Файзи ҳунар

№29-30 (3014-3015) 11.03.2013

Убайдулло Баротов дар ноҳияи кӯхистони Ховалинг чашм ба олами ҳастӣ кушода бошад ҳам, дар оғӯши табиати паҳновари ноҳияи Фархор ба камол расида, дар ин гӯшаи бостонии Ватани азизамон умр ба сар мебарад. Чун дигар муҳоҷирон, дар соли 1949, ки Убайдулло акнун дусола шуда буд, оилаи онҳо низ ба Фархор кӯч баст. Шароити солҳои баъдиҷангӣ ба ҳама маълум. Ҳатто барои зиндагии миёнаҳолона  оддитарин шароит мавҷуд набуд. Мардуми бечора аз касофатии ҷанги Гитлери хунхор азоби зиёдро пушти сар карданд. Вале муҳим он буд, ки ин ҷанги хонумонсӯз бо ғалабаи мардуми шӯравӣ ва шикасти фашистон анҷомид. Пиру ҷавон бо рӯҳбаландӣ ва дилгармии беандоза бузург ба кор часпида, аз пайи бартараф кардани зиёнҳои расонидаи ҷанг шуданд.

Мақсад аз кӯчонидани аҳолии кӯҳистон ба таҳдашту водиҳо, пеш аз ҳама, баланд бардоштани иқтисодиёти мамлакат, беҳтар намудани зиндагии мардум буд. Заминҳои солҳои сол бекорхобида ва ба туғайзору қамишзор табдилёфта муштоқи навозишу меҳрубонӣ ва ҳосил бахшидан буданд. Пахта бошад, ашёи стратегӣ маҳсуб меёфт. Падари Убайдулло — амаки Раҳматулло, дар қатори дигарон, бо аҳли оилааш ба пахтакорӣ машғул шуд. Дар ин ҷабҳа пиру ҷавони деҳа, бахусус дар мавсими корӣ, ки баъзе солҳо ҳатто аз охири зимистон то фарорасии он тӯл мекашид, ба пой рост буданд. Фидокорона меҳнат мекарданд. Ҳар пағаи пахтаро баробари резаи нон аз замин мебардоштанд.

Устухони Убайдулло ҳам аз хурдӣ дар саҳроҳои колхозӣ бо меҳнат шах шуд. Баробари таҳсил дар мактаби деҳаи ба номи Лоҳутии Ҷамоати деҳоти «Ватан», бо анҷоми дарсҳо ба саҳро мешитофт. Илова бар ин, боз чорвои шахсиашонро нигоҳубин кардан лозим меомад. Вале аҷибаш дар он буд, ки бо ин ҳама меҳнати машаққатнок, касе шикояте надошту звено ба звено, бригада ба бригада, хоҷагӣ ба хоҷагӣ мусобиқакунон кӯшиш менамуданд, ки ҳосили аз ҳама зиёд ба даст оваранд. Дар охири сол бошад, онҳоро даромади калони пули меҳнатии маъмул бо «ҳаққи иловагӣ» интизор буд. Бачаҳои он солҳо ана дар ин гуна шароит ба воя мерасиданд.

Солҳои 1966 – 1969 – ро Убайдулло дар хизмати аскарӣ сипарӣ намуд. Дар ҳамон ҷо ҳам обутоби давраи наврасию ҷавонӣ ва панҷаҳои пурҳунараш кор дод. Байни аскарону афсарон обруву эътибор дошт, чунки коре набуд, ки аз уҳдааш набарояд. Баъди баргаштан ба зодгоҳ Убайдуллои ҷавон мехост, ки таҳсилро дар ягон мактаби олӣ идома бахшад, аммо дар қисматаш набудаасту дар деҳаи азизаш монд. Ба шогирдии усто Сайбурҳон даромада, коромӯзиро аз бофтани симтӯр оғоз кард. Симтӯрбофӣ дар нигоҳи аввал кори назарногир менамояд, вале дар тамоми ноҳия он солҳо буду шуд ду устои симтӯрбоф буду халос. Азбаски ӯ зеҳни тез,бозувони қавӣ ва панҷаҳои корчаспи меҳнатӣ дошт, ин ҳунарро низ аз худ намуд. Сардори Комбинати хизмати маишии ноҳия Боронхоҷаев уҳдабароии ҷавонро дида, бе дудилагӣ ӯро баъди муддати кӯтоҳи шогирдӣ, ба кори мустақилона гузаронид ва ба хоҷагии худашон ба кор фиристод, чунки собиқ хоҷагии ба номи Ленини ноҳия аз калонтарин хоҷагиҳо маҳсуб меёфт. Техникаву таҷҳизоти кишоварзиаш  зиёд буд.

Аз он рӯз сол сипарӣ шуд. Ба коргоҳ боз устои кафшергар Шералӣ Ортиқовро ба кор фиристониданд. Ҷавони зирак ҳунари кафшергариро ҳам ба зудӣ аз худ кард. Бо мурури вақт, усто Шералӣ ба дигар ҷо ба кор гузашту усто Убайдулло кафшергариро идома бахшид. Дар деҳоту хоҷагӣ ба ҳунари кафшергар мардум сахт ниёз доранд. Якеро ягон қисми трактор ё ароба мешиканад, дигаре бухорӣ фармоиш медиҳад, сеюмиро дос ё каландашро кафшер кардан лозим меояд. Ё дарвозаҳои хуштарҳи замонавӣ, панҷараҳои гулчин фармоиш медиҳанд. Хулоса, устои кафшергар бе кор намемонад.

