Ҳар сеюмин нафар бо оби тоза таъмин шуд

№89-90 (3074-3075) 23.07.2013

20130704_165051Чанде пеш дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ маросими расмии ба истифода супоридани иншооти дар доираи Лоиҳаи грантии «Беҳтар намудани таъмини оби нӯшокии аҳолии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ» бунёдёфта, ки бо дастгирӣ ва маблағгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷопон роҳандозӣ мешавад,  бо иштироки муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Руқия Қурбонова баргузор гардид. Бо мақсади огоҳӣ аз вазъи татбиқи лоиҳаи мазкур хабарнигорамон бо директори Муассисаи давлатии «Маркази идораи Лоиҳаи бо оби нӯшокӣ таъмин намудани аҳолии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ»  Миралӣ ШАРИПОВ суҳбат намуд.

- Миралӣ Саъдуллоевич, хоҳишмандам дар хусуси ҷараёни амалишавии Лоиҳаи грантии «Беҳтар намудани таъмини оби нӯшокии аҳолии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ» мухтасар маълумот диҳед?

-Бо мақсади татбиқи Лоиҳаи грантии «Беҳтар намудани таъмини оби нӯшокии аҳолии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ»       миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷопон се маротиба Ёддошти тафоҳум ба имзо расида, кӯмаки бебозгашт ба маблағи 14180,96 ҳазор доллари ИМА ва саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи 899,50 ҳазор доллари ИМА ҷудо гардид. Лозим ба ёдоварист, ки маҳз бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ин лоиҳа амалӣ гардид. Тибқи Ёддоштҳои тафоҳум «Маркази идораи Лоиҳаи бо оби нӯшокӣ таъмин намудани аҳолии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ» бо якчанд ширкатҳои ҷопонӣ шартнома ба имзо расонида, дар асоси ин  шартномаҳо корҳои лоиҳакашию омодасозӣ, сохтмонӣ, таҳвили таҷҳизот, механизму мошинҳо ба  Ҷумҳурии Тоҷикистон ва омӯзиши истифодабарии онҳоро ба маблағи 15041,95 ҳазор доллари ИМА иҷро намуд. Моҳҳои август- сентябри соли 2009 Ширкати «Марубени Корпорейшн»  таҷҳизоту механизм,  дастгоҳ ва лавозимоту асбобҳои заруриро барои кандани чоҳҳои амудӣ, таҷҳизоти таъмири шоҳқубурҳо бо лавозимоту асбобҳои зарурӣ ва техникаи компютерӣ ба маблағи 3079,14 ҳазор доллари ИМА аз Ҷопон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид  намуд. Ҷиҳати иҷрои корҳои сохтмонии марҳилаи якуми лоиҳаи грантӣ соли 2010 байни Муассисаи давлатии «Маркази идораи Лоиҳаи бо оби нӯшокӣ таъмин намудани аҳолии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ» ва Ширкати «Тоне инжиниринг корпорейшн» ба маблағи 585,71 ҳазор доллари ИМА шартнома ба имзо расида, корҳои сохтмонии марҳилаи якум — сохтмони се адад чоҳи амудии артезианӣ ва омӯзиши истифодаи таҷҳизоти таҳвилшудаи грантӣ тибқи нақшаи коршиносони ҷопонӣ моҳи апрели соли 2011 ба анҷом расид. Мувофиқи санадҳои амалкунанда, се адад чоҳи амудӣ барои истифодаи оянда қабул карда шуд.

