Дар рӯзҳои аввали моҳи март хабар ёфтам, ки дар ноҳияи Қумсангир ба муносибати ҷашни Наврӯз ва 20 -солагии Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон боғи нав бунёд мегардад. Барои аз наздик ошноӣ пайдо кардан бо кори боғпарварон ба ин ҷо сафар кардам.
Воқеан, боғбонӣ барои мардуми заҳматкаши ноҳияи Қумсангир пешаи нав нест. Ҳанӯз солҳои 50-уми асри гузашта, ҳангоме ки ин мавзеъ ба макони корнамоиҳои наҷиби мардум табдил меёфт, дар ин диёр одамон, баробари пахтакорию сабзавотпарварӣ, ба боғбонӣ низ машғул мегардиданд. То имрӯз як қатор дарахтони зардолуи хоҷагии замоне овозадори ба номи Ленин барқароранд ва меваҳои шаҳдбор медиҳанд. Зимни яке аз сафарҳои хизматӣ писари боғбони машҳури қумсангирӣ усто Саттор Атоев Саидхӯҷа дарахтони шаҳдбори зардолуро ба мо нишон дода, боифтихор мегуфт, ки онҳо бо дасти падараш усто Саттор шинонида шудаанд ва умри беш аз панҷоҳсола доранд.
Имрӯз Саидхӯҷа пешаи пуршарафи падарро идома бахшида, дар як қисмати боғи калони беш аз 50- гектараи собиқ колхози ба номи Ленин хоҷагии деҳқонии худро таъсис додааст ва ба хотири падари бузургвори боғбонаш — «Усто Саттор» номгузорӣ кардааст. Дар ин боғ имрӯзҳо қатори дарахтони куҳансоли зардолу, ҳамчунин ниҳолони нисбатан ҷавони себ, нок, олу, шафтолу, бодом низ хеле хуб нашъунамо меёбанд.
«Хушбахт касест, ки дар умри хеш ақаллан дарахте сабзонида бошад»,-мегӯянд дар урфият. Ба андешаи мо, имрӯз Саидхӯҷа аз ҷумлаи ҳамин гуна шахсони хушбахт аст, зеро туфайли 30 соли пешаи боғбонӣ ӯ садҳо дарахтро сабзонидаю нигоҳубин кардааст. Аз меваи шаҳдбори дарахтони парвардаи ӯ нафарони зиёде ком ширин кардаю ба арвоҳи падару бобою бобокалони боғбонаш фотиҳа фиристонидаанд. Воқеан, касби боғбонӣ барои авлоди онҳо меросист. Бобою бобокалонаш ҳанӯз ҳангоми зиндагӣ дар кӯҳистони Ҳоит ин пешаро барои худ интихоб карда буданд. Падараш бошад баъди бозгашт аз ҷанг дар Вахшонзамин касби бобоиро идома бахшид.Имрӯз масъулияти пешаи боғбонӣ ба дӯши Саидхӯҷаю фарзандони ӯ вогузор шудааст.
-Азбаски дарахтони зардолу зиёданду ҳосили фаровон доранд, мо наметавонем ҳамаи онҳоро сари вақту, беталаф ғун дорем,- иброз дошта буд Саидхӯҷа.-Аз ин рӯ, бо соҳибкорони суғдӣ шартнома бастем. Ба ивази нархи муайян онҳо ҳосилро ғундошта, хушк мекунанд. Ман аз он ифтихор дорам, ки тавассути часпу талошу корчалонии бародарони суғдӣ хушкмеваи зардолубоғи мо ҳатто то Аврупо содирот шудаасту харидорон ба сифати он баҳои баланд додаанд.
