ё чӣ зарурате муовини раиси ноҳияро ба таълими шогирдон водор кард?
Ноҳияи ба номи Носири Хусрав яке аз гӯшаҳои дурдасттарини вилояти Хатлон буда, дар нисбати ноҳияҳои ҳамсояи Шаҳритузу Қубодиён мавзеи навобод ба ҳисоб меравад. Бо қарори дахлдори ҳукумати вақт солҳои 70-уми асри гузашта дар заминҳои синабирёни водии Бешкент корҳои созандагию бунёдкорӣ оғоз гардид. Дар ин диёр каналҳои нави обёрӣ бунёд шуда, заминҳои асрҳо инҷониб бекорхобида ба макони киштукори зироатҳои гуногуни кишоварзӣ табдил ёфт. Бо ин мақсад корҳои ҳамворкунии замин ба анҷом расонида шуда, бо маблағгузории ҳукумат манзилҳои истиқоматӣ ва иншоотҳои ёрирасони иҷтимоӣ, фарҳангию тандурустӣ мавриди истифода қарор гирифт.
Солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ин гӯшаи диёри азиз аз назарҳо дур монд. Вақтҳои охир бо дастгирии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва тибқи барномаи махсуси қабулнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои созандагию бунёдкорӣ дар ин диёри файзбор вусъати тоза пайдо намуд. Натиҷаи ҳамин аст, ки бо вуҷуди навобод будан дар ин макон сол то сол соҳаи кишоварзӣ рушд мекунад. Ҳамчунин бунёди корхонаҳои хурди саноатӣ ба роҳ монда шудааст. Солҳои охир аз шаҳру ноҳияҳои гуногуни ҷумҳурӣ оилаҳои ихтиёриён ба ноҳияи Носири Хусрав омада, ин ҷоро макони зисти доимии худ қарор медиҳанд. Агар солҳои пешин дар ин макон мардум асосан ба парвариши пахтаю зироатҳои полезӣ ва ривоҷи бахши чорводорӣ шуғл варзида бошанд, имрӯз акнун боғдорӣ низ ривоҷи тоза гирифтааст. Агар ихтиёриёни аз вилояти Суғдомада парвариши зардолуҳои «Мирсанҷалӣ»-ю «Бобоӣ»-ро ба роҳ монда бошанд, боғдорони аз минтақаи Раштомада бунёди боғҳои дарахтони себу ноки машҳури Раштонзаминро мақсади асосии худ қарор додаанд. Мардуми аксар гӯшаҳои сарзамини Тоҷикистон, ки ин ҷойро манзили зисти доимии худ қарор додаанд, дар ин диёр паҳлуи ҳам мисли хоҳару бародар зиндагӣ мекунанд.
Дар ноҳия, баробари дигар соҳаҳо, ба соҳаи маориф низ диққати зарурӣ дода мешавад. Алҳол дар ноҳия 25 муассисаи таълимӣ, аз ҷумла 22 мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, ду мактаби таҳсилоти ибтидоӣ, як гимназия ва ду боғчаи бачагона фаъолият доранд. Дар мактабҳои ноҳия ба 7774 нафар хонанда 600 нафар омӯзгор дарс медиҳанд. Мактабҳои ноҳия дорои 264 адад компютер ва 58 адад принтер мебошанд.
Тавре ба мо аз Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Носири Хусрав иттилоъ доданд, иҷрои нақшаи компютеркунонӣ 112 фоизро ташкил медиҳад. Ба тарзи дигар гӯем, ба 13 нафар толибилм як компютер рост меояд. Натиҷаи ғамхорӣ ва дуруст ба роҳ мондани кори таълим буд, ки соли гузашта аз 681 нафар хатмкунандагони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия 279 нафарашон ба донишгоҳу коллеҷҳо ва дигар муассисаҳои таълимӣ дохил шуданд, ки нисбат ба соли 2012-ум 90 нафар зиёд мебошад.
