Дар моддаи 1 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот» чунин зикр шудааст: «…худидоракунии шаҳрак ва деҳот фаъолияти аҳолии шаҳрак ва деҳот мебошад, ки бевосита ё ба воситаи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот таҳти масъулияти худ барои ҳал намудани масъалаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии аҳамияти маҳаллидошта, бо назардошти манфиатҳои маҳаллӣ, амалӣ мегардад».
Дар ин воҳиди марзиву маъмурӣ мақомоти худидоракунӣ мутобиқи талаботи қонуни мазкур дорои салоҳиятҳои махсус мебошад. Чунончӣ, ба салоҳияти ҷамоатҳо ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ, ободонӣ, ҳифзи муҳити зист, мусоидат ба шуғли аҳолӣ, назорати танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дохил мешаванд.
Атрофи ин масъала бо раиси Ҷамоати деҳоти ба номи Айнии ноҳияи Хуросон Ҷамшед Асадуллоев ҳамсуҳбат гаштем. Тавре ӯ ба мо иттилоъ дод, дар 16 деҳаи ҳудуди деҳот бештар аз 25 ҳазор аҳолӣ зиндагӣ доранд. Майдони умумии замини кишт 2230 гектарро ташкил медиҳад. Дар раванди ислоҳоти аграрӣ дар заминаи хоҷагиҳои калон 160 хоҷагии деҳқонӣ ташкил ёфт. Кишоварзон ба парвариши пахта, меваю сабзавот, боғдорӣ ва истеҳсоли дигар намуди маҳсулот машғуланд.
Майдони кишти пахта 1550 гектарро ташкил медиҳад. Нишондиҳандаҳои истеҳсолии ин зироат сол то сол бештар мегардад. Порсол хоҷагиҳои деҳқонӣ зиёда аз 6 ҳазор тонна пахта ҷамъ оварда буданд. Ҳосилнокӣ аз ҳар гектар дар баъзе хоҷагиҳои деҳқонӣ то 50 сентнерӣ расонида шуд. Пахтакорон аз истеҳсоли маҳсулот даромади хуб мегиранд, ки боиси рушди минбаъдаи ин соҳа ва беҳтар намудани вазъи зиндагӣ мегардад.
Аз суҳбат бо раиси Ҷамоат Ҷамшед Асадуллоев маълум гардид, ки ба инкишофи зироатҳои дигар низ аҳамияти калон дода мешавад. Бахусус ба бунёди боғҳои нав таваҷҷуҳ бештар аст. Давоми ду- се соли охир майдони боғ ба 140 гектар расонда шуд. Дар ҳудуди ҷамоати деҳот имкони ҳар сол то 40- 50 гектар васеъ намудани майдони боғ мавҷуд аст. Бештар навъҳои дарахтоне парвариш мешаванд, ки ба иқлими маҳал мутобиқ ва серҳосил бошанд.
Бори нахуст дар панҷ гектар қаламчаи писта шинонда шуд. Дар ин майдон ниҳоли пистаи маҳаллӣ, ки бо навъи эронӣ пайванд шудааст, парвариш меёбад. Таҷриба нишон дод, ки дар замини обӣ ин навъи писта ҳосили хуб медиҳад.
Ба ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ, ободонии деҳот низ аҳамият дода мешавад. Бахусус хизматрасонии тиббӣ, нисбати солҳои қаблӣ, беҳтар гаштааст. Беморхонаи марказӣ, ки дорои чор шуъба мебошад, ба мардуми деҳот хизмат мерасонад. Ҳоло дар нуҳ деҳа бунгоҳи тиббӣ фаъолият дорад. Бо кӯмаки мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ба нақша гирифта шудааст, ки дар тамоми деҳаҳои ҳудуди деҳот бунгоҳҳои тиббӣ кушода шаванд.
Дар муассисаҳои таълимӣ бештар аз 5560 нафар хонандагон ба таҳсил фаро гирифта шуданд. Ба кори таълиму тарбияи онҳо 315 омӯзгорон машғуланд, ки 145 нафарашон занон мебошанд. Вобаста бо афзоиши теъдоди хонандагон дар назди мактабҳо 20 синфхонаҳои иловагӣ сохта шуд, ки дар сохтмони он аҳолии деҳот кӯмаки худро расонданд. Ба беҳтар намудани шароити зиндагии омӯзгорон низ аҳамият дода мешавад. Имсол 45 нафар омӯзгорон бо замини наздиҳавлигӣ таъмин шуданд.
Фароҳам овардани шароити мусоиди омӯзгорон ба сифати таълиму тарбия ҳам таъсири мусбӣ мерасонад. Ҳоло аз деҳоти Айнӣ зиёда аз 500 нафар дар мактабҳои олии ҷумҳурӣ таҳсил мекунанд.
Сохта шудани ду корхонаи хишт ва беҳтар гаштани фаъолияти корхонаи пахтатозакунӣ ба зиёд гардидани истеҳсоли маҳсулот мусоидат менамояд. Ҳамчунин ба ин восита ҷойҳои нави корӣ таъсис мешаванд. Давоми ду соли охир 300 нафар ба ҷойи кор таъмин гаштанд, ки дар соҳаҳои кишоварзӣ, сохтмон ва соҳибкорӣ фаъолият доранд.
Ба масъалаҳои ободонӣ низ диққат медиҳанд. Имсол ба чор деҳа хати оби нӯшокӣ гузаронида, роҳҳо таъмиру сангфарш шуданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зарурати риояи ҳатмии қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»-ро таъкид намуда буд. Назорати танзими анъана ва ҷашну маросимҳо низ мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот» ба салоҳияти Ҷамоати деҳот вогузор шудааст. Тавре аз суҳбат бо раиси Ҷамоати деҳоти Айнӣ Ҷамшед Асадуллоев маълум гашт,бо мақсади иҷрои ин қонунҳо аз ҳисоби вакилони ҷамоат, фаъолон ва шахсони обруманд комиссияҳои ҷамъиятӣ ташкил шудааст. Ҷашну маърака ва маросимҳои мардумӣ дар доираи талаботи қонун гузаронида мешаванд. Имсол бо дастгирии соҳибкорону шахсони саховатпеша хатнасури 100 нафар фарзандони оилаҳои бепарастору камбизоат ва тӯйи домодию арӯсии панҷ оилаи ҷавон баргузор гардид. Ба оилаҳои камбизоат, шахсони эҳтиёҷманд мунтазам кӯмак расонида мешавад. Онҳо дар ҷашну чорабиниҳои хайриявӣ ва дигар амалҳои инсондӯстонаву ҷавонмардона фаъолона иштирок намуда, ёрии худро дареғ намедоранд.
Вобаста ба иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» бо ҷалби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар мактабҳо ва байни мардум мунтазам суҳбату вохӯриҳо доир мегардад.
Ҷавонону наврасон бештар ба шуғли фоидаовар, чорабиниҳои гуногун ҷалб мешаванд. Дар шаҳрчаи Уялӣ варзишгоҳ сохта шуд, ки он ҷо мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ доир мегарданд.
Андешидани ин чорабиниҳо манфиати бештар дошта, ба густариши худшиносии миллӣ, ҳисси ватандӯстии мардум, бахусус насли наврас, мусоидат мекунад.
Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум»