Тасдиқи рамзи 700- солагии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, соли 2015 пойтахти фарҳангии ИДМ эълон шудани ин шаҳр ва таҷлили 70- солагии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ аз ҳамон ҷумлаанд.
Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 марти соли 2013 таҳти № 143 ва мусоидати Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг (ЮНЕСКО) соли 2015-ум 700- солагии донишманд ва мутафаккири Шарқ Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ таҷлил мегардад.
Чанде пеш гурӯҳе аз олимон рамзи ҷашнвораи мазкурро таҳия намуданд, ки аз ҷониби мақомоти дахлдор тасдиқ гардид. Ҳамакнун тамоми чорабиниҳои марбут ба ҷашнвораи ин абармард таҳти рамзи тасдиқшуда баргузор мешавад ва дар таълифи китобу армуғонҳои ҷашнӣ низ истифода мегардад.
Директори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои фалсафа Абдулвоҳид Шамолов дар суҳбат бо мо иброз дошт, ки ҳадаф аз рӯй овардан ба осору таълифот ва зиндагиномаи фарзандони шаҳири миллат, ба мисли Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, он аст, ки мо асли ҷавҳари худро шиносем. Яъне, мо кӣ ҳастем, аз куҷо омадем ва ба куҷо меравем?
-Осору таълифоти ин орифи бузург, ки ба забонҳои тоҷикӣ ва арабӣ навишта шудаанд, бештар масоили гуногуни таърихию афкори фалсафӣ ва тасаввуфии ниёгонро фаро мегирад. Ба ин хотир, омӯзиши андешаҳои Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ барои ҷомеаи мо аз фоида холӣ нест ва ҷашни 700-солагии ин марди фарзона барои мардуми шарифи Тоҷикистон падидаи фарҳангӣ ва боиси ифтихор маҳсуб меёбад. Ин омил далели он аст, ки таъриху фарҳанги миллати мо дар тамаддуни ҷаҳонӣ мақоми хоса дорад,-афзуд номбурда.
Бояд гуфт, ки асарҳои Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ асосан рисолаҳои ҳаҷман хурд буда, ғолибан ирфонӣ мебошанд. Муҳаққиқон теъдоди осори ӯро аз 70 то 170 номгӯй арзёбӣ кардаанд, ки дар байни онҳо рисолаҳои «Машориб-ул-азвоқ», «Рисолаи фақрия», «Миръот-ут-тоибин», «Рисолаи зикрия», «Рисолаи қуддусия», «Рисолаи нафсия», «Даҳ қоидаи сӯфия», «Рисолаи дарвешия», «Истилоҳоти сӯфия», «Одоб-ул-машоих», «Рисолаи маномия», «Рисолаи мушайяна», «Рисолаи таъвил», «Даҳқоида», «Чиҳил асрор», «Мактуботи амирия», «Захират-ул-мулук», «Рисолаи Баҳромшоҳия» ва ғайраро метавон номбар намуд.
Алҳол омодагиҳо ба пешвози ин ҷашнвора, ки ҳамрадиф ба он 70 — солагии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ва Соли пойтахти фарҳангии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил эълон шудани шаҳри Кӯлоб таҷлил мегардад, бомаром идома дорад.
Дар робита ба ҷашнҳои мазкур бунёд ва навсозии бештар аз 200 иншоот, баргузории даҳҳо чорабиниҳои фарҳангӣ ва конфронсу ҳамоишҳои гуногун дар назар аст.
Х. ШАРИПОВ, «Садои мардум»