Ҷиҳати ширкат дар тантанаҳои наврӯзӣ ва супоридани шаҳодатномаи «Пойтахти фарҳангии ИДМ дар соли 2015» ба шаҳри Кӯлоб намояндагони Фонди гуманитарии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бо роҳбарии муовини раиси Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Конисбек Жусуфбеков ба шаҳри Кӯлоб ташриф оварданд.
Меҳмононро иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Кӯлоб Хайруллои Амонулло ва аҳли ҷамоатчигии шаҳр бо нону намак истиқбол гирифтанд.
Рӯзи 25 март дар шаҳри Кӯлоб тантанаҳои наврӯзӣ ва маросими супоридани шаҳодатномаи «Пойтахти фарҳангии ИДМ дар соли 2015» ба шаҳри Кӯлоб баргузор шуд. Дар ҷашнвора дар радифи ҳунармандони шинохтаи кишвар, ҳамчунин Ансамбли хори давлатии академии халқии ба номи Масалитини шаҳри Воронеж ширкат варзид. Тавре маълум аст, шаҳри Воронежи Федератсияи Россия низ дар қатори шаҳри Кӯлоб «Пойтахти фарҳангии ИДМ дар соли 2015» интихоб шудааст.
Темуршоҳи Файзалӣ, «Садои мардум»