Асрори кишвар

Чилучорчашмаи шифобахш ва қиссаҳои ҷолиб

№154 (3139) 07.12.2013

Безимени-1

Чилучорчашма аз ҷумлаи мавзеъҳои нодиру овозадори кишвари мо маҳсуб меёбад. Солҳост, ки аз 44 ҷой оби чашмаҳо ҷӯш зада, дар гирду атрофи он ҳавзҳоро ташкил кардааст ва ҳар яке аз ин чашмаҳо хосиятҳои нотакрори табобатӣ доранд. Дар обҳои софу зулоли ин ҳавзҳо ҳама вақт села-села моҳиҳоро дидан мумкин аст. Чанде пеш зимни сафари хидматӣ ба ноҳияҳои Шаҳритуз ва Носири Хисрав аз ин макони афсонавӣ дидан кардем ва як қатор дигаргуниҳоро мушоҳида намудем. Дар майдони беруни даромадгоҳ, паҳлуи истгоҳи мошинҳо биноҳои хурди мисли растаҳо навсохта ба назар мерасад. Даромадгоҳи маҷмӯи чашмаҳо бошад, ба боғоти сабзу хуррам табдил ёфтааст.  Назди даромадгоҳ, болои кате, ки дарахтони қоматкашида соя карда буд, моро Абдураҳим Асомуддинов, ки худро мудири осоишгоҳ-зиёратгоҳ муаррифӣ кард, гарму самимона пазиройӣ намуд. Баъдан аз суҳбатамон бо эшон маълум гардид, ки мавсуф шахси хеле фозилу донишманд буда, аз соли 1994 инҷониб нигоҳубини Чилучорчашмаро дар ихтиёр дорад. Мо аз вай хоҳиш намудем, ки вазъи имрӯзаи Чилучорчашмаро каме шарҳ диҳад.

-Ҳудуди Чилучорчашма 11 гектар аст. Ҳамагӣ ҳафт коргар дорем. Директори генералии Ҷамъияти саҳомии шакли кушодаи «Пахтаи Шаҳритуз» Раҳматулло Саъдуллоев, ки осоишгоҳ-зиёратгоҳ дар ихтиёрашон аст, ба мо ҳуқуқи истифодаи маблағҳои ин ҷо ҷамъ мешудагиро дод. Ахиран  бо маблағи 17 ҳазор сомонӣ биноҳои хизматрасонӣ сохтем. Наздашро як майдонча карда, ҳамвор мекунем. Барои занҳо як ҳавзи махсус сохта истодаем.  Ин дарахтони қадафрохтаеро, ки мебинед, соли 1994 худам шинондам. Ният ҳаст, ки боз  чунин боғча бунёд намоям. Ҳамчунин  нақша дорем, канали мавҷударо, ки 70-80 сантиметр баланд шудааст, аз нав тоза намоем. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ваъда кард, ки ин корро якҷоя анҷом медиҳем, вале як сол боз ин ваъда иҷро намешавад. Ин корро ҳоло бо қувваи худамон, мувофиқ ба имкониятҳои мавҷуда иҷро карда истодаем. Тавре мушоҳида мекунед, ҳар рӯз ба ин ҷо одамони зиёде барои зиёрат, табобат ва тамошо меоянд. Мо кӯшиш менамоем, ки барои онҳо шароити хубро муҳайё созем.

Аз А. Асомуддинов таърихи Чилучорчашмаро пурсон шудем ва ӯ қиссаи дурударозеро бароямон ҳикоят кард, ки мухтасари онро манзури хонандагон мегардонем:

-Таърихи Чилучорчашма аз соли 129-и пеш аз мелод ба мо маълум аст. Якумин шахсе, ки дар бораи Чилучорчашма маълумот додааст,  Абдулқодири Балхӣ мебошад. Маълумотномаи ӯ дар китобаш «Сафар ба Қубодиён» ҷой дорад. Машҳуршавии Чилучорчашма бо омад-омади дини Ислом ба ин водӣ оғоз ёфтааст.

Дар китобҳо чунин омадааст: «Дар замони халифа будани Ҳазрати Умар (р) Ҳазрати Алӣ (р) машғули ҷиҳод буданд. Халифа фармоне содир карда, супориш медиҳад, ки паёми Исломро ба Мовароуннаҳр баред. Расули акрам Муҳаммад (с) ҳангоми дар ҳаёт буданаш мужда дода буд, ки дар Мовароуннаҳр аллакай Ислом вуҷуд дорад, бояд ягон намояндаи мо он ҷо равад. Далел Салмони форсӣ, ки падараш аз Самарқанд, модараш аз Тоиф аст ва ин шахс яке аз ёварони беҳтарини Пайғамбари Худо (с) буд, ки номи тоҷикро дар дунё машҳур кардааст.

