Оё имкони ҷамъоварии онҳо ҳаст?
То охири соли 2019 дар вилояти Хатлон беш аз 115 миллион сомонӣ қарзҳои мушкилситон мавҷуд буд. Аммо масъулини Раёсати андози вилоят дар пешниҳоди маълумот оид ба вазъ дар соли 2020-ум ва моҳҳои сипаригардидаи соли ҷорӣ худдорӣ карданд.
Сардори шуъбаи ситонидани қарзи андозҳои Раёсати андози вилояти Хатлон Абубакр Хушвахтов дар посух ба суол, ки: «Дар вилоят чӣ қадар қарзи мушкилситони андоз аст?» гуфт: «Дар ин масъала ба шумо маълумот дода наметавонам. Барои гирифтани маълумот ба мақомоти болоӣ — Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат кунед! Дар Кодекси андоз ва санадҳои меъёрӣ — ҳуқуқӣ ин муқарарот аст. Вале салоҳият ба идораи болоӣ вобаста аст».
Муовини сардори Раёсати андози вилояти Хатлон Абдурозиқ Солиев соли 2019 гуфта буд, ки қарзҳои мушкилситони андоз дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дар маҷмӯъ 116 миллион сомониро ташкил медиҳанд.
Сармутахассиси бахши ситонидани қарз дар Нозироти андози ноҳияи Хуросон Маҳмадалӣ Беков гуфт, ки маблағи ин қарзҳо дар ноҳия беш аз 20 миллион сомонӣ аст.
«Қарзҳои мушкилситон асосан ба ҷамъияту корхонаҳое тааллуқ доранд, ки роҳбаронаш дар маҳбасанд ё вафот кардаанд. Ба ҳамин хотир рӯёнидани онҳо, қариб ки номумкин аст», — афзуд номбурда.
Ба қавли ҳамсуҳбатам, дар ноҳия ҳашт ҷамъият ба рӯйхати қарздорҳои мушкилситон ворид карда шудаанд.
«ҶДММ «Шарифӣ — 2013» зиёда аз 2 миллиону 380 ҳазор сомонӣ қарздор аст. Чор сол аст, ки корхона фаъолият намекунад. Ягон шахси масъулашро пайдо карда намешавад. Бори дуюм аст, ки роҳбараш ҳабс мешавад. Ба ин монанд боз ҳафт ҷамъияту корхонаи дигар дар назди Нозироти андози ноҳияи Хуросон қарздоранд, ки он маблағ дар маҷмӯъ 20 миллиону 863 ҳазору 213 сомониро ташкил медиҳад», — гуфт М. Беков.
Дар Нозироти андози Левакант гуфтанд, ки гарчанде шаҳр нисбатан хурд аст, аммо қарзҳои мушкилситони андоз аз 20 миллион сомонӣ гузаштааст. Аз ҷамъи умумии қарзҳои мушкилситони андоз 50 дарсади он, яъне 10 миллион сомонӣ ба корхонаи «Нуриҳои Осиё» тааллуқ дорад. Ин корхона солҳо боз фаъолият намекунад ва қарздорӣ аз солҳои пеш аст.
Сармутахассиси бахши ситонидани қарзи андозҳои Нозироти андози ноҳияи Ёвон Парвизи Навоӣ мегӯяд, ки маблағи қарзҳои мавриди назар ба 35 миллион сомонӣ расидааст.
Дар қиёс ба дигар шаҳру ноҳияҳо дар ноҳияи Панҷ қарзи мушкилситон мавҷуд нест. Тибқи иттилое, ки аз Нозироти андози ноҳия дастрас кардем, танҳо бақияи қарз андаке бештар аз 5 миллиону 500 ҳазор сомонӣ аст.
Мирзошариф Холназаров, номзади илмҳои иқтисодӣ, устоди ДДБ ба номи Носири Хусрав бар ин назар аст, ки қарзҳои мушкилситони андоз ин қарзи беэътимод аст.
«Яке аз сабаби асосии ба вуҷуд омадани онҳо сари вақт пардохт нашудани андоз аз ҷониби андозсупорандагон аст. Мутаассифона, дар баъзе маврид пардохти андоз аз имсол ба соли дигар ва аз соли дигар боз ба солҳои баъдӣ гузошта мешаваду дар натиҷа қарз хеле зиёд мегардад. Бояд масъулини мақомоти андоз барои пешгирӣ аз зиёдшавии ин намуди қарз тадбирҳои мушаххас андешанд, — гуфт олими иқтисодшинос.
Аксар масъулини мақомоти андоз дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ба рӯёнидани қарзҳои зикршуда чандон умед надоранд. Ба андешаи онҳо, тасмими ниҳоиро дар робита ба масъала фақат Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гирифта метавонад.
Сулаймон СУЛТОНОВ,
«Садои мардум»