(Очерк)

Ҳамрози замин

№101(3247) 30.08.2014

Хамрозии заминРӯзгори одамизод ҳамранги дарёи пурталотум ончунон тезҷараён аст, ки гоҳе исми номваронаш ба гӯшаи фаромӯшӣ афтода, қиссаи матонаташонро аз ҳамдиёрон мешунавем. Дар ин миёна ашхоси накуноме низ будаанд, ки тақдири хешро бо замини розшунав пайваста, ҳар кафи хокашро азиз  доштаву баҳри ҳосилхез гардониданаш ҳамвора ранҷ бурдаанд.

Фидокории зумрае аз собиқадорони меҳнат то ҳанӯз мисли ганҷ дар вайрона ниҳон мондааст. Чаро? Эҳтимол ин бар асари дар барҳаётӣ аз серкорӣ фурсат надоштани худи мардони меҳнат, баъдан, заминӣ-хоксортабиатии ишон боис шудааст. Ин ҷо сухан аз роҳи тайкардаи роҳбари корозмуда ва ҳамнафаси меҳнаткашон Абдулло Ҳасанов меравад. Ин марди майдон кӣ буд ва чӣ амали шоистаеро ба нафъи халқу Ватан сомон додааст?

Абдулло Ҳасанов дар мавзеи Баландсари ноҳияи Ховалинг рӯзгори осудаҳоле ба сар мебурд. Боғу роғ бунёд намуда, мардуми Ховалингу Балҷувонро ба ободгарӣ даъват мекард. Аммо аввали солҳои 50-уми асри гузашта,баъди он ки кӯҳистониён оилаҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ неруманд гардиданд, муҳоҷиршавӣ оғоз ёфт ва мардуми соҳиби хонаву дари мустақилро ба таҳдашт кӯчониданд. Одамон дар ҷойи холӣ зиндагӣ аз сар гирифтанд.

Вақте ки кӯҳистониро ба таҳдашт оварданд, заминҳои дашт яксара  тӯқайзор буд. Баландии қамишзори заҳбурҳо аз қади одам боло меомад. Ҳатто шабонгаҳ уллоси гург, овози пурҳайбати даррандагон ва садои парандагон ба гӯш мерасид. Мардум аз талвосаи ҷон чӣ кор карданашро намедонист. Ашхоси равшандиле зарур буданд, ки одамонро аз навмедӣ вораҳонда, ба рӯзҳои нек роҳнамо шаванд. Вазъи ногувор ба эҳсос расида, Абдулло Ҳасанов ба назди шахси обрӯманди мардуми Баландсар Бобошо Шарифов рафта, пас аз ҳолпурсӣ сари матлаб омад ва маслиҳатомез гуфт:

- Насиба будаст, аз кӯҳистон ба таҳдаштамон оварданд…

- Мо аскари партия ҳастем,- посух дод Бобошо.- Ба куҷое фиристад, меравем, обод мекунем.

- Бачаи хола, омадам, ки мардуми хоҷагиро сарҷамъ намоем ва роҳбариро ба даст гиред…

- Бо пирони рӯзгор машварат бояд. Агар бовар дошта бошанд, тӯқайзорро гулистон мегардонем.

- Бо мардум суҳбат мекунам.

Баландсариҳо машварат ороста, ба хулоса омаданд, ки ба умеди касе нашуда, миёнро маҳкам баста, сароғоз тарҳи хонаву дар андохта, соҳиби сарпаноҳ шаванд. Амаки Абдуллоро хоб аз дидагон парида буд. Худаш -ку ҷойи дуруст надошт, боз ғами ҳамдиёронро мехӯрд, то ҷойи тавон ёрӣ мерасонид.