Хулоса, Ҳазрати Алӣ (р) номаро гирифта, имрӯз дер шудааст, пагоҳ мардумро ба сафар омода мекунам, гуфта, ба қароргоҳаш даромада, дам гирифтанӣ мешавад, ки  навкаре омада хабар медиҳад, ки дар муҳорибаҳои гузашта сарасппарвараш (сарсаисаш) Бобо Қамар захмин шудааст. Ҳазрати Алӣ (р) бисёр ғамгин мешавад, зеро ин шахс як мӯйсафеди обруманд, саҳобаи Расули Акрам (с) аст, агар фавтад, ӯро ба Мадина бурдан лозим. Роҳ бошад дур, фасли тобистон аст, мо бояд ба юриш омодагӣ бигирем,- гуфта дар андеша мераваду ғамгин шуда, хобаш мебарад. Дар хоб мебинад, ки аз зери наъли аспаш 44 чашма баромадааст ва дар чор чашма чорёрон, дар чил чашмаи дигар  чилтанҳои худаш истода, аз зери асоҳояшон об баромада равон мегардад, даруни об бошад, пур аз моҳӣ ва мор, мардум обнӯшиву фароғат доранд. Гирду атрофи ин чашмаҳо дарахтони бисёри сарсабз. Ба боло менигарад,  чароғе даргирон. Дар ҳайрат шуда, аз хоб бармехезад ва зуд таъбиргаронро даъват намуда, аз онҳо таъбири ин хобро мепурсад. Чил таъбиргар ду рӯз нишаста, ба ягон хулосаи аниқ намеоянд. Рӯзи сеюм хабар мерасад, ки Бобо Қамар аз дорулфано ба дорулбақо реҳлат кард. Таъбиргарон мегӯянд, ки чароғе, ки дар хоб дидаед, ин ҳамон Бобо ҳаст. Дар куҷое ҳамин чашмаҳо вуҷуд дошта бошад, Бобо Қамарро бурда, дар назди ҳамон чашмаҳо дафн мекунем ва вай чароғи дини Ислом мешавад. Дарҳол бо фармони Амиралмӯъминин чор гурӯҳ ташкил шуда, ба чор тараф фиристонида мешавад. Гурӯҳи аввал дар Бадахшон 28 чашма пайдо мекунад. Гурӯҳи дуюм дар кӯҳҳои Имом Маъдии Эрон  аз мавҷудияти 16 чашма хабар медиҳанд. Гурӯҳи дигар  аз шаҳри Барбар (ҳозира Доғистон) чор чашма меёбанд ва ниҳоят гурӯҳи чорум бо сардории Қутайба ибни Муслим- волии Хуросон  модардарё, яъне Омуро убур карда, ба водии Қубодиён ворид шуда, дар ин ҷо ҳамин Чилучорчашмаро пайдо мекунад. Дар китоб омадааст: «Рӯзи 16-уми моҳи саратони соли 36-и ҳиҷрии қамарӣ,  рӯзи чоршанбе дар тори Чилучорчашма ҷасади Бобо ба хок супорида шуд».

-Бобо кӣ буд?

