Соли 2010 бо ибтикор ва дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мавзеи Фахрободи ноҳияи Хуросон бунёди боғу токзори нав ва барқарорсозии боғҳои куҳна оғоз ёфта буд. Минбаъд чунин иқдом дар ин мавзеъ ва дигар хоҷагиҳои ноҳия вусъати тоза пайдо кард.
1. Таҷдиди хоҷагиҳои деҳқонӣ бояд фоидаовар бошад
Азхудкунии талу теппа ва заминҳои бекорхобидаи мавзеи Фахробод ба ибтидои солҳои 70-уми асри гузашта рост меояд. Воқеан чунин тадбирҳои азхудкунии заминҳои асрҳо бекорхобида ҳамон солҳо сар то сари ҷумҳурӣ, аз қабили водии Бешкент, Тошробот, Қарадум ва ғайра, ки ҳоло аз заминҳои ин мавзеъҳо ҳосили фаровони маҳсулоти кишоварзӣ гирифта мешаванд, оғоз гардида буд.
Азхудкунии мавзеи Фахробод дар маркази диққати роҳбарияти ҳизбӣ ва давлатии он солҳо қарор дошт. Собиқадори меҳнат Нӯъ-мон Қурбонов, ки солҳои зиёд дар вазифаҳои роҳбарикунанда фаъолият дошт, дар яке аз суҳбатҳояш аз рафти корҳои азхудкунии мавзеи Фахробод ёдрас шуд.
Моҳҳои сентябр-октябри соли 1974 котиби якуми КМ ПК Тоҷикистон Ҷаббор Расулов чанд нафар вазирон ва дигар кормандони масъули ташкилоту муассисаҳоро даъват намуд. Дар ин вохӯрӣ Нӯъмон Қурбонов низ иштирок дошт, ки он вақт вазифаи муовини раиси Иттиҳодияи ҷумҳуриявии «Тоҷикселхозтехника»-ро бар уҳда дошт. Ҷаббор Расулов масъалаи ҳамвор кардани талу теппаҳои мавзеи Фахрободи ноҳияи Куйбишев (ҳамаи хоҷагиҳои ноҳияи Хуросон он солҳо тобеи ин ноҳия буданд) ва он ҷо бунёд намудани ангурзор ва боғҳои саноатиро ба миён гузошт. Масъулинро вазифадор кард, ки ҳар чӣ бештар боғу токзор дар ин мавзеъ бунёд карда шавад.
Дар Фахробод ситоди корӣ бо сардории раиси Иттиҳодияи «Селхозтехника»-и ноҳияи Куйбишев Н.Шарифов ташкил ёфт. Ман аз иттиҳодияҳои «Селхозтехника»-и ноҳияҳо 35 адад трактори пуриқтидори тамғаи «С-100» бо булдозеру скрепер ба ин ҷо расондам. Корҳои заминҳамворкунӣ бомаром идома ёфт ва давоми солҳои 1974-1975 қариб 500 гектар замин тахту ҳамвор карда, боғу токзори нав бунёд гардид. Баробари ин биноҳои истиқоматӣ, корхонаи коркарди ангур ва дигар иншоотҳои зарурӣ сохта шуданд.
Ин ҷо совхози боғдории Фахробод, баъдан ба номи Ҷаббор Расулов ташкил ёфта, аз рӯйи натиҷаи истеҳсолӣ дар ҷумҳурӣ аз беҳтаринҳо дониста мешуд,- изҳор дошт ҳамсуҳбатам.
Дар солҳои даргириҳои дохилӣ хоҷагӣ ба мушкилии зиёд рӯ ба рӯ шуд. Баъдан дар раванди ислоҳоти аграрӣ дар заминаи ин хоҷагӣ 118 хоҷагии хурди деҳқонӣ ташкил ёфт. Аммо бо таҷдиди хоҷагиҳои сершумори деҳқонӣ истеҳсолотро натавонистанд роҳандозӣ намоянд. Баръакс, боғу токзор хушк шуда, аз ҳосил монд, зеро маблағ, механизм, сӯзишворӣ, нурӣ ва об намерасид.
- Ин ҳолати ташвишовар моро маҷбур сохт, ки тадбирҳои зарурӣ андешем, — гуфт дар суҳбат муовини аввали раиси ноҳияи Хуросон Саидхӯҷа Каримов. -Ба ҷойи 118 хоҷагии деҳқонӣ соли 2009 як хоҷагии деҳқонии намунавии «Асадулло» таъсис дода шуд. Таҷриба собит кард, ки дар минтақаҳои лалмӣ ташкили хоҷагиҳои хурди деҳқонӣ нисбати заминҳои обӣ чандон ба мақсад мувофиқ намебошад. Таъсиси хоҷагиҳои нисбатан калон беҳтар аст, зеро техника, сӯзишворию нуриҳои минералӣ ва дигар воситаҳои зарурии истеҳсолӣ аз як марказ назорат ва истифода мешавад.
Давоми ин солҳо дар хоҷагии деҳқонии «Асадулло» (роҳбараш Абдулҳамид Азизов) бештар аз 1306 гектар боғи нав бунёд гардид. Инчунин боғҳои куҳнаро низ барқарор менамоянд. Ба воситаи шаш насос аз дарёи Кофарниҳон ба ин мавзеъ об оварданд. Бо усули обёрии қатравӣ ниҳолҳо парвариш меёбанд. Қариб 99 фоизи ниҳолҳо сабзидаанд ва усули обёрӣ бартарии худро нишон дод.