Хулосаи кумитаи ҳизби ноҳия ин шуд, ки Бобошо Шарифов раиси хоҷагии «Коммунизм» ва Абдулло Ҳасанов муовини райис интихоб гардиданд. Пайкори мардони майдони меҳнат сангинтар ҷараён гирифт. Маҷлиси садорати хоҷагӣ то як ҳиссаи шаб идома ёфт. Мавзӯи асосӣ: таъмини иҷрои нақшаи пахтасупорӣ ва некуаҳволии меҳнаткашони хоҷагии навбунёд буд. Мазмун, ҳар кӣ нангу ори ватандӯстӣ дорад, бо ҷомеа бипайвандад.

Боре, зимни як ҷаласа муовини раиси хоҷагӣ Абдулло Ҳасанов изҳори матлаб кард: «Чӣ мешавад, ки дар замини бекорхобидаи саргаҳи деҳа боғ бунёд намоянд». Ҳама ӯро дастгирӣ карданд. Вай аз раис талаб намуд, ки бо дастрасии масолеҳи зарурӣ сарварии боғро ба уҳда мегирад. Бо сомони ин амал нақшаи хоҷагӣ иҷро, инчунин сокинонро бо маҳсулоти тару тоза таъмин хоҳанд кард. Аҳли толор самимона каф кӯфтанд.

Деҳқонзодаи асил корро аз сифр шурӯъ кард. Ӯ ниҳолакҳои себу ангур, нок ва гелосу биҳиро аз хоҷагии ниҳолпарварии ноҳияи Арал (ҳоло Восеъ) харида овард ва дастҷамъона ба раддаҳои алоҳида шинонданд. Изофа бар ин, дар ду паҳлу пояҳои оҳанинро ба замин кӯфтанд. Миёнаи майдони боғро барои обчакориву сабзавотпарварӣ ҷудо карданд. Бисёриҳо иқдоми Абдулло Ҳасановро фикри хом пиндошта, бо писханд: «То аз меваи ин дарахтон ком ширин мекунем, ки сабзаи гӯрамон як ваҷаб медамад» мегуфтанд. Ақидаи ин хомтабъон ғалат баромад.

Замини обчакориву сабзавотпарварӣ ҳосили мавсимӣ дод. Навбунаҳо аз бодирингу кашничу пиёз ва харбузаву тарбузи ширин серӣ чашиданд. Абдулло Ҳасанов баъди таъмини нақшаи хоҷагӣ ба аъзои бригада бобои Алӣ, Ёрмуҳаммад ва Шариф Баёнов фармуд, ки соғуаробаро ба думи трактор баста, ҳосили боқимонда-меваю сабзавоти боғашро ба оилаҳои ниёзманди деҳ тақсим намоянд ва ба нияти баракат ба ҳосили оянда ниёиш бихоҳанд. Ду-се сол пас ниҳолакони ангур ҳам қад кашида, боровар шуданд. Мардум ба дурандешиву саховати бепоёни Абдулло Ҳасанов аҳсан ва ба ҳафт пушташ раҳмат хонданд. Ҳар гоҳе вай аспсавор аз кӯча мегузашт, бо эҳтиром саломаш дода, сӯяш нигоҳи миннатдор медӯхтанд.

Абдулло Ҳасанов ҳаргиз худро аз аъзои худ канор ё боло намегирифт, ҳамқадаму ҳамнафасашон буд. Тарбияи ҷавонони болаёқатро аз сар дур намекард. Ҳолдонҳо мегӯянд, ки дафъатан, ӯ ҳангоми суҳбат бо деҳқонон ба ҳисобчӣ Давлат Гадоев рӯй оварда мегӯяд:

-Давлатҷон, мебинам, ки ҷавони болаёқат метобӣ. Кору борат ҳам таърифзеб. Даҳ соли дигар ҳам ҳисобчӣ бошӣ-чӣ? Хубаш барои ту  тавсия менависам, ба Душанбе хонданӣ бирав. Зид нестӣ?