- Номи аслии он кас Саидҷаъфар ибни Нӯъмони  Бинуфар. Дар китоби Бобоҷон Ғафуров «Тоҷикон» дар бораи авлоди  Нӯъмониҳо як боби калон ҳаст, ки дар давлати Шом ( форсҳо) сулолаи онҳо зиёда аз 214 сол подшоҳӣ кардаанд. Саидҷаъфар низ дар 12 — солагиаш валиаҳд мешавад ва 13 сол бо падараш якҷоя подшоҳӣ мекунад. Баъди 13 сол падараш вафот карда, худаш подшоҳ шуд. Боз 24 соли дигар худаш подшоҳӣ мекунад. Он замон  дини мубини Ислом зуҳур мекунад. Саидҷаъфар ибни Нӯъмони Бинуфар ду-се шаб пайи ҳам дар хоб мебинад, ки ду офтоб ба осмон мебаромад. Таъбиргарону донишмандонро даъват карда, ин хобро барояшон мегӯяд. Чанд нафар аз донишмандон мегӯянд, ки мувофиқи хабарҳои китобҳои осмонӣ (Таврот ва Инҷил) бояд Пайғамбари охирзамон зуҳур карда бошад ва дини мубини Ислом ҷорӣ шавад. Барои фаҳмидани ин хабар подшоҳ ба чор тараф навкарони худро мефиристад. Ниҳоят навкарон аз ҷониби Мадина мужда меоранд, ки дар он ҷо бо сарварии Муҳаммад(с) дини Ислом барпо шудааст. Баъди шунидани ин хабар Саидҷаъфар ибни Нӯъмони Бинуфар аз подшоҳӣ даст кашида, дини мубини Исломро қабул карда, баъдан ба ҳайси асппарвар (сарсаис) ба Расули Акрам (с), баъдан ба ёрони Пайғамбар (с) хизмат кардааст ва мазоре, ки дар баландии теппа мавҷуд аст, аз ҳамин шахсияти бузург аст».

-Ин гуфтаҳои шумо оё аз ҷониби муаррихону олимони замони мо ҳам исбот шудаанд?

-Оре, 30 сентябри соли 2003  бо сардории антропологи номии Федератсияи Россия Анжелика Павловна Дружинина як гурӯҳ олимон ба ин ҷо омаданд, ки дар байнашон намоянда аз  Қувайт ҳам буд. Як қабрро кушоданд ва аз нохунҳои соҳиби он қабр барои санҷиши генетикӣ гирифтанд ва пурра тасдиқ шуд, ки ин шахс соли 712 вафот карда, ин ҷо ба хок супурда шудааст. Аз ҳама аҷибаш ин, ки мо аз химия ва биология медонем, ки ҷисми одам ба ғайр аз косахонаи сару баъзе узвҳои дигар дар байни 60-70 сол аллакай ба хок мубаддал мешавад. Лекин ҷисми ин ҳазрат тамоман тағйир наёфта буд…

-Роҷеъ ба таркиб ва хусусиятҳои шифоии ин обҳо чӣ гуфта метавонед?

- Обҳои ин ҷо 17 гурӯҳанд. Гурӯҳи аввалро чашмаи Муин мегӯянд, аз 30 чашма иборат аст ва дар сарчашмаи он дарахте ҳаст, ки зиёда аз 1052 сол умр дорад. Соли 1980-ум он ба китоби рекордҳои Гиннес (1019 сола қайд шудааст) ворид гардид. Гурӯҳи дуюм — ду чашмаи хуни бинӣ ва гурӯҳи сеюми чашмаҳо барои шифои касалиҳои аз таъсири хунукӣ ба амаломада, гурӯҳи чоруми чашмаҳо (ду чашма) барои давои дардҳои устухон, гурӯҳи панҷуми чашмаҳоро (чор чашма) чашмаи табларза мегӯянд. Солҳои 1996-2006 дар водии Қубодиён бемории вараҷа беҳад зиёд паҳн шуда буд. Беморони зиёд аз ҳамин об истифода бурда, шифо ёфтанд. Гурӯҳи шашуми чашмаҳоро чашмаи шифо мегӯянд, ки оби он ҳамаи нуҳ намуди минералҳоро доро  мебошад. Оби «Баржом»-е, ки машҳур аст, ҳамагӣ шаш намуди минералро дорост. Ин обро даҳҳо сол бурда, нигоҳ доред ҳам, вайрон намешавад. Баъдан, боз ду чашма аст- чашмаи рутубат, ки дар таркибаш радон дорад ва барои фишорбаландон давост, оби як чашмаи дигар барои илоҷи касалиҳои пӯст манфиатовар мебошад. Боз чашмаҳои дигар низ  мавҷуд аст.

Вақте суҳбати мо ба ин ҷо расид , садои телефони мобилии ҳамсуҳбатамон баланд гардид ва коргаронашон барои таъмири генератори барқӣ ӯро даъват намуданд. Ба ростӣ, ҳеҷ намехостем суҳбатамон бо ин марди донишманд ва оддию хоксор анҷом ёбад, вале занги телефонӣ ва дигар заруратҳо (эшонро боз гурӯҳи дигари зоирин интизор буд) ба мо имкон надод, ки ба мусоҳиба идома бахшем.

-Ташаккур барои суҳбат .

Бурҳониддин Каримзода, «Садои мардум»