Дар хоҷагии деҳқонии «Асадулло» ба парвариши дигар намуди зироат низ машғуланд. Замини корами лалмии ин хоҷагӣ 2,6 ҳазор гектарро ташкил медиҳад. Дар хоҷагӣ ҳоло бештар аз 1800 нафар бо ҷойи кор таъмин шудаанд. Музди меҳнати онҳо бо ҳисоби миёна аз 300 то 700 сомониро ташкил медиҳад. Илова бар ин, онҳо давоми сол 400-500 килоӣ гандум ҳамчун кӯмак мегиранд.
Боздиди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо боғдорони хоҷагии деҳқонии «Асадулло» ва фаъолони ноҳия (11 майи соли 2013) ба аҳли заҳмати ин хоҷагӣ рӯҳу илҳоми тоза бахшид. Баъди ду-се соли дигар ин боғҳо ҳосил медиҳанд ва боиси фаровонии меваю сабзавот гашта, ба афзоиши маҳсулоти содиротӣ мусоидат мекунад.
2. Себи қадпастро чӣ ном бошад?
Иқлими ин мавзеъ барои парвариши намудҳои зиёди меваю сабзавот, ангур мувофиқ мебошад.
Бо истифода аз шароити мусоид ҳоло навъҳои гуногуни олу, гелос, зардолу, олуча, бодом, анор, чормағз, анҷир, биҳӣ, себу нок парвариш меёбанд ва масоҳати боғҳо васеъ мегарданд. Талу теппаҳои хушку бегиёҳи ду тарафи шоҳроҳи Душанбе-Қӯрғонтеппаро ниҳолҳои сарсабзи олуи сиёҳ ва токзори нав пӯшонидаанд.
- Дар хоҷагии деҳқонии «Асадулло» бисёр навъи ниҳолҳо бори нахуст ва барои таҷриба парвариш меёбад, — иброз дошт дар идомаи суҳбат Саидхӯҷа Каримов. Чунончӣ, аз кишвари Краснодари Федератсияи Россия навъи нави себ овардем, ки дар ҷумҳурӣ бори нахуст парвариш меёбад. Он қади паст дошта, мисли токи ангур сершоху панҷа аст. Аз замин навдаҳояш паҳн мешаванд ва ҳосил мебанданд. Шояд дар кишвари Краснодари Федератсияи Россия онро аз дигар давлат оварда бошанд, ки он ҷо ҳам ном надорад. Аз ин сабаб онро шартан себи қадпаст ном гузоштаем. Ин навъи себ нисбати навъҳои дигар, ки ҳоло дар ҷумҳурӣ парвариш меёбанд, 8-10 баробар бештар ҳосил медиҳад.
Пешпаз буда, тамъи ширин дорад. Сим кашида, мисли токи ангур навдаҳои онро мебанданд, то аз серҳосилӣ нашикананд ё ба замин нахобад. Барои зиёд қад накашидан навдаҳои себро чун навдаи ток мебуранд.
Дар ноҳия ин навъи себ дар майдони 15 гектар парвариш меёбад ва соли дуюм аст, ки ҳосил медиҳад. Дар замини обӣ парвариши он ба мақсад мувофиқ мебошад.
Ин навъи себ дар кишвари мо, ки иқлими гарм, оби фаровон дорад, шояд нисбати минтақаҳои дигари дунё серҳосилу хуштамъ шавад.
Баъди гузаштан аз санҷиш вобаста ба тамъ ва намудаш олимону мутахассисон шояд ба ин навъи себ номи мувофиқ ёбанд. Бо гузашти солҳо ин себи ҷойдорӣ дониста хоҳад шуд.
3. Мактаби таҷрибаи пешқадам
- Умуман ниҳолҳое, ки аз беруни ҷумҳурӣ оварда, дар минтақаи Фахробод шинонида мешаванд, санҷишӣ мебошанд, — мегӯяд Саидхӯҷа Каримов. — Баъди санҷиш аз ҷониби олимону мутахассисон ин намуди меваҳо баҳогузорӣ ва ба парвариши он ба дигар минтақаҳо тавсия дода мешаванд.
Хоҷагии деҳқонии «Асадулло» навтаъсис аст. Мутобиқи дастуру пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин хоҷагӣ асосан навъҳои серҳосилу содиротии дарахтони мевадиҳанда шинонида шудааст. Тавре Сарвари давлат дар мулоқоташ бо аҳли заҳмати хоҷагӣ таъкид дошт, бунёди чунин боғу токзори намунавӣ дар иҷрои барномаҳои давлатии ин соҳа, тақвият ба амнияти озуқавории ҷумҳурӣ мебошад.
Васеъшавии майдони боғу токзор, навъҳои гуногуни ниҳолҳои мевадиҳанда хоҷагии деҳқонии «Асадулло»-ро ба мактаби таҷрибаи пешқадам табдил хоҳад дод. Навъҳои нав ва гуногуни меваю ангур баробари парвариш ёфтан, инчунин манбаи омӯзиш ва таҷрибаи олимону мутахассисони бахши кишоварзӣ ва донишҷӯёни мактабҳои олӣ хоҳад шуд.
Ҳамзамон вобаста ба афзоиши истеҳсоли меваю ангур, сохта шудани корхонаҳои коркарди маҳсулот ва захираи он дар назар аст. Бо ин васила ҷойҳои нави корӣ таъсис ёфта, сатҳи некуаҳволии мардуми деҳот боз ҳам беҳтар мегардад.
Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум»