Дар доираи иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба таъмини аҳолӣ бо оби тоза дар ноҳияи Дарвоз 120 хоҷагии деҳаи Кеврон бо оби тозаи нӯшокӣ таъмин шуд.
Дар маросими ба истифода додани хати оби деҳа роҳбарият ва сокинони ноҳия иштирок намуда, Умедҷон Носирзода, раиси ноҳия, ин иқдоми навро дастгирӣ аз сиёсати бунёдкоронаи Роҳбари олии мамлакат арзёбӣ намуд.
Зикр гардид, ки хати оби нӯшокӣ бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, соҳибкорони саховатпешаи маҳаллӣ ва сокинону ҷавонони фаъоли деҳот бунёд ёфта, барои он маблағи 75 000 сомонӣ харҷ гардидааст. Он дар масофаи зиёда аз 6 500 метр кашида шуда, қутри қубураш 75 мм. мебошад.
Раиси ноҳия дар идома ба сокинон баҳри пайваста саҳм гузоштан дар корҳои ободонӣ сипосу миннатдорӣ намуда, зикр кард, ки чунин иқдомҳои меҳандӯстии эшон намунаи ибрат барои дигарон мебошад.
Аҳли деҳот дар навбати худ шукргузории суботи сартосарӣ ва даврони соҳибистиқлолии кишвар намуда, изҳор доштанд, ки ҳамеша аз дастгириҳои рӯзафзуни Ҳукумати мамлакат, хоса Пешвои миллат, бархӯрдор мебошанд ва дар посух ба ҳамаи ғамхориҳои Роҳбари давлат минбаъд низ тамоми талошу кӯшишҳои хешро баҳри ободии диёр афзун хоҳанд намуд.
М. ИМОМНАЗАР,
«Садои мардум»