Ҳар як сатри Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон як ҷаҳон маънӣ дорад. Ин дастури ҳаётан муҳим моро боз як қадами дигар ба пеш, ба сӯйи амалҳои неки бунёдкориҳои азим мебарад. Набояд фаромӯш кард, аз 22 соле, ки зери парчами Истиқлолият зиндагӣ дорем, тайи шаш- ҳафт солаш муқовиматҳои дохилӣ идома доштанд. Мардуми тоҷик танҳо 13 соли охир ба корҳои ободонию созандагӣ даст задааст. Дар ҳамин 13 сол он қадар кӯпруку роҳҳо, нақбу корхонаҳо, таълимгоҳу иншооти тандурустӣ сохта шуданд, ки дар 70 соли мавҷудияти Ҳокимияти Шӯравӣ насохта буданд. Имрӯз ҷумҳурии мо бо 157 давлати дунё муносибатҳои тиҷоратӣ дорад. Акнун дунё Тоҷикистону миллати бузурги тоҷик ва диёри зебои моро медонад. Оянда бо сохтани корхонаҳои азими коркарду истеҳсоли нефт, иншооти гидроэнергетикӣ, аз қабили «Роғун», «Шӯроб», «Зарафшон» ва «Даштиҷум» Тоҷикистон ба кишвари мутараққию пурқувват табдил хоҳад ёфт. Баъди мутолиаи Паёми навбатии Сарвари давлатамон бори дигар ба ояндаи неки кишварамон эътимод пайдо кардам.
Тоҷиддин САБЗОВ, муовини раиси Ҷамоати деҳоти «Кӯлчашма»-и ноҳияи Муъминобод