаъолият мекунанд. Оё дар чунин шароит метавон ба фаъолияти самарабахши муассисаҳои мазкур умед баст?
Таҳқиқу пайгирии мавзӯъ моро ба Ҷамоати деҳоти ба номи Мирзоалӣ Вайсов овард. Дидани ҳолати беҳад ногувори бино ва мизу курсиҳои аз замони шӯравӣ меросмондаи кормандони он, бахусус дидани Парчами зебои Ватан рӯи боми шикаставу фарсудаи ин ҷамоат, табъи дилхоҳ бинандаро хираву озурда мекунад. Ба вазъи мавҷудаи бино назар карда, бовари кас намеояд, ки ин Ҷамоати деҳот беш аз 80 сол умр дораду даҳҳо афроди шинохтаи кишвар маҳз дар ҳудуди деҳоти он тарбия ёфта, ба камол расидаанд. Беш аз 50 сол боз кормандони ҷамоати мазкур дар се утоқи тангу таъмирталаби он машғули иҷрои вазифаҳои хешанд.
Ин бинои фарсуда соли 1958 ҳамчун нуқтаи шустагарии интернати хонандагони деҳаи Кадучӣ бунёд гаштааст ва маҳз аз ҳамон сол то ба имрӯз ба сифати идораи калонтарин Ҷамоати деҳоти минтақаи Кӯлоб хизмат мекунад.
Аз шиносоӣ бо вазъи бинои Ҷамоати деҳоти ба номи Миралӣ Маҳмадалиев низ табъамон болида нашуд. Идораи ҷамоате, ки дар ҳудуди деҳоти он колхози овозадору машҳури ба номи Ленин қарор дошту тавассути раиси он- шодравон Миралӣ Маҳмадалиев садҳо иншооти фаъолияташон гуногуни бунёд гашта, ҳусн ва шуҳрати ин мавзеъро афзун намуда буд, акнун бо гузашти беш аз 80 сол дар як мағозаи хусусии сари роҳ қарор гирифтааст. Ҳол он ки ҷамоати мазкур солҳои сол соҳиби бинои худ буду дар ихтиёраш 0,70 гектар замини пурдолу дарахти атрофаш бетонпеч дошт.
Аз раиси тозаинтихоби Ҷамоати деҳоти ба номи Миралӣ Маҳмадалиев М. Орифов ва дигар масъулини ноҳияи Восеъ аз хусуси ин вазъи таассуфовар пурсон мешавам. Мусоҳибон бо тааҷҷубу таассуф арз намуданд, ки бинои ҷамоатро бо иллати «садамавӣ» буданаш ду раиси қаблии он — А.Асроров ва С.Юнусов миёни ҳам тақсим карда, ба хонаи истиқоматӣ табдил додаанд ва бо ҳамин «иллат» идораи ҷамоатро ба якчанд утоқи собиқи колхоз, ки замоне онҳоро дастаи ҳунарии овозадори «Чашма» истифода мекард, кӯчонидаанд, вале дере нагузашта, бо сабаби оғози корҳои азнавсозии бинои собиқи колхоз, идораи Ҷамоати деҳотро ба як мағозаи шахсӣ гузарониданд.
-Бинои собиқи колхоз баҳри гиромидошту абадӣ гардонидани номи бобои Миралӣ, бахусус ба хотири истиқболи сазовори 100 -солагии ин абармарди арсаи меҳнат, бо ҳаҷми калон тармиму азнавсозӣ мешавад. Мақсад аз азнавсозӣ, тавре маълум аст, ба осорхона табдил додани биност. Баъди ба осорхона табдил ёфтани бино, ки мақоми маъмуриаш тағйир меёбад, шумо чӣ азму ният доред?- мепурсам зимни суҳбат аз раиси Ҷамоати деҳот М. Орифов.
-Маҷбурем, ки боз ба ҳамон бино баргашта, он ҷо фаъолият намоем,- дар посух гуфт раис.
Аҷаб ҳолати риққатовар. Ҷамоати шаҳраки Восеъ дар мактаби мусиқию Ҷамоати деҳоти ба номи М.Вайсов дар бинои куҳнаю фарсудаи шустагарӣ фаъолият мекунаду раиси Ҷамоати деҳоти ба номи М.Маҳмадалиев бошад, аз мағозаи хусусӣ азми гузаштан ба осорхонаи бунёдшудаистодаро дорад.
