Ба «Садои мардум» ҷавоб омад

№56 (3041) 11.05.2013

Мақомоти иҷроияи маҳаллии  ҳокимияти давлатии ноҳияи Фархор ба маълумоти шумо  мерасонад, ки аризаи шаҳрванд Ҳасан Абдураҳимов мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Маълум менамоем, ки шаҳрванд Ҳ. Абдураҳимов ба унвони Мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати кадрҳо муҳтарам А. Азизов, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам С. Гиёев, ба раиси Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Фархор, ба Прокуратураи ноҳия ва Суди ноҳия муроҷиат намудааст. Аз тарафи шахсон ва ташкилотҳои мазкур аризаи шаҳрванд баррасӣ шудааст.

Муроҷиати хаттии шаҳрванд ба Иҷлосияи даҳуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳия низ пешниҳод шуда буд. Аз ин рӯ, бо супориши раиси Маҷлиси вакилони халқи ноҳия аъзои Комиссияи доимӣ оид ба масъалаҳои аграрӣ, ислоҳоти замин, ҳифзи муҳити атроф ва истифодаи захираҳои табиӣ санаи 8 августи соли 2012 муроҷиати мазкурро дар маҳал санҷиданд.

Дар санаи 27 майи соли 2009 Ҳ. Абдураҳимов ба унвони Прокуратураи  ноҳияи Фархор ариза навиштааст ва аризаи мазкур аз тарафи Прокуратураи ноҳия ва Кумитаи заминсозии ноҳия санҷида шуда буд. Аз рӯйи  ҳуҷҷатҳои санҷишӣ маълум гардид, ки мошинсаройи  сохтааш ғайриқонунӣ буда, қитъаи замини зери он ба замини наздиҳавлигии ҳамсояаш Зариф Валиев тааллуқ дорад.

Прокуратураи ноҳия оид ба ғайриқонунӣ сохтани мошинсарой қарори маъмурӣ  қабул намуда, барои чораҷӯйӣ ба Кумитаи заминсозии  ноҳия фиристодааст.

Тибқи протокол  ва қарори маъмурии Кумитаи заминсозии ноҳия аз 24 июни соли 2012  таҳти № 002046 шаҳрванд ба маблағи 350 сомонӣ ҷарима  баста шудааст.

Шаҳрванд Ҳ. Абдураҳимов аз рӯйи масъалаи мазкур аризаи даъвоӣ ба Суди ноҳияи Фархор низ пешниҳод карда буд. Дар таърихи 31 майи соли 2012 мурофиаи судӣ баргузор гардида ва муайян карда шуд, ки қитъаи замини наздиҳавлигие, ки байни тарафҳо  баҳс меравад, ба Ҳ.Абдураҳимов тааллуқ надошта, балки қитъаи замини наздиҳавлигии ҳамсояаш З. Валиев буда, дорои Сертификати ҳуқуқи истифодаи замин мебошад. Бинобар ин, суд аризаи даъвоии Ҳасан Абдураҳимовро рад кардааст.

Аъзои гурӯҳи корӣ ҳалномаи Суди ноҳияро аз 31 майи соли 2012 нисбати даъвои шаҳрванд Ҳ. Абдураҳимов дуруст  шуморидаанд.

Аз ин лиҳоз, қаноатбахш  кардани муроҷиати шаҳрвандро  ба мақсад мувофиқ намеҳисобем.

Қ. КАРИМОВ,

раиси ноҳияи Фархор