Ноҳияи Вахш 6 ноябри соли 1965 ташкил ёфтааст. Он аз пойтахти ҷумҳурӣ 120 км ва аз маркази вилоят -шаҳри Қӯрғонтеппа 18 км дур воқеъ гардидааст. Ноҳия 170769 нафар аҳолӣ дорад. Вақте ки сухан дар бораи кишоварзони ин ноҳия меравад, пеши назар чеҳраи деҳқони аз нурҳои пурфайзу пуртаровати офтоб сабзинагашта меояд. Аз самараи дастони пурчини ин деҳқон на фақат бозорҳои вилоят, балки тамоми мамлакат бо сабзавоти тару тоза, хуштаъм, ангурҳои ширину шаҳдрез, харбузаю тарбузҳо таъмин мегарданд.
Тавре зимни суҳбат раиси ноҳияи Вахш Бароталӣ Юсупов иброз дошт, Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Вахш соли 2012 фаъолияти худро баҳри иҷрои супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд, равона намуда, дар ҳама соҳаҳои хоҷагии халқ ба натиҷаҳои хуб ноил гардиданд.
Бароталӣ Юсупов пештар ба ҳайси раиси ноҳияи Ёвон фаъолият дошт. Аз замони фаъолияташ дар ин ноҳия ёдовар шуда, мавсуф минҷумла зикр кард, ки ҳангоме раиси ноҳияи Ёвон таъин шудам, корро аз таҳлили фаъолияти хоҷагиҳо ва аниқ намудани камбудиҳои мавҷуда дар соҳаи кишоварзӣ оғоз намудам. Имкониятҳои мавҷударо бо маслиҳати деҳқонони асилу кордида пайваста мавриди омӯзиш қарор додем.
Заминро хазина, обро гавҳар дониста, каналу ҷӯйборҳоро тоза, насосҳои обкашро таъмир намудем. Дар натиҷа, ҳам дар соҳаи чорводорӣ ва ҳам саноат ба дастовардҳои назаррас ноил шудем. Аз Ҷумҳурии Белорус 200 сар чорвои калони шохдори ба иқлими ноҳия тобовар ва аз ноҳияи Ҳисор 800 сар гови дӯшоӣ оварда, аз ҳар яктои онҳо рӯзе то 18- 20 кг шир мегирифтем. Саноати ноҳияро низ бо кӯшишу ғайрати кадрҳои маҳаллӣ ба по хезондем. Солҳои 2010- 2011 заводи коркарди маҳсулоти ширӣ, заводи равғанбарории ба номи «Ато», заводҳои пахтатозакунии «Экон» ва «Умед» мавриди истифода қарор гирифтанд, ки дар натиҷа миқдори зиёди ҷойҳои нави кор ташкил шуд.
Бино ба гуфти Бароталӣ Юсупов, чунин тарзи кор дар ноҳияи Вахш низ идома ёфта, дар тамоми соҳаҳо пешравиҳо ба мушоҳида мерасанд.
Деҳқонони соҳибтаҷрибаи ноҳия корро тибқи қоидаҳои агротехникӣ ташкил намуда, ба комёбиҳои назаррас ноил гардиданд. Меҳнати софдилонаи меҳнаткашони ноҳия буд, ки соли 2012 дар бахшҳои хоҷагидорӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 536,5 млн. сомониро ташкил дод, ки дар муқоиса ба соли 2011 ба маблағи 40,4 млн. сомонӣ зиёд мебошад. Дар бахшҳои хоҷагидорӣ соли 2012 дар майдони 23655 гектар зироат кишт шуд, ки нисбати соли 2011-ум 984 гектар зиёд аст.
Дар майдони 166 гектар боғи нав бунёд гардид, ки ба 100 фоизи иҷрои нақша баробар мебошад. Дар ноҳия аз 56694 гектар замини чарогоҳ 2670 гектар барои алафдаравӣ ҷудо гардидааст. Дар ҳама шаклҳои хоҷагидорӣ саршумори чорвои калон ба 37614 сар (ҷамъиятӣ -2768 сар, аҳолӣ -34846 сар) расидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1317 сар зиёд мебошад.
Соли гузашта нақшаи даромади буҷети давлатӣ 102,8 фоиз иҷро гардида, ба буҷет 15 млн. 289 ҳазор сомонӣ маблағ ворид шуд. Ҷоиз ба зикр аст, ки беш аз 89 фоизи маблағҳои буҷет ба соҳаи маънавиёт равона гардида, аз ҷумла дар соҳаи маориф (17,8 млн. сомонӣ) 62 фоиз, тандурустӣ (6,4 млн. сомонӣ) 22 фоиз ва фарҳанг (959 ҳазор сомонӣ) 3,4 фоизро ташкил медиҳад.
Барои мусоидат ба рушди соҳаи маориф дар ноҳия 61 муассисаи таълимӣ, аз ҷумла 44 мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, 15 мактаби асосӣ, як литсей, як интернат, ҳашт кӯдакистон фаъолият мекунад. Дар ин муассисаҳои таълимӣ 1636 нафар омӯзгорон фаъолият доранд, ки 631 нафарашон занҳо мебошанд. Барномаи компютеркунонӣ дар муассисаҳои маориф 80 фоиз (753 адад компютер) таъмин шудааст.
Дар ноҳия ҳафт беморхона, 13 маркази саломатӣ ва 47 бунгоҳи тиббӣ фаъолият менамояд ва ба масъалаи баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии тиббӣ таваҷҷуҳи махсус дода мешавад.
Дар ноҳия 18 китобхона ба мардум хизмат мерасонад. Дар ин китобхонаҳо 136224 нусха китоб бо забонҳои гуногун мавҷуд аст. Ба маблағи 79 ҳазор сомонӣ Кохи фарҳанги ноҳия аз таъмир бароварда шуд.
-Мардуми ноҳия Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро ҳаматарафа риоя мекунанд. Соли гузашта 3823 маърака бо маблағи 7,7 млн. сомонӣ барпо гардидааст, ки ба як маърака 2032 сомонӣ рост меояд. — Баҳри иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2010 таҳти №707 «Дар бораи гирифтан ва ба Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Вахши вилояти Хатлон додани қитъаҳои барои маҳалҳои аҳолинишин» кори комиссияи ноҳиявӣ нисбати тақсимоти 413,3 гектар замин барои оилаҳои эҳтиёҷманд муташаккилона идома дорад. Ҳоло 229 гектар замин ба 2153 оила тақсим шуда, дар ин самт кор давом меёбад, — изҳор дошт зимни суҳбат раиси ноҳияи Вахш Бароталӣ Юсупов.
Меҳнаткашони ноҳияи Вахш, Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки имкониятҳои мавҷударо самаранок истифода намуда, дар амри ноил шудани кишвар ба ҳадафҳои стратегӣ саҳми босазо гузоранд.
Давронбек КАРИМОВ,
ноҳияи Вахш