Понздаҳ — бист сол пеш онҳо дар кӯчаҳои маркази ноҳияи Муъминобод гурӯҳ-гурӯҳ мегаштанд. Сари синаҳояшонро ордену медалҳои зиёд оро медод. Айни ҷавонӣ, солҳои 1943-1944, иштирокчии набардҳои хунини Ҷанги Бузурги Ватанӣ буданд. Аскарони шӯравӣ дар назди Москваю Сталинград матонату диловарӣ нишон дода, душманро шикаст доданд. Дар ин набардҳо ҷавонписарони муъминободӣ Султон Гулов, Ҳафиз Азизов, Назар Далиев, Шароф Бобоев, Абдураҳим Наимов, Халифа Толибов, Хоҷа Бобоев, Бозор Муродов, Маст Каримов, Сулаймон Ҳалимов низ далериҳо нишон доданд. Дар озодкунии шаҳрҳои Севастопол, Киев, Минск, Витебск, Смоленск, Орша, Лвов, кишварҳои Чехословакия, Полша, Венгрия, ҷумҳуриҳои Назди Балтика бошад, ҳамдиёронамон Абдулло Санонов, Санг Боқиев, бародарон Саидҷалол, Шариф, Умаршо Наботовҳо, Мурод Шералиев, Сулаймон Бегматов, Холназар Раҳимов саҳми беандоза гузоштанд. Ҳам онҳо ва ҳам Ҳикмат Азимов, Назрӣ Хушвахтов, Саид Каримов, Қурбон Назаров, Қурбоналӣ Азимов, Наврӯз Маҳмадов, Сулаймон Раҳматов, Раҳмон Шарифов, Маҳмуд Қурбонов, Эмом Раҳмонов, Маҷид Зоиров, Эгам Раҳмонов, Мир Қурбонов, Ғаффор Раҳимов рӯзи таърихии 9 май шоҳиди барафрохтани Байрақи Ғалаба дар Рейхстаги Берлин буданд. Аз шаш ҳазор ҷавонони муъминободӣ дар майдонҳои ҷанг ду ҳазор нафарашон шаҳид шуданд. Чор ҳазор нафари онҳо ба диёр баргашта, дар ободию созандагиҳои кишвар низ корномаҳои меҳнатӣ нишон доданд. Аз ин чор ҳазор нафари аз ҷанг баргашта ҳоло теъдоди ангуштшумор барҳаёт мондаанд. Мо дигар қадамзаниҳои бовиқори афсаронаи онҳоро намебинем. Ордену медалҳои онҳо ба фарзандону набераҳояшон ба ёдгор мондаанд ва аз корзорҳои хунини фронтҳо нақлҳо мекунанд. Корнамоии диловарони Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар ёдҳо, номи онҳо дар дилҳо абадӣ нақш хоҳанд баст.
Нурулло ҲАСАНОВ, ноҳияи Муъминобод