Бахтиёр Назаров дорои маълумоти олӣ буда, дар вазифаҳои гуногун, аз ҷумла муовини директори генералии Ҷамъияти саҳомии «Кафолат», сардори шуъбаи Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба минтақаи Кӯлоб фаъолият кардааст. Аз моҳи августи соли 2004 то ба ҳол сардори Раёсати молияи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб мебошад. Бо нишони фахрии Аълочии молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Нишони «Иқтисодчии беҳтарини вилояти Хатлон» қадр шудааст. Вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон аст.
Дар вохӯрӣ бо Бахтиёр Назаров суҳбатро аз чӣ гуна иҷро шудани нақшаи буҷети маҳаллии шаҳр дар соли рафта ва иҷрои он дар соли равон пурсон шудем. Ҳамсуҳбатам ба шарҳи далелҳо оғоз намуд: — Даромади буҷети маҳаллӣ соли гузашта, ки аз рӯйи 15 намуди сарчашмаҳо 25566091 муқаррар гашта буд, ба маблағи 29645826 сомонӣ иҷро гардид, ки ин нишондод ба 116 фоиз баробар аст. Қисми хароҷоти буҷет 50021637 сомонӣ ё худ 99 фоизи таъинотро ташкил медиҳад. Таҳлилҳо муайян намуданд, ки дар таркиби умумии маблағҳои буҷети маҳаллӣ аслан хароҷоти нигоҳдории соҳаи иҷтимоӣ мақоми асосиро ишғол менамояд. Чунончӣ, барои соҳаи маориф 22382853 сомонӣ ва барои соҳаи тандурустӣ 12030127 сомонӣ маблағгузорӣ гардидааст, ки ин рақамҳо мутаносибан ба 46 ва 24 фоиз баробаранд. Буҷети маҳаллии шаҳр барои соли 2013 аз рӯйи 11 намуди сарчашмаҳои даромад 29619534 сомониро дар бар гирифта, қисми хароҷоти он 64236206 сомониро ташкил менамояд ва барои мувозинати даромаду хароҷоти буҷет аз ҳисоби ҳиссаҷудокуниҳои буҷети ҷумҳуриявӣ 34254380 сомонӣ муайян шудааст.
Ин рақамҳоро кӯтоҳаку муъҷаз шунида, рафти кори як иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқи вилоят ба ёдам омад, ки дар он гурӯҳи калони вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аъзои Ҳукумати кишвар бо сарварии муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Амиршо Миралиев иштирок доштанд. Ҳамсуҳбати мо аз минбари ҷаласа хеле озодона суханронӣ мекард ва ба суолҳои бамиёномада ҷавобҳои дақиқу саҳеҳ медод. Аз ин тарзи баёну андеша қаноатмандии аҳли толор низ хуб мушоҳида мешуд. Бо ба хотир расидани ин лаҳза аз Бахтиёр оид ба паҳлуҳои гуногуни фаъолияти вакилиаш пурсон шудам. Ӯ коғазҳои рӯйи мизашро ҷобаҷокунон гуфт: -Аз рӯзи таъсиси Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон аъзои он ҳастам. Бо пешниҳоди иштирокчиёни Конференсияи ҳизбии шаҳр дар интихоботи феврали соли 2010 ба Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон аз ҷониби интихобкунандагони ҳавзаи интихоботии рақами 5-и шаҳри Кӯлоб вакил интихоб гардидам. Аз ин пеш вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб будам.
Алҳол дар Маҷлиси вакилони халқи вилоят вазифаи ҷонишини раиси Комиссияи доимӣ оид ба масъалаҳои буҷет, савдо, нарх, хизматрасонӣ, меҳнат ва сиёсати иҷтимоиро ба уҳда дорам. Фаъолияти комиссия мувофиқи талаби рӯз аст. Масалан, чанде пеш гурӯҳи кории комиссия, дар доираи нақшаи худ вазъи бозорҳо, мағозаҳо, нуқтаҳои хизмати маишӣ ва дигар муассисаҳои хизматрасонии аҳолиро дар ноҳияҳои Абдураҳмони Ҷомӣ, Хуросон ва Ёвон санҷида, ҳолати мавҷудаи онҳоро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дод. Мушоҳидаҳо нишон доданд, ки ҳоло низ дар ҳудуди бозорҳои ин ноҳияҳо, аз ҳисоби Ҷамъияти матлубот иншооти зиёди таъмирталаби аз фаъолиятмонда мавҷуд аст. Мо барои беҳбудии вазъи молиявии ин ноҳияҳо пешниҳод намудем, ки иншооти мазкур ба ихтиёри соҳибкорони хоҳишманд дода шаванд.