Дар давраҳои камчинии барқ ба хона фақат бевақтиҳои шаб бармегашт. Бо омадани ӯ фарзандон дар хоби ноз буданду бо рафтанаш субҳи барвақт ҳам. Рӯзгор, аҳли байташро дар оромию осудагӣ дида, шукргӯён ҷониби коргоҳ раҳсипор мегашт. Зану фарзандон ҳам серкории сарвари хонадонро дида, мекӯшиданд, ки бо уҳда кардани тамоми корҳои хона кӯмаке ба ӯ бикунанд. Хуб дарк мекарданд, ки падар ризқу рӯзии онҳоро осон не, балки бо меҳнати  ҳалоли заҳматбор ба даст меоварад.

Ҳамин муҳаббати беандоза ба касби усто Убайдулло буд, ки писаронаш Исматулло, Саймуъмин ва Маҳсиддин низ ин роҳро пеш гирифтанд. Ҳунарҳои падарро омӯхтанд ва дастёри ӯ дар зиндагиву рӯзгор шуданд.

Дар чилу чор соли корӣ усто Убайдулло бо одамони гуногунхислат рӯ ба рӯ шуд. Шиносу қадрдонҳои зиёде пайдо кард. Ҳоҷати бисёриҳоро бароварду мушкили онҳоро осон гардонд. Ҳам ризқу рӯзии фарзандонро муҳайё ҳам обруй пайдо кард. Ҳамеша мекӯшид ва ба фарзандон талқин менамуд, ки дили касеро наранҷонанд. Ҳунар беҳтарин доройӣ аст, вале он бе мардум ба касе даркор нест. Ризқу рӯзии ҳунармандро низ Худованд тавассути мардум ато кардааст. Устоҳо аз ҷумлаи касоне мебошанд, ки аз ҳама зиёд нону намаки мардумро мечашанд. Ин ҳамаро бояд пос дошт ва он гоҳ Худо файзу баракатро барои инсон арзонӣ медорад. Якашро даҳ мегардонад.

Солҳои ҷанги шаҳрвандӣ барои аҳолии минтақаи дар муҳосираи иқтисодӣ мондаи Кӯлоб даҳчанд азоб буд. Рӯзе думболаи коре шуда, дертар ба коргоҳ омад ва шоҳиди гуфтугузори кампираки дармондае ва писараш Исматулло гардид. Кампири бечора бухории тунукагини тамоман пӯсидаро барои таъмир оварда, илтиҷо менамуд, ки онро соз карда диҳад, вагарна набераҳояш аз хунукӣ нобуд мешаванд. Писараш чандин солҳо боз ба Россия рафтаву даракаш нест. Набераҳояш нимсеру нимгурусна гаштаанд.Бо дастгирию хайрхоҳии ҳамсояҳо илоҷе карда, нигоҳубинашон дорад.   Исматулло ба кампир фаҳмонданӣ мешуд, ки бухориро таъмир кардан ҳеҷ имкон надорад, чунки кафшер карда намешавад. Ҳини ин радду бадалҳо усто Убайдулло омад. Ашки шашқатори кампири бечораро дида, дар чашмони ӯ низ ашк ҳалқа зад ва дар дил ба ҷангҷӯён нафрат хонд. Кампирро дилбардорӣ намуда, назди набераҳояш фиристонд ва ваъда кард, ки то бегоҳ ҳоҷаташро буд мекунад.

- Писарам, – рӯй овард ба писараш усто баъди рафтани кампир. – Бочкаи калони оҳании болои боми корхонаро фароварда биёр. Агар ба кампир як бухорӣ карда надиҳем, Худо мову туро дар дунё намебахшад. Дар ин сардиҳо гумон аст, ки бе кӯмаки мо  кампиру набераҳояш ба рӯзҳои гарм саломат  бирасанд!

- О, ин бочкаро барои дар баҳор истифода бурдани худамон фармуда будед, бо ҳайрат изҳор намуд Исматулло.

- Э, бачам, то баҳора Худо подшоҳ! Боз мерасонад. Ба дарди кампир даво ёфтан даркор! – гӯён то ҳозир намудани зарф усто Убайдулло либоси корӣ ба бар кард ва ба сохтани бухорӣ барои кампир тайёрӣ дид, зеро қувваи барқ ҳам маҳдуд буд…

Инак, он рӯзҳои мудҳиш ҳам гузашт ва одамон боз ба рӯзҳои нек расиданд. Писари гумшудаи кампир ҳам пайдо гардид. Наберагонаш ба воя расиданду паррончак шуданд. Вале монанд ба ин корҳои савобашро чун беҳтарин ва пурқиматтарин мукофот барои худ усто Убайдулло умре дар хотир маҳфуз медорад, агарчи барои меҳнати софдилона ва дарозмуддат, фаъоли ҷамоат ва собиқадори меҳнат Убайдулло Баротов борҳо бо ифтихорномаву нишонҳои ҷашнии ҳукуматӣ қадрдонӣ шудааст.

Файзи дигари меҳнат барои ин пири кори соҳиби набераҳои зиёд  боз дар он аст, ки сарфи назар аз синну соли ба ҷое расидааш, хеле ҷавону бардам менамояд. Мардест шӯху зиндадил.

Мирзо НУРАЛИЕВ,

«Садои мардум»