Ҷамъоварии ғалла анҷом меёбад
Имсол дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ тавассути ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ дар майдони 6365 гектар кишти ғалладонагиҳо гузаронида шуд. Ғаллакорон маъракаи ҷамъовариро ба таври намунавӣ ба роҳ монда, то имрӯз 6184 гектар майдонро дарав карданд, ки ин нишондод 93,7 фоизи иҷрои нақшаро ташкил менамояд. Алҳол аз ҳар гектар 45,5 сентнер ҳосил бардошта шудааст.
Ҳамкориҳои молиявӣ самар меоранд
Дар деҳаи Гулободи деҳоти ба номи Абдӣ Авазови ноҳияи Восеъ, дар доираи ҳамкориҳои молиявӣ миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Федеративии Олмон, аз ҳисоби маблағгузории Барномаи «Фонди ҷамоавӣ барои мусоидати рушди маълумоти асосӣ ва барқарорсозии инфраструктураи коммуналӣ» сохтмони бинои дуошёнаи таълимии дорои ҳашт синфхона, ки моҳи феврали соли 2012 оғоз гардида буд, ба анҷом расид. Дар ифтитоҳи бинои нави таълимгоҳ иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳия Рустам Латипов ва муовини вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҷинисо Маҳмадова иштирок карда, устодону шогирдони таълимгоҳро табрику муборакбод намуданд.
«Баракат»-бозори нахустини масолеҳи сохтмонӣ
Дар қисмати шимолии шаҳри Кӯлоб бо ташаббуси соҳибкор Сафар Бобоев Маркази тиҷоратии масолеҳи сохтмонӣ бо номи «Баракат» ба фаъолият шуруъ намуд. «Баракат» дар ҳудуди шаҳр ва минтақа аввалин бозори фурӯши масолеҳи сохтмонист, ки бо ифтитоҳи он 30 нафар шаҳрвандон соҳиби ҷойи кор гардиданд. Дар рӯзи кушодашавии марказ, бо ташаббуси муассиси он, хатнатӯйи ҳафт нафар фарзандони кормандони камбизоати бозор гузаронида шуд. Муовини раиси вилояти Хатлон Ситора Шерова ва раиси шаҳри Кӯлоб Абдуғаффор Раҳмонов дар маросими кушодашавии марказ ҳузур доштанд.
Темуршоҳи ФАЙЗАЛӢ, «Садои мардум»