Шахсе, ки ман дар борааш менависам, бародарам буд ва тамоми ҳаёти худро бо меҳнати ҳалол барои пешравии ҷамъият, беҳбудии зиндагии мардум сарф кард, вале дар охири умраш ба қадраш нарасиданд. Аминов Хайрулло соли 1929 дар ноҳияи Балҷувон дар оилаи камбағал таваллуд шуд. Дар давраи «Тройка»-и сталинӣ (солҳои 1937-1938) падараш Раҳимов Аминро бо сабабҳои номаълум нест карданд ва Хайрулло аз хурдӣ бе падар монд. Соли 1946 бо қарори Ҳокимияти Шӯравӣ аҳолии Балҷувонро муҳоҷир карда, ба ноҳияи Фархор оварданд ва Хайруллои хурдсол дар колхози «Коммунизм» ҳамчун деҳқон кор кард. Ҳамон сол модараш аз дунё гузашт ва бо бародаронаш ятим монд. Соли 1949 вайро ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи СССР ба хизмат бурданд ва ӯ дар вилояти Сталинград (ҳоло Волгоград) чор сол хизмат кард ва баъди адои хизмат ба назди бародаронаш баргашт. Аввал дар МТС ва баъд РТС ронандаи трактор шуда кор кард. Правленияи колхоз қобилияти меҳнатии ӯро ба назар гирифта, ба вазифаи бригадир-механик таъин намуд ва дар ин вазифа қариб даҳ сол кор карда, барои пешрафти хоҷагии қишлоқ хизмати хуб кард. Баъдан правленияи колхоз қобилияти меҳнатии ӯро ба назар гирифта, ба вазифаи бригадири пахта таъин намуданд. Дар ин вазифа ӯ солҳои зиёд кор карда, хоҷагии қафомондаро ба пешқадам табдил дод. Вай дар давоми солҳои кориаш аз ҳар гектар пахта то 40 сентнерӣ ҳосил рӯёнид. Номи ӯ вирди забон буд ва расмаш дар «Тахтаи фахрӣ»-и назди идораи колхоз насб буд. Хизматҳояшро бо чандин «Раҳматнома» ва «Ифтихорнома»-ҳо қадрдонӣ намуданд.
Хайрулло Аминов соҳиби 12 фарзанд буд ва ҳамаи фарзандонро хуб тарбия карда, соҳибмаълумот намуд. Аминов Хайрулло то ба нафақа баромаданаш батанзимоваранда ва ташкилотчии ҳама маъракаҳо дар рӯзҳои хурсандӣ ва бадбахтии деҳаи Арчаи колхози «Коммунизм» буд. Соли 1989 ба нафақа баромад ва солҳои охир ба касалии фишори баланди хун гирифтор шуда, қариб даҳ сол бистарӣ гардид ва ба наздикӣ дар синни 84-солагӣ аз дунё гузашт.
Ман ба воситаи ин навиштаҳоям гуфтаниам, ки дар рӯзи вафоташ ягон намояндаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия набуд ва аз роҳбарияти ноҳия касе ӯро ёд накард…
С. АМИНОВ, ноҳияи Фархор