Иҷрои Фармони Президент

Ҷавонон ихтиёрӣ ба хизмат мераванд

№50 (3351) 07.04.2015

Ҷавонони баору номуси шаҳри Сарбанд Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар бораи даъвати навбатии наваскарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ ҷонибдорӣ намуда, аксарашон азми хизмат намуданд. Натиҷаи чунин азми қавӣ, ҳисси баланди ватандӯстӣ ва иродаи матини онҳо буд, ки шаҳри Сарбанд дар байни 25 шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон аввалин шуда, нақшаи даъвати баҳориро дар рӯзи аввали даъват ба иҷро расонд.

Агар, аз як ҷиҳат, омодагию азми қавии ҷавонон ба ин мусоидат карда бошад, аз дигар ҷониб, натиҷаи хуби корҳои фаҳмондадиҳии масъулони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, комиссариати ҳарбии шаҳр, ҷамоатҳои деҳот ва тарбияи ҳисси ватандӯстии ҷавонон дар мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва ҳамчунин масъулиятшиносии волидайн ба ин сабаб гардидааст.

Ёдам меояд як лаҳзаи хотирмони мулоқоти собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳр бо толибилмони литсеи № 2, ки сухан он ҷо атрофи тарбияи ҳарбию ватандӯстии ҷавонон мерафт. Сарвари литсей Нурулло Давлатов аз толибилмони синфҳои болоӣ суол кард, ки агар Ватан-Модар ба ҳимояи марзу буми хеш дар ҳолати зарур будан даъват намояд, шумо чӣ кор мекунед? Аксаран бо азми қавию дили саршор аз меҳру муҳаббати Ватан ҷавоб гардонданд: — Бе ягон дудилагӣ ба ҳимояи хоки Ватан бармехостем.

Дар ин гуна рӯзи хурсандию сарбаландии мардуми шаҳри Сарбанд наметавон аз як кори хайру шоистаи роҳбарияти шаҳр ёд накард. Соли ҷорӣ бо мақсади пешакӣ омода намудани ҷавонон ба сафи хизмати Ватан-Модар ва соҳибкасб намудани онҳо қарор қабул карда шуд, ки бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр онҳо ба курси омӯзиши пешаи ронандагӣ, ки ҳам ҳангоми хизмат ва ҳам баъди он зарурӣ аст, фаро гирифта шаванд. Ин буд, ки раиси шаҳр Чиллазода Қарахони Одина ҳангоми гусели тантанавии наваскарони сарбандӣ гуфт, ки мо самараи ин ташаббуси некро бо чашми худ дида истодаем. Мебинем, ки ҷавонон баробари омӯхтани касби ронандагӣ то дараҷае аз нозукиҳои хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ воқиф гардидаанд ва имрӯз бе ягон тарсу ҳарос бо даъвати дилу ҳукми виҷдон ба саҳни комиссариати ҳарбӣ ихтиёрӣ ҳозир шудаанд.

Комиссари ҳарбии шаҳр Давлатманд Гулов хурсанд буд, ки дар байни шаҳру ноҳияҳои вилоят аввалин шуда, нақшаи даъватро ба иҷро расониданд.

Давлат Султонов, «Садои мардум»