Давлат Гадоеви он айём ташнаи илму маърифат аз хурсандӣ чашмонаш рахшида, чӣ гуфтанашро надониста, аз ҷой бархосту пеши зану марди дар бошишгоҳ биншаста рӯ ба саркор таъзим намуда, посух гардонид:

- Тағои Абдулло, ҳазорон раҳмат, ки ниятамро пай бурдаед. Аз ин дилсӯзиву ғамхорӣ миннатдорам. Ҳар куҷое бошам, некиҳои шуморо фаромӯш намекунам…

Рӯзи дигар, нисфирӯзӣ нарасида, ҳамаро фаврӣ ба бошишгоҳ хонданд. Ҳеҷ кас мақсади ҷамъшавиро намедонист. Ин замон саркор Абдулло Ҳасанов аспсавор пайдо шуда, лаҷоми ҷонварро дар шохи дарахт басту бардам-бардам қадам гузошта, ҷониби аъзо омад.  Роҳбари дардошно ҳар амалро аз рӯи нақша анҷом медод. Ӯ дар иҳотаи деҳқонони бригада фурсате ба давра нигариста, оҳиста аз ҷайбаш варақеро бароварда, ҳаяҷономез гуфт:

- Рафиқон, дина ваъда дода будам, ки ба ҳисобчии хушзеҳн Гадоев Давлат тавсия менависам. Ба ваъда вафо кардам. Умедворам, ки ӯ дар Душанбе таҳсили илм намуда, ҳамчун фарзанди содиқ ба Тоҷикистон хизмат мекунад. Роҳи сафед, Давлатҷон!

Давлат Гадоев моҳе баъд бо ҳамдеҳагон хайру манзур намуда, озими Душанбешаҳр шуд. Пас аз хатми таҳсил дар пойтахт муқимӣ монд, аз корманди одӣ то вакили мардум ва маснади Котиби Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон расид.

Садорати хоҷагӣ, мисли дигар шаҳру навоҳӣ, ба соҳаи сердаромади ҷумҳурӣ-пахтакорӣ эътибори махсус медод. Аз ин ҷиҳат роҳбарон мӯзаҳои латтагин дар пой, кулоҳи қирғизӣ бар сар, шаборӯзӣ дар пахтазор буданд. Нақшаи пахтасупорӣ барои хоҷагии «Коммунизм» аз ҷониби ноҳиядорон зам гардид. Ба инобати вазнинии ҳаҷми кор табодули вазифавии сарварон ба амал омад. Роҳбарон бо хоҳиши худ ҷойҳои сангини корро бар дӯш мегирифтанд.

Аъзои саркор Абдулло Ҳасанов ҳар сол иҷрои нақшаи пахтасупориро барзиёд ба субут расонида, пешсафиро аз даст намедоданд. Дар маҷлисҳои ҷамъбасти сол кордониву таҷрибаашро намуна мегуфтанд. Ин марди тануманду соҳибдил ҳаргиз ман-манӣ зоҳир нанамуда, мисли дарахтони пурбори боғи парвардааш сархам мегашт. Тавозӯъ ва арҷгузорӣ ба бузургонро меписандид. Ҳамин ҷонфишониҳо буд, ки пас аз чанд сол фаъолияти меҳнатиашро бо медали «Барои меҳнати шоён» қадрдонӣ намуданд. Ӯ бештар ба замин рӯ оварда, ҳамрози доимиаш гардид.

Абдулло  Ҳасанов ҳамеша дар саҳро ҳамнафаси меҳнаткашон мегашт. Роҳҳои ҳосилхез гардонидани заминҳо ва тадобири аз як замин гирифтани чанд ҳосилро меҷуст. Заминро манбаи асосии ҳаёт дониста, ба он муносибати оқилонаро раво медид. Мисли он ки ӯву замин ҳамдигарро мефаҳмиданд, дар ҷавоби ғамхориҳо ганҷашро ба хирмани деҳқонон барчош медод. Ордени «Байрақи сурхи меҳнат»-ро соле комгор шуд, ки туфайли заҳмати аҳлонаи аъзо аз ҳар гектар пахтазор 40 сентнерӣ пахта ба каф оварданд.

