Мужда

Дурнамои истеҳсоли пахта иҷро гардид

№140-141 (3125-3126) 04.11.2013

Кишоварзони яке аз вилоятҳои калони пахтакории ҷумҳурӣ- вилояти Хатлон аз иҷрои дурнамои солонаи истеҳсоли пахта сарбаландона мужда расониданд. Тибқи маълумоти фаврии Сарраёсати кишоварзии вилояти Хатлон, то ин дам аз майдони 128 ҳазору 123 гектар замин беш аз 271 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ карда шудааст, ки иҷрои дурнамои солонаро беш аз 101 фоиз  таъмин менамояд. Тибқи ҳамин маълумоти фаврӣ, ҳосилнокии ҳар як гектар замин беш аз 21,5 сентнериро ташкил медиҳад, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта аз ҳар як гектар қариб 1 сентнерӣ зиёд аст. Ҷамъи пахтаи ғундоштаи кишоварзон бошад, дар вилоят нисбат ба ҳамин шабу рӯзи соли гузашта қариб 3 ҳазор тонна зиёдтар аст.

Дар ғалабаи имсолаи пахтакорони вилоят саҳми деҳқонони қариб ҳамаи шаҳру ноҳияҳои пахтакории вилоят назаррас аст. То имрӯз аз 19 шаҳру ноҳияи пахтакор 18 — тояш дурнамои солонаи истеҳсоли пахтаро иҷро намуданд. Саҳми деҳқонони ду ноҳияи калонтарини пахтакории вилоят- ноҳияҳои Бохтар ва Ёвонро махсусан қайд бояд кард. То имрӯз деҳқонони бохтарӣ беш аз 26 ҳазор тонна «тиллои сафед» ғундошта бошанд, пахтакорони ноҳияи Ёвон ин нишондиҳандаро ба беш аз 27 ҳазор тонна расонидаанд. Дар ҷадвали рафти ҷамъоварии ҳосили пахта ин ду ноҳия дар вилоят яке аз ҷойҳои аввалинро ишғол менамоянд.

Аз ҷумлаи дигар ноҳияҳои калони пахтакори вилоят ноҳияҳои Фархор, Вахш, Восеъ, Ҷомӣ, Румӣ, Қубодиён, Ҷиликӯл ҳисоб меёбанд. Дар ин ноҳияҳо хирмани умумии ҳосил то ба имрӯз аз 16,5 ҳазор то 22,5 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад. Ҳамчунин дар таъмини ғалабаи пахтакорони хатлонӣ кишоварзони ноҳияҳои Хуросон, Шаҳритуз, Панҷ, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Данғара, Кӯлоб, Носири Хусрав ва шаҳрҳои Сарбанду Қӯрғонтеппа низ назаррас аст. Пахтакорони ноҳияи Қумсангир бошанд, то имрӯз қариб 12 ҳазор тонна зар ғундошта, ҳосилнокии ҳар як гектарро ба бештар аз 21,5 сентнерӣ расониданд. Онҳо низ имконият доранд, ки дар сурати пурра сафарбар намудани ҳамаи қувваи қобили меҳнат ва ҳавасмандии чинакчиён дурнамои солонаи истеҳсоли пахтаро таъмин намоянд.

Омилҳои асосии иҷрои дурнамои солонаи истеҳсоли пахта дар вилояти Хатлон зиёданд. Парваришу нигоҳубини тухмиҳои хушсифати пахта, кишту нигоҳубини саривақтии майдонҳои пахта ва аз ҳама муҳимаш ба саҳмдорон мувофиқи дархосту хоҳишашон тақсим намудани саҳми заминашон, ҳамчунин нисбати порсола баланд шудани нархи хариди пахта дар бозори ҷаҳонӣ имкон дод, ки пахтакорони вилоят ба фатҳи марра ноил гарданд. Воқеан ҳам тибқи дастуру супоришҳои Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва қарори дахлдори Ҳукумати ҷумҳурӣ ба соҳибони ҳақиқиашон тақсим карда додани замин имкон дод, ки мардум барои парвариши пахта ва гирифтани фоидаи хуб ҳавасманд гарданд.

