Сокинони маркази маъмурии вилояти Хатлон — шаҳри Қӯрғонтеппа аз он ифтихору сарфарозӣ мекунанд, ки аз ҷамъи 6377 нафар фарзандони барои ҳимояи хоки муқаддаси Ватан солҳои Ҷанги Бузурги Ватании 1941-1945 ба фронт фиристодаашон бисёре аз онҳо сазовори ордену медал ва дигар мукофотҳои баланди давлатӣ шудаанд. Аз ҷумла панҷ нафар соҳиби унвони баланди Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ гардидаанд, ки ду нафарашон — Ҳайдар Қосимов ва Қудрат Қаюмов сокинони деҳаи Зархези шаҳри Қӯрғонтеппа мебошанд. Ҳамчунин собиқ хонандагони литсейи давлатии №1-и шаҳр Алексей Фёдорович Дмитриев ва Викентий Никонорович Тошенко дар солҳои мудҳиши Ҷанги Бузурги Ватанӣ корнамоиҳои бемислу монанд ва диловарию шуҷоат нишон дода, ба гирифтани ин унвони олӣ мушарраф гардидаанд. Тоҷикписари далер Ҳодӣ Кенҷаев низ аз ҳамин шаҳри соҳили дарёи Вахш ба фронт рафта, корнамоиҳои зиёде нишон додааст. Дар миёни фарзандони шуҷои Ватан аз шаҳри Қӯрғонтеппа — иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳамчунин дорандагони ордени «Шараф» низ ҳастанд.
Мутаассифона, аз ҷамъи фиристодагони шаҳри Қӯрғонтеппа 662 нафарашон дар майдони муҳорибаҳо қаҳрамонона шаҳид шудаанд. Ҳамчунин 536 нафар фиристодагони шаҳр дар ин ҷанги нобаробар беному нишон гаштаанд ва ҷамъи пайвандону наздикони бозмондаашон то ҳол интизори нишоне пайдо намудан аз азизони диловари хешанд.
Дар бораи корнамоию қаҳрамонӣ ва шуҷоату мардонагии ду тан аз фиристодаҳои шаҳри Қӯрғонтеппа — Қудрат Қаюмов ва Викентий Никонорович Тошенко олимони Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав солҳои охир корҳои илмию тадқиқотӣ бурда, муайян намудаанд, ки воқеан ҳам ин ду ҷавонмарди далер барои диловарию шуҷоаташон сазовори унвони баланди Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ гардидаанд.
Дар арафаи тантанаи ҷашни фархундаю фаромӯшнашавандаи 70-солагии Ғалабаи бузург бар Германияи фашистӣ аз ҷониби раиси шаҳри Қӯрғонтеппа барои дар сатҳи зарурӣ таҷлил намудани ин санаи таърихӣ ва абадӣ гардонидани хотираи неки онҳое, ки дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ корнамоиҳо нишон дода, сазовори унвони олии Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ гардидаанд, корҳои муайяне ба сомон расонида шуда истодаанд.
Аз ҷумла пешниҳоди як гурӯҳ сокинони шаҳр, ки тариқи рӯзномаи маҳаллии «Набзи Қӯрғонтеппа» ба нашр расидааст, дар нақшаи мазкур ба назар гирифта шудааст. Вакилони шаҳр пешниҳод намудаанд, ки барои абадӣ гардонидани хотираи панҷ тан қаҳрамонон аз шаҳри Қӯрғонтеппа кӯча, муассисаи таълимӣ ё иншооти дигари ҷамъиятӣ номгузорӣ карда шавад. Воқеан, ин нияти нек, агар амалӣ гардад, дар тарбияи ҳисси ватандӯстии ҷавонон нақши муассир гузошта метавонад.
Давлат СУЛТОНОВ, «Садои мардум»
ДАР СУРАТ: Генерал-майор Мастибек Тошмуҳаммадов ва Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ Ҳайдар Қосимов. Соли 1985.
Суратгир А. ИСОЕВ