Дар миёни мардум буданро дӯст медошт. Ба таъбири ӯ, ки мегуфт: «Роҳбаре, ки аз халқ мепарҳезад, баракат аз кораш мепарад. Гаҳе пеши деҳқонҳо меравам, аз файзи суҳбатшон дилу дидагонам рӯшан мешавад, имонам об мехӯрад». Ин гуфтори ҳикматомезро шахсе ба забон оварда метавонад, ки дилбастаи замин асту ҳамеша бо омма ҳамшин ва шикасту рехташонро хуб медонад.

Ёдвораҳои солмандон розҳои нуҳуфтаеро аз даврони пешин боз менамояд.  Дидаву шунидаҳои ҳамнишинони Абдулло Ҳасанов на бофтаанду на сохта. Баъдҳо, Сайҷаъфар Сафарзода, ҳисобчии саркор, аз дурандешиву фазилати инсони дилогоҳ бо мамнунӣ ҳарф мезад. Ӯро як фарди комил мешинохт. Ҳайратзада мегуфт, ки саркор хоб дошт ё на, субҳ ковок нашуда, шарфаи сумҳои аспашро рӯйи раҳ мешуниданд. Ба гуфте, ин садои ошно соати рамзии деҳотиён ба шумор мерафт ва тахмин мезаданд, ки ҳар чӣ тезтар субҳона хӯрда, сари кор бираванд. Гаштори намунаи чунин роҳбар ба зердастон як навъ масъулиятро ба ҳамагон пеш меовард ва оинаи ибраташ медонистанд.

Инсони ғамхору дардошно вазъи хонаводаҳои деҳаро омӯхта, ёрӣ мерасонид. Даме фаҳмид, ки оилаи усто Сайид 10-12 нонхӯр дораду ҳамагӣ ду-се нафар қувваи қобили меҳнат, чора ҷуст. Вақти ҳосилғундорӣ аз ронанда Сабза Раҳмонов хоҳиш намуд, ки ҳаққи гандуми худашро ба хонаи усто бубарад. Як ё ду соат пас мошин ба пушти дарвоза расида, садо баровард. Ронанда бордони мошинро боло бардошта, гандуми сафедакро рӯйи ҳавлӣ рехту чизе нагуфта, пайи кораш рафт. Аъзои хонадони камбизоат аз асли воқеа бехабар, мабодо моли бегона набошад гуфта, ба гандум даст дароз накарданд.

Нимаи рӯз усто ба хонааш омада, хирмани гандуми сафедакро дида, ба аёлаш фаҳмонд, ки раиси Абдуллоро дар идораи хоҷагӣ  дидааст ва сонитар таъкиди «хавотир нашавед, ки ҳаққи гандуми худамро фиристодам»-и ӯро дарҳол ба кампири модараш расонид. Он гаҳ ҷон ба тани аҳли хонавода дамида, ҳосилро ба халтаҳо андохтанд.

Ба андешаи Абдусаломи Давлат, дар ҳошияи фаъолият ва хислати роҳбарони он солҳо, мардум ҳаққи гапро мегӯяд. Ҳар кӣ заррае ба моли давлат ва ё хонаи мусалмоне ғадр карда бошад, чун дар оина намоён аст. Маҳзари халқ ҳамон оинаест, ки ахлоқи аксари роҳбаронро манфур ба дид меоварад. Ягон бор шунидааст, ки аз каҷнигоҳиву нопокии ин мард гуфта бошанд. Мардак ҳамеша дур аз ғиромбозиҳо, поку намозӣ мегашт. Вой бар ҳоли оне, ки рӯй сӯйи яғмогариву таҷовуз бармениҳод.

Баъди гусел ба нафақа Абдулло Ҳасанов чанде малӯлу хотирпареш, сари калобаашро гум карда буд. На зи рӯи барканорӣ аз вазифа, балки аз дурии ёрон ва замини ҳамрозаш азият мекашид. Шахсе, ки тамоми умрашро ба замин бахшидааст, чӣ сон метавонад орому осуда дар хона биншинад? Аз ноилоҷӣ ихтиёран посбони киштзор шуд, ки мисли пешин сар-сари заминҳо биравад, саҳрои кушод ғами дилашро бизудояд.