Дар ин рӯзҳои зебои фасли баҳор, ҳангоме ки ба мавзеи Махтумқулии деҳоти « Истиқлол»- и ноҳияи Қумсангир сафар мекардам, ин суҳбати худро бо боғбони соҳибтаҷрибаи қумсангирӣ Саидхӯҷа Сатторов бори дигар ба хотир овардам. Раҳораҳ андеша мекардам: Модоме дар ин мавзеъ боғи калон бунёд мегардад, ҳатман аз таҷрибаю малакаи Саидхӯҷа барин боғбонҳои ҳунарманд истифода мебаранд. Воқеан ҳам, дар корзори меҳнат, хушбахтона, бо ӯ вохӯрдам. Ӯ ба ҳашарчиён тарзи дурусти ниҳолшинониро нишон медод. Ҳамчунин маълумот пайдо намудам, ки дар ин мавзеи навобод, тибқи нақша, беш аз 100 гектар боғи намунавии дарахтони ҳархела бунёд шуда истодааст. Ин боғ бо иқдоми роҳбарияти вилояти Хатлон ва кумаку дастгирии боғпарварони 18 шаҳру ноҳияи вилоят бунёд меёфт. Мувофиқи қудрату имконият бояд кишоварзони ҳар як шаҳру ноҳия аз 5 то 10 гектар боғи навро дар ин мавзеи навбунёд сабзонанд. Тибқи иттилои расмӣ, то имрӯз қариб дар 100 гектар замин ниҳолҳо шинонида шудаанд. Азбаски фасли зебои баҳорон зуд даргузар аст, қарор доданд, ки ҳангоми бунёди ин боғи муҳташам аз қуввату имконияти боғбонҳои минтақаҳои гуногуни вилоят истифода баранд. Агар кишоварзони ноҳияҳои Ёвону Абдураҳмони Ҷомӣ 10 — гектарӣ себ шинонида бошанд, боғбонҳои ноҳияи ба номи Ҷалолиддини Румӣ, ки дар парвариши шафтолу соҳиби таҷрибаи боянд, ин намуди дарахтро дар мавзеи Махтумқулӣ сабзонидаанд. Таҷрибаи солҳои андӯхтаи анорпарварони ноҳияҳои Ҷиликӯлу Қубодиён низ дар ин ҷо ба кор омадааст. Солҳои охир баробари деҳқонони ноҳияи Қумсангир боғдорони ноҳияи Бохтар низ дар парвариши дарахтони зардолу малакаи хуб ҳосил кардаанд. Аз ин рӯ, онҳо дар ин мавзеъ 10 гектар зардолубоғ бунёд намудаанд.
Ба зиммаи деҳқонони ноҳияи Хуросон бунёди боғи ангур вогузор шудааст. Азбаски чун анъана дарахти ангурро асосан дар тирамоҳ мешинонанд, боғбонҳои соҳибтаҷрибаи хуросонӣ қарор доданд, ки фасли тирамоҳ дарахтони ангурро оварда, дар ин мавзеъ шинонанд. Аз минтақаи Кӯлоб бошад, боғбонҳои соҳибтаҷрибаи ноҳияҳои Восеъ, Фархор ва Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар бунёди боғи беш аз 100- гектараи мавзеи Махтумқулӣ ҳиссаи арзанда гузоштаанд.
Бо пешниҳоди раиси вилоят Давлатшо Гулмаҳмадов ба шарафи ҷашни фархундаи дар пешистодаи 20- солагии Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон боғи нав бо ҳамин унвон номгузорӣ шудааст.
Бунёди боғу боғдорӣ давоми сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аст, ки дар вилояти Хатлон туфайли заҳмати ҳалолу самарабахши мардуми ҳалолкор амалӣ мегардад. Бо мақсади иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 августи соли 2009 «Дар бораи тадбирҳои иловагӣ доир ба рушди соҳаи боғу токпарварӣ барои солҳои 2010-2014» дар Хатлонзамин аз ҷониби боғбонҳои соҳибтаҷриба кори зиёд ба сомон расонида шудааст. Натиҷаи ҳамин аст, ки танҳо дар ду соли охир дар вилоят 23 ҳазор гектар боғу токзори нав бунёд гардид. Нақшаи панҷсолаи бунёди боғу токзорҳои нав дар чор сол иҷро шудааст. Дар ноҳияи Қумсангир, ки дар ин рӯзҳои зебои фасли баҳорон мо ба он ҷо сафар доштем, соли ҷорӣ беш аз 155 гектар боғи нав бунёд гардидааст.
Бихоҳӣ, ки аз хеш монӣ нишон,
Дарахте пасояндагонро шинон.
Ин сатрҳоро ҳангоми хайрухуш боғбони соҳибтаҷриба Саидхӯҷа Сатторов, ки аҳли авлоди онҳо собиқаи қариб 150 -солаи боғбонӣ доранд, зери лаб замзама мекард. Ӯ аз он хушнуд буд, ки қатори дигар мардуми ободкори вилоят аҳли оилаи онҳо низ дар бунёди ин боғи нав ҳиссаи хоксорона гузоштаанд. Саидхӯҷа ин боғро ҳадяи наврӯзӣ барои мардуми шарифи Тоҷикистон мешуморад, зеро ба итминони комили ӯ меваи ин дарахтон дар оянда ҳатман коми мардуми шарифи Тоҷикистонро ширин хоҳад кард.
Давлат СУЛТОНОВ, «Садои мардум»