Тибқи маълумоти оморӣ, то имрӯз дар ҳудуди вилоят қариб 50 ҳазор хоҷагиҳои деҳқонӣ таъсис ёфтаанд. Ҳоло он ки дар солҳои Ҳокимияти Шӯравӣ ва солҳои аввали Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шумораи онҳо ангуштшумор буд. Аз ин шумораи умумии таъсисёфтаи хоҷагиҳои деҳқонӣ беш аз 46 ҳазор ададашон то имрӯз соҳиби сертификати истифодаи замин гардидаанд. Вале ин равандро дар вилояти Хатлон анҷомёфта ҳисобидан барвақт аст, зеро тибқи андешаи мутахассисон, танҳо марҳилаи аввалини тақсими замин дар вилоят анҷом ёфтааст. Марҳилаи дуюм бошад, ки ҳоло дар вилоят ҷараён дорад, соҳиби сертификати истифодаи замин гардидани ҳар як саҳмдори хоҳишманд аст. Бо вуҷуди баъзе монеаҳои сунъӣ ва майлу хоҳиш надоштани як қисм аз сарварони хоҷагиҳои деҳқонию кооперативҳои истеҳсолӣ, ин марҳила дар шаҳру ноҳияҳои вилоят идома дорад.

Дар масъалаи хариди натиҷаи дастранҷи деҳқонон аз ҷониби корхонаҳои коркарди маҳсулоти пахта гуфтан мумкин, ки дар вилоят як навъ рақобати солим тибқи талаботи бозорӣ ба роҳ монда шудааст. Имрӯз дар ҳудуди вилоят 54 корхонаи коркарди пахта мавҷуд аст. Деҳқонон барои фурӯши маҳсули дастранҷи ҷамъовардаашон озоданд. Онҳо метавонанд тибқи майлу хоҳиш нархи хариди пахтаро ба назар гирифта, маҳсули дастранҷашонро ба корхонаҳои дилхоҳи коркарди пахтаи ҳудуди вилоят супоранд. Он кишоварзон, ки аз солҳои пешин таҷриба андӯхтаанд, мекӯшанд пахтаи ҷамъовардаашонро ба он корхонаҳое супоранд, ки маблағи бештарашон медиҳанд. Ҳамчунин барориши нахи пахта низ ба ҳисоб гирифта мешавад. Дар ҳудуди вилоят корхонаҳое ҳастанд, ки аз як тонна пахта то 40 фисад ва бештар аз ин нах истеҳсол мекунанд. Ин омил низ барои маҳсули зиёдтари дастранҷи пахтакоронро ба даст овардани онҳо низ сабаб мегардад. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят низ назорат мебарад, ки ҳуқуқу манфиатҳои пахтакорон аз ҷониби соҳибони корхонаҳои коркарди пахта ҳангоми супоридани ҳосил поймол нагардад.

Дар вилоят имрӯз асосан навъи пахтаҳое мавриди истифода қарор мегиранд, ки аз хориҷи кишвар ворид карда шудаанд. Махсусан навъи туркии «флора», ки дар иқлими вилоят самаранокии худро нишон додааст, соли ҷорӣ қариб 70 фоизи майдони умумии кишти пахтаро ташкил дод. Ҳамчунин ба тариқи таҷриба навъҳои хитоию амрикоӣ низ мавриди истифода қарор гирифтаанд. Баробар ин, ҳаминро ҳам бояд зикр кард, ки дар ҳудуди вилоят хоҷагии тухмипарварии «Авесто»-и ноҳияи Қубодиён, ки ба он деҳқони асилу чашмикордон Раҳматулло Абдуллоев сарварӣ мекунад, ва хоҷагиҳои тухмипарварии дигар низ вуҷуд доранд. Дар ин хоҷагӣ тавассути ҳамкорӣ бо олимону мутахассисони тоҷик навъҳои беҳтарини пахта, бахусус навъи маҳиннах, парвариш карда мешавад, ки бо вуҷуди монеаҳои сунъӣ дар истеҳсолот ба хубӣ роҳ ёфта истодааст. Хуб мешуд, ки дар оянда баробари навъҳои хориҷӣ ба навъҳои беҳтарини маҳаллии пахта низ эътибори зарурӣ дода шавад. Ин имкон медиҳад, ки натиҷаи заҳмати олимони тоҷик низ мавриди истифодаю баҳрабардорӣ қарор гирад.

Дурнамои солонаи истеҳсоли пахта иҷро шуда бошад ҳам, дар саҳро ҳосили ҳанӯз нағундошта хеле зиёд аст. Деҳқонони хатлонӣ имкон доранд, ки дар сурати хубу мусоид омадани обу ҳавои фасли тирамоҳ ҷамъоварии умумии ҳосилро ба 300 ҳазор тонна расонанд.

Давлат СУЛТОНОВ, «Садои мардум»