Ба ин дасисаву иғво бовар надорем!

№72-73 (3057-3058) 14.06.2013

Ҳамдиёрони азиз, Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо ба марҳилаи нави тараққиёт ва созандагӣ ворид шуда, миллати сарбаланди мо дар ҷаҳони муосир нуфузу манзалати дигар касб мекунад ва дар саргаҳи ин ҳама пешрафтҳо фарзанди баруманди диёр, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон истодааст. Хизматҳои ин фарди сарсупурдаи миллатро, ки дар ҳассостарин марҳила роҳбарии кишварро ба уҳда гирифта, миллатро аз парокандагӣ ва мамлакатро аз барҳамзанӣ наҷот дод, танҳо кӯрдилон ва кинварзону душманон дида наметавонанд.

Тайи чанд рӯзи охир  тавассути шабакаи телевизионии К+ навори ғаразангезе бо шарҳи роҳбари ҳаракати «Ватандор», яке аз мухолифини ашаддии  Тоҷикистон  Додоҷони Атоулло намоиш дода шуд. Ин навор, ки ба тасмими дастандаркоронаш мебоист афкорро дар ҷомеа дигаргун мекард, бори дигар чеҳраи аслии бадхоҳони миллатро рӯшан кард, зеро дар пушти намоиши ин навор ғаразҳои инфиродиву гурӯҳии як идда бадхоҳони миллати мо пинҳонанд. Вагарна чӣ ҷойи пӯшидагист, ки падар дар тӯйи аввалин писари худ шодиву сурур кунад. Ҳама шахсиятҳои саршиноси олам, ба ғайр аз мақому мартаба, пеш аз ҳама инсонанд ва инсон ҳуқуқи дилхуширо доро ва сазовор аст.

Дӯстони азиз, ба ҳамаи мову шумо маълум аст, ки дар пеш интихоботи Президенти Тоҷикистон истодааст ва бадхоҳони миллат аз ин давраи ҳассос истифода карда, дар Тоҷикистон ташаннуҷи авзоро ба миён меоранд. Оқибатҳои нооромии кишварро бошад, ҳар яки мо дар ниҳоди худ дарк кардаем, ҳар яки мо аз он дасисабозиву манфиатҷӯии гурӯҳҳои алоҳида захме дар ҷигар дорем ва Худо накарда, ин бало ба хонаи мо, ки бо ҳазорон заҳмат бунёд кардем, дигарбора баргардад.

Намоиши ин навор  як бори дигар чеҳраи Додоҷони Атоуллоро ҳамчун бозичаи дасти дигарон рӯшан кард. Шояд то ин дам буданд нафароне, ки ба даъвоҳои беасоси ӯ ҳамчун «ҳомӣ» -и миллат бовар мекарданд, аммо баъд аз пахши ин навор, ки аз шарҳаш бӯйи кинаву адовати инфиродӣ  ва қавмиву гурӯҳӣ меомад, ҳамагон рӯйи дигари Атоуллоро диданд. Ин «ҷаноб» аз ҳама чизе, ки дар кишвари мост, шикоят мекунад. Ӯ ҳатто ба обу хоки ин сарзамин, ки ӯро парвардаанд,  нафрат дорад. Ӯ шукуфойӣ ва пешрафти ин сарзаминро қабул надорад, зеро тайи бист соле, ки мо бо хуни ҷигар давлату миллат сохтем, ӯ ва ӯ баринҳо ватану миллати худро бо пули пучаке фурӯхта, фарсахҳо дур аз Тоҷикистон ба мазаммату маломати мо саргардонанд ва ҳамин афрод боз имрӯз даъвои миллату Ватан мекунанд. Ин афрод, ки бузургтарин муқаддасоти худро ҳамагӣ ба як фулуси душманони миллат фурӯхта, аз пушти ғайбати миллати худ соле садҳо ҳазор доллар кор мекунанд,  аҷаб аст, ки имрӯз моро аз ҳақиқату адолат дарс меомӯзанд. Бо ин бешарафиву беномусӣ боре андешаи онро намекунанд, ки оё худ барои ин сарзамин коре кардаанд ? Навори тарҳрезишуда ва дархостии шабакаи телевизионии К+  моро аз он гӯшрас мекунад, ки душман дар камин аст ва аз ин аду бояд ҳимоят кард. Ин навор бори дигар мардумро муттаҳид кард ва мутмаин сохт, ки душманони миллат барои иғвову дасиса ва нооромии кишвари мо ба ҳама бешарафӣ қодиранд. Хушбахтона, ақли солим, фарҳанги воло ва  хиради азалӣ, ки дар ҳама давру замон миллатро аз вартаҳои муҳлик берун овардааст, имрӯз низ пешвову ҳидоятгари мост.

Мо -собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳру деҳоти Кӯлоб хизматҳои пешвои муаззами худ Эмомалӣ Раҳмонро  фаромӯш намекунем, зеро ӯ муттако ва ғамхори мо буда, ҳаргиз моро хор шудан намемонад. Фақат тайи ду соли охир дар шаҳри Кӯлоб 15 нафар собиқадорони ҷангу меҳнат соҳиби манзили истиқоматӣ шуда, ҳамаи онҳо мунтазам аз кӯмакҳои Президенти мамлакат, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва шаҳри Кӯлоб бархӯрдор мебошанд. Собиқадорон ҳамчун гули сари сабад ва маслиҳатгари ходимони давлативу Ҳукумат ба ҳама чорабиниҳо даъват шуда, қадршиносӣ мешаванд.

Мардуми сарбаланд, ватандӯст ва шуҷои Кӯлоб навори мазкурро бешарафӣ ва беадабии инфиродии як бадхоҳи миллат арзёбӣ карда, ба ҳеҷ гуна иғво ва дасиса бовар надорад ва аз ҳама ҳамватанон даъват меорем, ки моро ҳамраъй бошанд, зеро ҳеҷ гуна як нафар ҳуқуқи як зарра газанд додани сулҳи ба қимати ҷони ҳазорон нафар ҷавонмарди Ватан бадастовардаи моро надорад.

Дар ҷаласаи Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳри Кӯлоб 31 майи соли 2013 қабул шудааст