Дар бинои «Кохи Ватан»-и шаҳри Қӯрғонтеппа Иҷлосияи 20-уми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон даъвати чорум баргузор гардид.
Дар назди вакилони халқ раиси вилояти Хатлон Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ Қурбоналӣ оид ба корҳои дар соли 2014-ум баиҷрорасида ҳисобот дод. Ӯ, аз ҷумла зикр намуд, ки дар ҳама соҳаҳои хоҷагии халқи вилоят комёбиҳои назаррас ба даст оварда шудаанд. Алалхусус дар бахшҳои саноат, кишоварзӣ, баланд шудани дараҷаи зисту зиндагии мардум, афзоиши Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилӣ, муҳайё кардани ҷойҳои нави корӣ, рушди соҳибкорӣ пешравиҳо дида мешаванд.
Тавре зикр шуд, қисми даромади нақшаи буҷети вилоят 114 фоизро ташкил дод. Аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо 593 миллион сомонӣ ба буҷети вилоят ворид гардид, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 152 миллион сомонӣ зиёдтар аст. Нисбати нақша бошад, 71 миллион сомонӣ бештар маблағ ба буҷети вилоят ворид гардидааст. Ба истиснои андози ғайриманқул дигар ҳама намуди андозҳо иҷро гардидаанд.
Соли 2014 дар шаҳру ноҳияҳои вилоят даҳҳо иншоот сохта, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд. Бахусус, ба бунёди иншооти истеҳсолӣ, ки сарчашмаи асосии муҳайё намудани ҷойҳои нави корӣ ба ҳисоб мераванд, диққати зарурӣ дода шуд. Натиҷаи ҳамин буд, ки дар вилоят 76 ҳазор ҷойҳои нави корӣ ба вуҷуд омад.
Раиси вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода зимни баромади худ ҳамчунин зикр намуд, ки қисми хароҷоти буҷети вилоят 101 фоиз иҷро шудааст. Аз ҷамъи умумии маблағҳои қисми хароҷоти буҷети вилоят 82 фоизаш ба соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ равона гардидааст.
Вакилон дар ин иҷлосия ҳамчунин буҷети вилояти Хатлонро барои соли 2015 муайян намуданд. Тибқи буҷети тасдиқгардида бори аввал маблағи он беш аз як миллиард сомониро ташкил хоҳад дод. Яъне, он ба маблағи як миллиарду 149 миллион сомонӣ муайян шудааст. Аз ин 570 миллион сомониаш маблағҳои даромади дохилӣ буда, 472 миллион сомониаш аз дигар сарчашмаҳо муқаррар гардидаанд. Афзоиши буҷет бошад, 17 фоизро ташкил медиҳад.
Дар иҷлосия ҳамчунин нақшаи кории Маҷлиси вакилони халқи вилоят ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон барои соли 2015 тасдиқ карда шуд. Вакилони халқ инчунин Низомнома ва ҳайати комиссияи ҷамъиятии пешгирии коррупсия дар назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятро тасдиқ намуданд.
Дар охир комиссияи вилоятии интихоботӣ оид ба интихоботи дарпешистодаи Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон таъсис дода шуд.
Аз рӯи ҳамаи масъалаҳои муҳокимашуда қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.
Давлат СУЛТОНОВ, «Садои мардум»