Корҳои сохтмонии марҳилаи дуюми лоиҳаи грантӣ – васли  шоҳқубурҳо, қубурҳои обтақсимкунӣ ва таҳвили таҷҳизоту маснуот дар асоси шартнома ва нақшаи муайянгардида аз ҷониби сарпудратчии ҷопонӣ — Ширкати «Дай Ниппон констракшн» ба маблағи 8503,5 ҳазор доллари ИМА, ки 100 фоизи нақшаро дар бар мегирад, иҷро гардида, дар шаҳраки «Москва» 32,19 км ва дар деҳоти Меҳнатобод 14,54 км хатҳои обгузари системаи обтаъминкунӣ васл карда шуданд, 1335 хонаи истиқоматӣ бо хати оби нӯшокӣ ва ҷумакҳои автоматӣ пайваст гардида, 68 адад ҷумаки ҷамъиятӣ дар назди хонаҳои дуошёнаи шаҳрак насб шуд, ки нисбат ба лоиҳа даҳ адад зиёд мебошад. Инчунин дар деҳоти «Меҳнатобод» 66 адад ҷумаки ҷамъиятӣ насб гардид, ки аҳолии деҳаҳои «Гулобод» ва «Навобод» аз он истифода мебаранд. Дар шаҳрак ва деҳоти «Меҳнатобод» хонаҳои безараргардонии оби нӯшокӣ ва хонаҳои идоракунии  таҷҳизоти барқӣ сохта шуда, ин хонаҳо бо таҷҳизоту механизмҳои лозимӣ таъмин гардиданд. Се адад манораи обӣ бо баландии 22 метр дар Корхонаи давлатии фаръии обтаъминкунӣ ва як адад бо баландии 16 метр дар маҳаллаи  «Кенҷа Абдул» омода шуда, зарфҳои обгирӣ ( 85 м3) пайваст гардиданд. Барои таъмини қувваи барқи доимӣ хати озоди барқи 10 кВт дар масофаи 713 метр кашида шуда, як адад трансформатор бо иқтидори 100  кВт дар маҳаллаи «Кенҷа Абдул» ва як адад трансформатор бо иқтидори 250 кВт дар Корхонаи давлатии фаръии обтаъминкунии ноҳия насб гардид.

- Алҳол таъминнокии сокинони ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо оби нӯшокӣ  чӣ гуна аст?

- Аз ҳисоби саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар татбиқи лоиҳаи мазкур солҳои 2012-2016 сохтмони 20 адад чоҳи амудӣ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ба нақша гирифта, ҳоло панҷ чоҳи амудӣ дар деҳаҳои «Пахтакор», «Пушкин», «Дараи Калот»-и деҳоти «Қаҳрамон» ва обанбори деҳоти «Меҳнатобод» ва «Панҷоб»-и ноҳияи мазкур сохта шуда, мавриди истифода қарор доранд. Айни ҳол бештар аз 35,6 ҳазор нафар аҳолии ноҳия аз оби нӯшокии ба меъёр-ҳои санитарию экологӣ ҷавобгӯ таъмин гардидаанд, ки ин теъдод тахминан ҳар сеюмин нафари аҳолии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадониро ташкил медиҳад.

- Оё чунин лоиҳаи барномаҳо дар дигар минтақаҳои кишвар низ роҳандозӣ мешавад?

- Моҳи октябри соли гузашта барои омӯзиши лоиҳаи нави таъмини оби нӯшокии аҳолии ноҳияи Панҷ сафари гурӯҳи коршиносони Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷопон оғоз гардида, дар муҳлати ду моҳ ҳолати воқеии системаи обтаъминкунии аҳолии ноҳияи мазкур ва чораҳои лозимӣ барои бар-қарорсозӣ, таъмир ва сохтмони иншоот омӯхта шуд. Дар асоси қонунгузории Ҳукумати Ҷопон, бо дархости намояндагии Ширкати ҷопонии «Эйт Ҷапан инжиниринг консалтантс ИНК» бо Маркази идораи лоиҳаи грантӣ шартнома ба имзо расонида, моҳи июни соли 2013 сохтмони як адад чоҳи амудӣ бо истифода аз мошину таҷҳизоти таҳвилгардида дар деҳаи «Сармантой»-и деҳоти «Озодагон»-и ноҳияи Панҷ аз ҷониби мутахассисони Маркази идораи лоиҳаи грантӣ оғоз гардид. Дар оянда, баъд аз омӯзиши ҳисоботи гурӯҳи коршиносон вазъи обтаъминкунии ноҳия омӯхта шуда, рафти татбиқи лоиҳа муайян карда мешавад.

 Миҷгона МИРЗОЕВА, «Садои мардум»