НОРАК. ( Фирӯза ҲАБИБУЛЛОЕВА, «Садои мардум») Дар шаҳри Норак сохтмони бозори нави ҳозиразамон оғоз ёфт.
Бозори нав бо маблағгузории соҳибкори маҳаллӣ Карим Назаров сохта мешавад. Айни замон сохтмони бозор муташаккилона ҷараён дорад.
Дар назар аст, ки бозори навбунёд дар арафаи ҷашни Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон сохта, ба истифода дода мешавад.