Боғҳо доман паҳн мекунанд

№29-30 (3014-3015) 11.03.2013

МУЪМИНОБОД. ( Нурулло ҲАСАНОВ ) Бо мақсади таъмини аҳолии мамлакат бо меваҳои хуштаъму лазиз ва содироти меваи хушк дар ноҳияи Муъминобод ҳамасола ба васеъ гаштани майдони боғҳо диққати ҷиддӣ медиҳанд.

Алҳол майдони умумии боғҳои мевадиҳанда ба 800 гектар расонида шудааст, ки 100 гектараш боғи нав мебошад. Ин боғзорҳоро асосан дарахтони мевадиҳандаи себ, нок, шафтолу ва зардолу ташкил медиҳанд.