МУЪМИНОБОД. ( Ҳусния МӮСОЕВА) Дар ноҳияи Муъминобод се сол аст, ки курси семоҳаи дӯзандагӣ ( роҳбараш соҳибкор С. Ҷалолов) фаъолият мекунад. То имрӯз зиёда аз 400 нафар духтарон дар он таҳсил кардаанд. Имсол ҳам 25 нафар ҷавондухтарони ноҳия ва инчунин духтарони аз дигар шаҳру ноҳияҳо омада, дар ин ҷо таҳсил карда, касби дӯзандагиро омӯхтанд. Онҳо соҳиби ҳунар ва шаҳодатномаҳои касбӣ шуда, дӯхтани куртаҳои гулдӯзӣ, куртачаҳои тифли навзод ва хилъату дастпӯшакҳоро омӯхтанд.
Фаъолияти иттилоотии мо ҷиҳати ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва нуфузи давлатамон дар арсаи байналмилалӣ бояд бамаротиб беҳтар карда шавад.
Эмомалӣ Раҳмон