ВАХШ. (Давлат СУЛТОНОВ, «Садои мардум») Дар ҳудуди деҳоти «Тоҷикобод» — и ноҳияи Вахш беморхонаи нави вилоятии бемориҳои сил бунёд гардид. Бемористони нав дорои 60 кат буда, дар он шароити зарурии ташхису табобат фароҳам аст. Барои табобати кӯдакон низ дар бемористон шуъбаи алоҳида таъсис шудааст. Ҳамчунин дар беморхонаи нав шуъбаи махсуси табобати бемории сили устухон низ ба фаъолият оғоз мекунад. Ин имконият медиҳад, ки минбаъд беморон масофаи роҳи дурро то беморхонаи ҷумҳуриявӣ тай накарда, дар ҳамин ҷо табобат гиранд. Бемористони нав бо маблағгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардидааст.
Бо забони соддаву оммафаҳм ва салису равон расонидани иттилоот ва матолиби таҳлилӣ яке аз вазифаҳои асосии матбуот ва умуман аҳли қалам мебошад.
Эмомалӣ Раҳмон