Ба «Садои мардум» ҷавоб омад

№24 (3170) 11.03.2014

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Носири Хусрав мақолаи «Чилучорчашмаи шифобахш ва қиссаҳои ҷолиб»- ро, ки дар рӯзномаи «Садои мардум» 7 декабри соли 2013 таҳти №154 чоп шудааст, дар маҷлиси назоратии раиси ноҳия мавриди муҳокима қарор дод. Дар ин робита гурӯҳи корӣ таъсис дода шудааст, ки аз болои фаъолияти пурсамар ва ободию тозагӣ, ҳолати санитарию эпидемиологӣ, ободонию кабудизоркунии ин мавзеи нодиру овозадори кишварамон назорати доимӣ бурда, дастуру супоришҳо медиҳанд.

Маҳз бо дахолати мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия аз дохили зиёратгоҳ растаҳо, мағозаҳои маводҳои хӯрока ва масолеҳи дигари рӯзгор берун бароварда шуд.

Ҳамаи корҳои ободонӣ, аз ҷумла шинонидани ниҳолу дарахтон, маҳз бо дастур ва таъкидҳои ҳаррӯзаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, шахсан раиси ноҳия иҷро карда шуданд. Канали мавҷуда, ки аз рӯйи нишондод 70-80 сантиметр сатҳи он аз лою алафҳои ҳархела баланд шуда буд, аз ҳисоби Идораи хоҷагии оби ноҳия бо дастуру супориши раиси ноҳия дар масофаи зиёда аз чор км тоза карда шуд.

Масъалаҳои беҳдошти шароити одамоне, ки ба ин мавзеъ барои тамошо ва табобат меоянд, дар маркази таваҷҷуҳи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия буда, маҳз бо дахолат ва дастгирии мақомот таҳоратхонаҳои занонаю мардона ва як ҳоҷатхонаи замонавӣ бунёд гардид. Бо илова имкониятҳои худи маъмурияти Чилучорчашма хеле калон аст. Агар даромадҳои он бо мақсад ва аз рӯйи адлу инсоф харҷ гарданд, ин мавзеъ ба як гӯшаи зебою афсонавии Ватанамон табдил меёбад.

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Носири Хусрав фаъолияти пурсамари мавзеи Чилучорчашмаро зери назорати доимӣ гирифтааст ва ҷиҳати беҳдошти ҳолати санитарию эпидемиологӣ ва ҳамеша ободу зебо будани он минбаъд низ чораҳо меандешад.

В.АШӮРОВ, раиси ноҳияи Носири Хусрав