Ҷамоати деҳоти ба номи Худоёр Раҷабов низ соҳиби як бинои куҳнаи назарногир аст. Хуллас, аз ҳашт ҷамоати шаҳраку деҳоти ноҳия танҳо ба як — Ҷамоати деҳоти ба номи Рӯдакӣ муяссар шудааст, ки бинои дуошёнаи собиқ совхози боғу токпарвариро соҳиб шавад.
Бояд гуфт, ки 28 октябри соли 2013 Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, баъди боздидашон аз Ҷамоати деҳоти ба номи Миралӣ Маҳмадалиев, дар мулоқот бо фаъолону сокинони ноҳия ишора ба чунин силсилаи нобасомониҳо бо таассуфу эрод гуфта буданд: «Шумо, шогирдону ҳамкорони бобои Миралӣ, амалҳои неки созандагии ӯро идома дода натавонистед!».
Воқеан ҳам, таассуфовар аст, ки ҷамоатҳо бинои корӣ надоранд, аммо ин таассуф дучанд мегардад, вақте мебинем, ки миқдори зиёди иншооти хусусигардонидашудаи ҳудуди онҳо, бахусус шаҳрак, аз бефаъолиятии солҳои тӯлонӣ дар ҳоли фарсудашавианд.
Рӯзномаи «Садои мардум» 1-уми июни соли 2010 таҳти унвони «Зинат»- у «Бунафша» ва «Гулшан» зинатбахши Восеъ буданд» ва 21-уми майи соли 2011 «Шоҳин» дар ҳоли садамавӣ» аз хусуси бефаъолиятиву ғайриодилона хусусӣ намудани ин гуна иншоот, бо овардани далелҳои мушаххасу дақиқ, бонги изтироб зада буд. Баъзе соҳибмулкон, албатта, аз ин бонги изтиробҳо сахт ранҷида буданд, вале муаллифи ин ду мақола аз самараи амали хеш як андоза қаноатманд гардид, зеро бо саъйи соҳибмулкон маркази савдои «Зинат» зинатбахши Восеъ шуду ҳолати садамавии кинотеатри «Шоҳин» бартараф гашт. Дар мақолаи охирин масъалаи бозпасгирии муассисаву иншооти аз фаъолият бозмонда ба миён гузошта шуда буд ва тавре мебинем, айни ҳол низ ин пешниҳод аҳамияти худро гум накардааст, зеро қисмати зиёди онҳо то ба ҳол фаъолият намекунанд. Дар ҳоли даст гирифтани ин иқдом, боварӣ ҳаст, ки ҷамоатҳо ва муассисаҳои давлатии дар боло зикрёфта соҳиби бинои худӣ мешаванду иштибоҳҳои гузашта то андозае ислоҳи худро пайдо мекунанд.
Оё ҷойи таассуф нест, ки ягона гимназияи давлатии ноҳия дар бинои хусусигаштаи таълимии литсейи техникии ноҳия машғули таълиму тарбия аст? Чӣ зарурате ба миён омад, ки ин муассисаи намуди нави таълимӣ бинои дуошёнаи худро канор монда, иҷоранишин шавад? Ин суол аз масъулини соҳаи маорифи ноҳия шарҳу посух мехоҳад.
Тӯли се-чор моҳи охир баҳри рушду ободии ноҳия, бахусус шаҳрак, он қадар ҷаҳду талошҳое аз ҷониби иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳия Мӯсо Ғафурзода ба харҷ рафтааст, ки мардум шабеҳи онро дар солҳои пешин дар хотир надорад. Ҳоло мардуми ноҳия ва меҳмонони он кӯчаҳои мумфаршгашта, ба низом омадани ҳаракати берабти нақлиёти дохили шаҳрак, аз хатти сурх берун кардани даҳҳо дӯкону нуқтаҳои тиҷоратии худсохт, аз ахлотҳои бисёрсола тоза гардидани роҳраву обгузарҳо ва боз ба ҳамин монанд дигар амалҳои шоистаи раисро дида, гоҳ ҷиддию гоҳ шӯхиомез мегӯянд:- Мешудааст-ку!
Темуршоҳи ФАЙЗАЛӢ, «Садои мардум»