Азми пахтакорон

№41 (3026) 01.04.2013

ҶАЛОЛИДДИНИ РУМӢ. ( Давлат СУЛТОНОВ, «Садои мардум») Дар саҳроҳои доманфарохи ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ кишти яке аз зироатҳои асосии бахши кишоварзӣ- пахта бомуваффақият идома дорад. Дар ин маъракаи муҳим кишоварзони хоҷагиҳои деҳқонии ҳудуди деҳоти «Тугаланг» ва «Навобод» намунаи ибратанд. Бо мақсади рӯёнидани ҳосили фаровон дар ин ҷо навъҳои беҳтарини пунбадона кишт карда мешавад. Пунбадонаи тухмӣ дар корхонаҳои коркарди пахтаи ҳудуди ноҳия тайёр карда шудааст. Кишоварзон азм доранд, ки соли равон дар майдони нуҳ ҳазор гектар замин кишти пунбадона гузаронанд.