Боғ бо усули фаронсавӣ

№104 (3089) 20.08.2013

ХОВАЛИНГ. (Темуршоҳи ФАЙЗАЛӢ, «Садои мардум») Бо мақсади иҷрои Барномаи рушди соҳаи боғутокпарварӣ ва нақша-чорабининиҳои  Мақомоти иҷроияи маҳаллии  ҳокимияти давлатии ноҳияи Ховалинг аз ҷониби мутахассисони маҳаллию хориҷӣ тасмим гирифта шуд, ки   барои таҷриба дар майдони як гектар бо усули фаронсавӣ боғи суперинтенсивӣ бунёд карда шавад. Парвариш ва маҳсулнокии ин шакли боғҳо аз боғҳои  мавҷуда ба таври куллӣ фарқ мекунад. Нашъунамои хуби имрӯзаи ниҳолҳо далели  возеҳи он аст, ки ин мавзеи хушобу ҳавои ноҳия барои дар оянда васеъ намудани боғҳо бо ин шакл хеле мувофиқ ва қулай аст. Алҳол барои амалӣ намудани ин мақсади нек 27,5 ҳазор тагпайванд омода карда шудааст,- гуфт зимни суҳбат раиси ноҳия Қодир Валиев.