Меросбарони собиқадори меҳнат Абдулло Ҳасанов шоҳроҳи падари бузугворро идомагаранд. Панди падар ба гӯш, ҳамеша аз роҳи покиву хидматгузорӣ ба халқ гом бардошта, номи шарафмандашро зинда медоранд. Писари бузурги ӯ Абдураҳмон умре ба сифати ронандаи шарафманди ММЖС-и ноҳияи Восеъ дар хизмати халқ буд. Фарзанди дигараш- Садриддини Ҳасанзода ҳангоми вакили Шӯрои деҳоти «Пахтаобод» (ҳоло ба номи Вайсов) буданаш масъалаи мумфаршгардонии роҳҳои деҳаро ба миён гузошт. Ин бошад, равуои хонандагони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии рақамҳои 6 ва 50-ро хеле осон гардонд. Ҳамчунин ҷалби соҳибкорони деҳа барои кушодани бунгоҳи тиббӣ, китобхона, кашидани хати об аз талошу даводавҳои бевоситаи ӯ маншаъ мегирад.

Хидмати дигари ӯ ба толибилмон ин шуд, ки аз ҳисоби маблағи ҳаҷ мерафтааш мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 54 сохтаашро бо компютерҳо ва ашёи зарурии хониш таъмин кард.

Дар ин радиф писари дуюми ӯ — нависандаи рангинхаёл Сипеҳри Абӯабдуллоҳи Ҳасанзод хидматҳои шоистаи волидони бузургашро дар китоби калонҳаҷм зери унвони «Офтобо, ба ғуруб марав…» олиҷаноб инъикос намудааст. Атрофи ин асар олимон, адабиётшиносон ва забоншиносону рӯзноманигорони дидавар аз тариқи матбуоти даврӣ изҳори матлаб кардаанд.

Духтарони хонавода бо озодагиву ҳаёи шарқиёна оилаҳои мустақил барпо намуда, фарзандони солеҳу солиҳа ба камол мерасонанд. Минҷумла, Раъногул Ҳасанова- дастпарвари Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино солиёне ба муроди тансиҳатии омма фаъолият намуда, Фотимамо ва Зарафшон соҳибхоназан ҳастанд.

Абдулло Ҳасанов то нафасҳои вопасин ҳикмати гилро аз ёд набурда, ҳар кафи хоки аҷдодиро азиз медонист. Айёми барҳаётӣ ба зердастон ба таъкид мегуфт, ки замин ҳам набз дошта, зикри ҳарфи хушро мепазирад, ба он боэҳтиёт муносибат бояд кард, мову шуморо   ҳам мехӯронад, ҳам мепӯшонад. Замин маккору найрангбозонро дӯст надорад. Мегӯӣ рӯҳи ҷовиди Иқболи Лоҳурӣ аз хокпайвандӣ ба ин марди шаҳир ҳамсадо омада:

 Ба гӯшам омад аз хоки  мазоре:

Ки дар зери замин ҳам  метавон зист.  

 Нафас дорад, валекин ҷон надорад,

Касе к-ӯ бар муроди дигарон зист.

Оре, ӯ ҷовидона бо замин ҳамнафас буд!

Р. S. Вақте ки ин мавод омодаи чоп мешуд, ба унвони идораи рӯзнома мужда расид: «Бо қарори Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Восеъ, бо дарназардошти хизматҳои бисёрсолаи бенуқсон дар ободонӣ ва таҳкими иқтисодиёти Тоҷикистон, мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 56-и ноҳия ба номи Абдулло Ҳасанов гузошта шуд».

Шариф Муродӣ, узви Конфедератсияи байналмилалии иттифоқҳои журналистӣ ва  Иттифоқи журналистони Тоҷикистон