Мушкилоти нарасидани кадрҳои омӯзгорӣ дар ин ноҳияи дурдаст масъулинро водор намуд, ки ба шогирдони дабистонҳо дарс диҳанд. Аз ҷумла, муовини раиси ноҳия Бозоргул Саидова, ки хатмкардаи факултети кимиёи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аст, вақт ҷудо намуда, ба таълими шогирдон дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №1 машғул мешавад. Чун мушкилоти нарасидани кадрҳои ихтисосманди фанҳои таълимӣ дар ноҳия ҳис мегардид, дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия хостанд роҳи ҳалли ин мушкилотро пайдо намоянд. Вале чӣ тавр? Дар ин минтақаи дурдаст, ки алҳол душвориҳои иҷтимоӣ ва иқтисодию минтақавӣ вуҷуд доранд, на ҳама кадрҳо майлу хоҳиши кор кардан доранд. Аз ин рӯ, бо пешниҳоди сарвари ноҳия Валӣ Ашӯров ва ҷонибдории муовинаш Бозоргул Саидова кадрҳоеро, ки таҷрибаи қаблии омӯзгорӣ доштанду алҳол дар вазифаҳои масъули соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи ноҳия кор мекарданд, ба таълими шогирдон ҷалб намуданд. Дар машварате, ки бо ин мақсад барпо гардид, ба қароре омаданд, ки барои ҳалли ин масъалаи муҳим кормандони масъули давлатӣ баробари иҷрои вазифаи асосии худ дар вақтҳои холигиашон ба донишандӯзии шогирдон низ машғул шаванд.
Муовини раиси ноҳия Бозоргул Саидова зимни суҳбат ба мо иттилоъ дод, ки айни замон 15 нафар масъулони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва кормандони ҷамоатҳои деҳот, ки ихтисоси қаблии омӯзгорӣ доранд, ба таълиму тадриси мактабиён машғуланд. Худи Бозоргул Саидова ҳафтае ҳашт соат дар рӯзҳои ҷумъаю шанбе ба шогирдон аз фанни кимиё дарс мегӯяд.
Дар суҳбат аз муаллима суол кардем, ки сабақомӯзӣ дар мактаб ба кори асосиаш халал намерасонад? Ӯ ҷавоб гардонд, ки баръакс, ин ҳар ду якдигарро пурра месозанд. -Ман то ба кори масъули давлатӣ гузаштан омӯзгор будам. Дар ин бора таҷрибаи муайяни корӣ низ андӯхтаам. Шогирдонро аз рӯзҳои нахустини ба фаъолияти омӯзгорӣ шурӯъ намуданам инҷониб дӯст медорам. Дар ноҳияи мо баробари нарасидани кадрҳои омӯзгорӣ кормандони соҳаи тиб низ нокифояанд. Барои мутахассиси соҳаи тиб шудан, толибилм, қабл аз ҳама, бояд фанни кимиёро аз бар намояд. Яъне, ман дар ноҳия ба ин кор даст зада, баробари мушкилоти нарасидани кадрҳои омӯзгориро ҳал намудан, ояндаро низ ба назар мегирам. Умедворам, ки аз ҷумлаи шогирдоне, ки алҳол дар мактаб тайёр намуда истодаам, оянда ба Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон чанд нафар дохил мешаванд. Ин бошад, ба ҳалли масъалаи нарасидани кадрҳои соҳаи тиб низ мусоидат мекунад,- мегӯяд Б.Саидова.
Муовини раиси ноҳия иброз медорад, ки бо вуҷуди кӯшишҳои зиёд, айни ҳол дар ноҳия боз 30 омӯзгори соҳибтахассус аз фанҳои гуногун намерасад. Ман фурсатро муносиб дониста, тавассути рӯзномаи дӯстдоштаам- «Садои мардум» аз омӯзгорони муҳтарам, онҳое, ки дар диёри офтобии мо кору фаъолият кардан мехоҳанд, даъват ба амал меорам, ки ба ин макони навбунёд биёянд. Дар ин диёр онҳо имконият доранд, ки бо замини наздиҳавлигӣ таъмин карда шаванд. Ҳамчунин барои зисти доимӣ бо манзили истиқоматӣ қадри имкон таъмин карда мешаванд. Онҳое, ки баробари омӯзгорӣ пешаи деҳқониро низ дӯст медоранд, барои гирифтани замини хоҷагии деҳқонӣ имконият доранд. Ӯ илова мекунад, ки шояд баробари роҳбарӣ ба омӯзгорӣ машғул шуданаш муваққатӣ бошад. Дар сурати пурра таъмин гардидани дабистонҳо бо омӯзгорон ӯ ва дигар хизматчиёни давлатие, ки аз ноилоҷӣ ба таълими шогирдон машғуланд, метавонанд фаъолияти хешро дар соҳаи маориф қатъ намоянд. Вале, имрӯз, ки зарурат вуҷуд дорад, онҳо ин корро идома медиҳанд.
Тибқи қонунҳои амалкунандаи ҷумҳурӣ ба хизматчиёни давлатӣ фаъолияти омӯзгорӣ иҷозат дода мешавад. Агар ин таҷриба дар дигар ноҳияҳое, ки мушкилоти норасоии кадрҳои омӯзгорӣ доранд, амалӣ гардад, самараи дилхоҳ хоҳад дод.
Давлат СУЛТОНОВ, «Садои мардум»