Аслан фаъолияти вакилии худро вобаста ба Барномаи пешазинтихоботиам ба роҳ мондаам. Дарёфт намудани сарчашмаҳои иловагии ғанигардонии буҷет, мусоидат ба рушди соҳибкории хурду миёна, афзоиши музди меҳнат ва дигар пардохтҳои иҷтимоӣ аз қабили нуктаҳои асосии он маҳсуб меёбад, ки зери назари ҳамешагии банда қарор доранд.
Дар хусуси муносибат ба интихобкунандагони хеш таъкид карданиам, ки бо онҳо дар тамоси ҳамешагӣ ҳастам. Чунончӣ, назорати таъминоти мунтазами неруи барқ, оби нӯшокӣ дар маҳаллаҳои Ориёно, 20 — солагии Истиқлолият, Роҳи оҳан, таъмири роҳҳо, хобонидани обпартоҳо дар маҳаллаи Ҳисориён, таъмири кӯпрукҳои кӯчаи Лоҳутӣ, бунёди майдончаи варзишӣ дар маҳаллаи Корвонгузар, ҷудо намудани қитъаи наздиҳавлигӣ намунаи номгуйи нопурраи он таклифу пешниҳодҳои интихобкунандагон аст, ки бар зимма дорам. Онҳо аз вакили хеш роҳҳои ҳалли ин мушкилотро ҷӯё шуда, вобаста ба имкон тақозои мусоидат намудаанд. То ҷое дар ҳалли баъзе аз ин мушкилот кӯмаку мусоидат кардам. Ҳамасола баъди Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ба интихобкунандагони хеш расонидани мазмуну муҳтавои он силсилаи вохӯриҳо баргузор менамоям.
Аз идомаи суҳбат маълумам гардид, ки бо пешниҳоду ташаббуси бевоситаи ин вакили халқ дар қисмати шимолии шаҳр, яъне дар канори рости роҳи мошингарди Кӯлоб-Ховалинг, дар як мавзеи наздику дилкушо қабристони нави сокинони шаҳр бо таъсиси муассисаи хизматрасонии он, ки дар ихтиёр 30 нафар коргар дорад, бунёд карда шудааст. Акнун бо пардохти 75 сомонӣ ҳама он амалҳои ба маросими дафн мансуббуда ба анҷом расонида мешавад. Ба қавли мусибатдидагон, ин амали хайр боиси ҳама гуна таҳсину офарин аст. Бахтиёр дар баробари ин амали савоб, инчунин даст ба ободу зебо кардани манзилгоҳҳои қисмате аз орифону рӯҳониёни соҳибэҳтироми шаҳру ноҳия задааст, ки баъзеи онҳо аз нигоҳи меъморӣ ҳамто надоранд.
Пас аз ин суҳбат дар канори хиёбони Исмоили Сомонии шаҳр, бо нависанда Саид Раҳмон вохӯрда, ҳамсуҳбат гардидам. Ҳангоми мулоқот ӯ ба он тарафи хиёбон нигариста:
- Шумо ана ҳамон мӯйсафедро мешиносед? — ба марди солхӯрдаи қоматбаланди асобадаст, ки бардам роҳ мерафт, -ишора кард ӯ.
Баъди «не» гуфтанам, Саид Раҳмон афзуд:
- Ин шоири 80 — сола Асрор Зарифии Хилватӣ аст, ки тӯли 50 сол коргари Идораи хоҷагии оби шаҳр буд. Мӯйсафед солҳои сол дар орзуи чопи маҷмуаи ашъораш талош менамуд. Се сол пеш маърифатпарастии Бахтиёрро шунида, ба назди ӯ меравад. Бо кӯмаки ӯ ва раиси шаҳр, якбора ду китоби мӯйсафед рӯйи чоп омад. Саид Раҳмон дар ин радиф номи якчанд шоиру нависандаи дигарро низ ёдовар шуд, ки бо дастгириҳои бевоситаи ин ҷавонмарди фарҳангдӯст, китобҳояшон рӯйи чоп омадаанд.
-Худо сафи ин гуна ҷавонмардонро бешумор кунад,- нависандаи собиқадор суҳбатро бо ҳамин таманниёти хеш ба охир расонду ман дар андешаи рӯйи сафҳа овардани фаъолияти меҳнатию вакилии Бахтиёр Назаров шудам.
Темуршоҳи ФАЙЗАЛӢ, «Садои мардум»