-мегӯяд сардори Нозироти андоз дар ноҳияи Қубодиён Мирзошариф Ғуломов
Ба роҳ мондани фаъолияти дуруст дар соҳаи андоз ва андозситонӣ ба пешрафти бисёр соҳаҳои дигар низ мусоидат менамояд, аз ҷумла боиси таъмини даромади буҷет, навсозии иқтисодиёт, рушди фаъолияти соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ мегардад.
– Инро ба назар гирифта, кормандони Нозироти андоз дар ноҳияи Қубодиён кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки вазифаи хешро бомасъулият ва хуб анҷом диҳанд, то дар пешрафти иқтисодиёти кишвар саҳмгузор бошанд, — гуфт зимни суҳбат ба хабарнигорамон сардори нозироти андози ноҳияи мазкур Мирзошариф Ғуломов ва аз натиҷаҳои ҷамъбасти фаъолияти нуҳмоҳа чунин мисолҳо овард:
- Дар ин даври иҷрои нақшаи андозҳо, бе андози иҷтимоӣ, 100,1 фоиз иҷро шуд. Ба ҷойи 13953,8 ҳазор сомонӣ ба буҷет 13968,7 ҳазор сомонӣ ворид гардид, ки аз нақша 14953 сомонӣ зиёд мебошад. Нисбат ба ҳамин давраи соли 2012 ба маблағи 2723,2 ҳазор сомонӣ зиёд маблағ ворид гардид. Иҷрои нақшаи андози иҷтимоӣ 78,8 фоиз таъмин гардид, яъне ба ҷойи 4739,5 ҳазор сомонӣ ба буҷет 3736,1 ҳазор сомонӣ ворид гардидааст, ки аз нақша 1003,4 ҳазор сомонӣ кам ва нисбат ба ҳамин давраи соли 2012 ба маблағи 34,4 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Иҷрои нақшаи андозҳо бо назардошти андози иҷтимоӣ 94,7 фоиз таъмин гардида, дар ҳаҷми 988,5 ҳазор сомонӣ ба буҷет кам ворид шудааст (нақша 18693,3 ҳазор сомонӣ, иҷро -17704,8 ҳазор сомонӣ).
Аз ҷумлаи масъалаҳои муҳим бақияи қарзи андозҳо мебошад, ки дар ин самт мо як қатор чорабиниҳоро анҷом додем. Дар ноҳия бақияи қарзи андоз ба ҳолати аз 1 октябри соли 2013 маблағи 3136078 сомониро ташкил мекунад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта бақияи қарзи андоз 64675 сомонӣ кам шудааст.
Бояд зикр намуд, ки маблағи бақияпулиҳои андоз ба санаи 1 октябри соли 2013 маблағи 3136078 сомониро ташкил медиҳад, ки ин асосан бинобар сари вақт напардохтани андозҳо аз ҷониби баъзе корхона ва хоҷагиҳои деҳқонӣ мебошад. Аз ҷумла, Идораи оби ноҳия маблағи 1394415 сомонӣ, ЗДЗ «Қабодиён» маблағи 534658 сомонӣ, хоҷагии деҳқонии «Бобогулов» маблағи 54827 сомонӣ, хоҷагии деҳқонии «Навобод» маблағи 24928 сомонӣ, хоҷагии деҳқонии «Бобои Эгамбердӣ» маблағи 25427 сомонӣ, хоҷагии деҳқонии «Мир Сайил Алии Ҳамадонӣ» маблағи 55657 сомонӣ ва хоҷагии деҳқонии «А.Навоӣ» маблағи 96708 сомонӣ қарздор мебошанд. Бо мақсади ислоҳи ин камбудиҳо, яъне таъмини иҷрои нақшаи андозҳо ва кам кардани бақияпулиҳои андоз аз тарафи ҳуқуқшиноси нозирот 179 огоҳинома ба қарздорон ирсол шуд ва дар натиҷа ба буҷет 495036 сомонӣ маблағҳои андоз ворид гардид.
Дар нуҳмоҳаи соли ҷорӣ барои вайрон намудани қонунгузории андоз аз тарафи Нозироти андози ноҳияи Қубодиён дар асоси Кодекси Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ» нисбати 37 андозсупоранда протоколи маъмурӣ тартиб дода шуд ва маблағи умумии ҷаримаҳо 16764 сомониро ташкил намуд. Дар ин давра 7464 сомонӣ маблағҳои ҷаримаи маъмурӣ ба буҷет ворид карда шудааст.
- Дар Нозироти андози ноҳияи Қубодиён ба санаи 1 октябри соли 2013-ум 2731 корхона, ташкилоти буҷетӣ, хоҷагиҳои деҳқонии ҳуқуқӣ, воқеӣ ва соҳибкорони инфиродӣ ба қайд гирифта шудааст. Барои аз ҷониби онҳо сари вақт супоридани андоз мо корҳои фаҳмондадиҳӣ ва дигар тадбирҳои самарабахшро роҳандозӣ менамоем, — гуфт дар поёни суҳбат М.Ғуломов.
Б.КАРИМЗОДА, «Садои мардум»