Ба рушди соҳаи кирмакпарварӣ дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Хуросон аҳамияти бештар медиҳанд. Аз ин ҷост, ки истеҳсоли ашёи хоми гаронбаҳо – пилла сол то сол афзоиш меёбад.
Тавре аз суҳбат бо сардори Корхонаи фаръии пиллаи ноҳияи Хуросон Сулаймонқул Раҳмонқулов маълум гардид, имсол дар хоҷагиҳои ноҳия 420 қуттӣ тухми кирмак парвариш гардид. Ба кирмакпарварон барои бомуваффаққият гузаронидани ин мавсим шароити мусоид фароҳам оварда, ба парвариши имсолаи кирмак 392 оила ҷалб гардид.
Номбурда дар идомаи суҳбат гуфт, ки кирмакпарварон бар ивази меҳнати хубашон ҳавасманд гардонида шуданд. Онҳое, ки аз ҳар қуттӣ кирмак бештар аз 45 кило пилла супурданд, бо мукофоти пулӣ сарфароз шуданд. Чунин қадрдонӣ буд, ки пиллапарварон бо дили гарм кор карданд, зеро солҳои пеш онҳо на танҳо ҳавасманд гардонида намешуданд, балки музди меҳнаташонро сари вақт гирифта наметавонистанд.
Натиҷаи имсола хурсандибахш аст. Аз ҳар қуттӣ аз 45 то 92 кило пилла истеҳсол шуд. Ба кирмакпарварон баробари супурдани пилла музди меҳнати онҳо нақдӣ пардохт гардид. Имсол арзиши як кило пилла 6 сомонӣ муқаррар гардида буд. Шарифалӣ Нарзуллоев, Муродбек Раҳмонқулов, Раҷабмоҳ Ашӯрова, Бобошер Хидиров, Ёрбобо Мӯсоев, Ҳасан Нуров беҳтарин кирмакпарварон дониста шуданд. Натиҷаи меҳнати онҳо буд, ки имсол дар ноҳия 22,2 тонна пилла истеҳсол шуд, ки баробари 106,7 фоизи дурнамо мебошад. Нисбати соли гузашта қариб 4 тонна зиёд пилла истеҳсол гардид.
Имкони рушди минбаъдаи ин соҳа дар ноҳияи Хуросон мавҷуд аст, зеро соли ҷорӣ хоҷагиҳои ноҳия қариб 4 ҳазор бех ниҳоли тут шинондаанд ва мақсад доранд, ки майдони тутзорро боз ҳам васеъ кунанд.
М. Аъзам, «Садои мардум»