Ба «Садои мардум» ҷавоб омад

№87 (3072) 12.07.2013

ҶСК «Шабакаҳои барқи Кӯлоб» дар ҷавоби мақолаи «Шояд мутасаддиён бехабар бошанд?», ки дар рӯзномаи «Садои мардум» №47 санаи 16  апрели соли 2013 чоп шудааст, чунин маълумот медиҳад:

«Ҷоиз ба зикр аст, ки  барқчиёни минтақаи Кӯлоб баҳри бенуқсон таъмин намудани барқ ба хоҷагии халқи минтақа, бо истифода аз тамоми воситаю имкониятҳои мавҷуда, кӯшиш ба харҷ медиҳанд. Дар ҳақиқат, деҳаи Кундошаҳри деҳоти Чилдухтарони ноҳияи Муъминобод аз маркази ноҳия дар масофаи зиёда аз 30 километр дар минтақаи кӯҳсор ҷойгир аст. Хатҳои барқӣ ва зеристгоҳи трансформатории ба ин деҳа мансуб солҳои 1972- 1973 сохта, ба истифода дода шудааст, ки дарозии умумии хати барқи баландшиддат то деҳаи номбурда зиёда аз 100 километрро ташкил медиҳад. Солҳои охир дар деҳаи Кундошаҳр хонаҳои истиқоматии нав сохта ва ба хати барқи мавҷуда пайваст шудаанд, ки боиси бо сарборӣ кор кардани трансформатори қуввагӣ ва паст шудани сифати шиддат мегардад.

Дар натиҷаи солҳои тӯлонӣ мавриди истифода қарор доштани хатҳои барқӣ аксарияти симчӯбҳо корношоям  гардидаанд. Давоми соли 2012 дар хати барқи баландшиддат, ки нуқтаи охираш дар деҳаи номбурда ҷойгир аст, зиёда аз 25 адад пояҳои  корношоям иваз шуданд.

Дар моҳи марти соли ҷорӣ бошад, сарфи назар аз маҳкам будани роҳи автомобилгард, зеристгоҳи барқии деҳаи Кундошаҳр аз тарафи кормандони  ШНБ Муъминобод таъмир шуда, он қисмҳое, ки фарсуда шуда буданд, иваз гардиданд. Дар оянда Шабакаи барқӣ тасмим гирифтааст, ки трансформатори ин деҳаро бо иқтидори баландтар иваз намояд».

 М. ИСМОИЛОВ, директори ҶСК «Шабакаҳои барқи Кӯлоб»