ҚУБОДИЁН. (Давлат СУЛТОНОВ, «Садои мардум») Чанде пеш дар деҳаи Роҳи нави деҳоти «Тахти Сангин»- и ноҳияи Қубодиён боғчаи бачагона мавриди истифода қарор гирифт. Акнун дар ин кӯдакистон фарзандони сокинони деҳоти гирду атроф ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. Барои онҳо шароити зарурии фароғат фароҳам оварда шудааст. Кӯдакистони нав бо кӯмаку дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия бо таҷҳизоти зарурӣ таъмин гардид. Аксари таълимгирандагони кӯдакистон фарзандони мардуми ӯзбектаборанд. Бо хоҳиши волидайнашон дар кӯдакистон таълими забони давлатӣ низ ба роҳ монда шудааст.
Ҳама гуна ҷомеаи демократӣ, алалхусус ҷомеаи кишварҳое, ки нав ба ин ҷода қадам гузоштаанд, ба воситаҳои ахбори омма ва фаъолияти пурсамари онҳо ниёзманд мебошанд.
Эмомалӣ Раҳмон