Рӯзи 4-уми майи соли 2015 узви Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аз деҳаи Хоҷағалтони деҳоти «Шӯрообод»-и ноҳияи Шӯрообод Баҳриддин Насриддинов тавассути Интернет оид ба муносибати кормандони амнияти ноҳия ба ӯ матнеро пешниҳод намуд, ки ҳеҷ ҳоҷат ва асосе бар он набуд. Чунки аломатҳои воқеӣ ва муътамад надорад.
Бо мақсади муайян намудани ҳақиқати ҳол ман ҳамчун раиси маҳаллаи деҳаи Хоҷағалтон бо масъулини амнияти ноҳия вохӯрдам. Маълум гардид, ки суҳбат тариқи муқаррарӣ сурат гирифтааст ва касе ба ӯ муносибати дағалона накардааст. Аз рӯи маълумоти додаи ӯ гӯё кормандони амният ӯро даъват намуда, нисбати худи ӯ, ҲНИТ ва масъулияти ин ҳизб суханони носазо гуфта бошанд. Гуфта бошанд, ки ӯ бояд дар сафи ин ҳизб набошад ва ғайраҳо.
Баҳриддин Насриддинов шахсе мебошад, ки миёни мардуми деҳа ягон мавқеъ надорад. Фаҳмиши динию дунявии ӯ коста буда, ҷаҳонбинии пасту маҳдуд дорад. Ду сол пеш вазифаи хатибии масҷиди панҷвақтаи деҳаро ба уҳда дошт. Бинобар бо намозгузорон муросо карда натавонистан, муносибати хуб накардан, коста шудани сафи намозгузорон дар масҷид мардум ба ӯ дигар боварию эътимод накард ва аз хатибии масҷид дур карда шуд. Ин амали мардум хеле бамаврид ва айни муддао буд, зеро аз ҷониби номбурда минбари масҷид на бо мақсади тоату ибодат ва розу ниёзгӯйӣ бо Худованди хеш, балки баҳри дар шуури онҳо ҷой кардани ақидаю шиорҳои исломи сиёсӣ буд.
Зикр ва таъкид бояд намуд, ки Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон барои кулли шаҳрвандони кишвар дар тамоми соҳаи ҳаёт кафолати баробарҳуқуқӣ додаст: дар кору зиндагӣ, таҳсил, меҳнату истироҳат, озодии сухан, эътиқодоти динию мазҳабӣ, интихоб ва ворид шудан ба ҳизбҳои дар қайди давлатибуда, баромадан аз онҳо, беҳизбӣ ва фаъолияти озодона. Сарфи назар аз аъзои ин ё он ҳизб будан ҳар як шаҳрванди Ватан вазифадор аст, ки ба ободӣ, осоиштагии имрӯзу фардои кишвар саҳми худро гузорад. Касе ҳуқуқи маънавӣ надорад, ки тафриқаандозӣ намуда, оромии ҷомеаро халалдор созад. Баҳриддин Насриддинов ва нафарони ба ӯ монандро лозим аст, ки аз ободию озодии комили Ватан ва ватандорӣ, тинҷию оромӣ ва осудагию хушбахтии мардуми диёр ҳамеша шукргузорӣ намоянд.
Аммо мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки ин тавр нест. Ӯ, яъне Б. Насриддинов, ба хотири пояндагии давлату давлатдории миллӣ, манфиатҳои миллӣ ҳарфе ба забон наовардааст ва амали солеҳеро низ анҷом надодааст.
Дар барномаҳо ва оинномаҳои ҳамаи ҳизбҳои сиёсии кишвар, аз ҷумла ҲНИТ, гуфта мешавад, ки фаъолияти онҳо дар асоси талаботи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифта, баҳри рушду нумӯи имрӯзу ояндаи Ватан, ҳифзи якпорчагии он, вазъи муътадили ҷомеа, ҳимояи ҳама гуна манфиатҳои миллию давлатӣ нигаронида ва равона карда шудааст. Танҳо Баҳриддин Насриддинов ва ҳаммаслакони ӯ ин ҳамаро нодида мегиранд, ба хотири ҳимоя аз манфиатҳои миллию давлатӣ ва ватандорӣ кореро ба субут нарасондаанд. Фарҳангу тамаддуни миллӣ назди онҳо қимате надорад.
Пас, чунин ашхос набояд аъзои ягон ҳизб бошанд. Б. Насриддинов худро узви фахрии ҲНИТ муаррифӣ мекунад. Мехоҳад, ки ҳизби мазкур ҳар чӣ зудтар дар сари қудрат ва ҳизби ҳоким бошад. Ҳизбе, ки дар вақташ тавассути тарғибу кумаки хоҷагони хориҷӣ дар Тоҷикистон тарҳрезӣ шуду дар ибтидои солҳои навадуми асри гузашта бо мақсади ба сари қудрат омадан бо ҷалби дигар ҳаракату созмонҳо истиқлолияти Ватан ва якпорчагии онро зери хатар гузошт. Ҳамагон шоҳиди ин ҳол буданд ва ҳастанд. Ҳоҷат ба шарҳу эзоҳи иловагӣ нест.
Бинобар ин, аз идома додани таҳлилҳо ба хотири нигоҳ доштани эътидол, эҳтироми тарафайн ва дар ояндаи наздику минбаъд чӣ гуна сурат гирифтани тағйироти мафкуравӣ дар аъзои ҳизби мазкур чун Баҳриддин Насриддинов таваққуф менамоем, то ҳар амали худро аз рӯи ақли солим роҳандозӣ намоянд.
Қурбон Маҷнунов, сокини ноҳияи Шӯрообод