ШАҲРИТУС. (Давлат СУЛТОНОВ, «Садои мардум») Дар ноҳияи Шаҳритус бо ташаббуси соҳибкори маҳаллӣ Додарбек Мунавваров корхонаи ресандагии «ДУК» бунёд мегардад. Дар он маҳсули дастранҷи пиллапарварони ноҳияҳои минтақа коркард мешавад. Дар ин коргоҳ беш аз 50 нафар духтарони маҳаллӣ соҳиби ҷойи кор мегарданд. Таҷҳизоти ҳозиразамони корхона аз Ҷумҳурии Халқии Хитой дастрас гардид. Ҳамчунин бо мақсади омӯзонидани кадрҳои маҳаллӣ ду нафар мутахассисони соҳибихтисос аз ин давлат даъват карда мешаванд. Дар рӯзҳои ҷашни Ваҳдати миллӣ корхонаи нав мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад.
Воситаҳои ахбори оммаи имрӯза ба минбари таҳлилу баррасии фарогири мушкилоти рӯз табдил ёфтаанд. Онҳо ба масъалаву мавзӯъҳое даст мезананд, ки бояд аз ҷониби сохтору мақомоти гуногуни давлатӣ дар доираи ваколатҳояшон ҳал карда шаванд.
Эмомалӣ Раҳмон