Мардуми заҳматкаши Хатлонзамин ҳамасола дар заминҳои доманфарохи ин мулки биҳиштосои бостонӣ зироатҳои гуногуни полезӣ, бахусус харбузаю тарбузро ба миқдори хеле зиёд парвариш менамоянд. Дар парвариши ин намуди зироатҳо заҳмати зиёд сарф мегардид. Ҳосили фаровони дастранҷашон-тарбузу харбузаю ҳандалаку каду ба берун аз ҳудуди вилоят, шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, ҳатто берун аз он- Россияву Қазоқистон, Афғонистону Покистон содирот мешавад. Бахусус соли ҷорӣ натиҷаи заҳмати шабонарӯзии кишоварзон бештар ба назар мерасад.
Дар баробари зиёд намудани майдони парвариши ин номгӯйи зироатҳо деҳқонон тавонистанд, ки ҳосилнокию сифати онро низ баланд бардоранд. Онҳо дар натиҷаи дурагакунӣ ба парвариши навъҳои нави харбуза муваффақ гардиданд. Дар ноҳияи Қумсангир парвариши ҳандалаки навъи кӯкчаро ба роҳ монданд, ки солҳои қаблӣ мавҷуд набуд. Ин навъи ҳандалак баробари пешпазак буданаш, инчунин ширину болаззату ширадор аст.
Соли ҷорӣ нархи ин навъи зироат, бахусус тарбузу харбуза ҳангоми фаровонии ҳосил дар муқоиса ба соли гузашта арзонтар ба назар мерасид. Натиҷаи заҳмати деҳқонони хатлониро мо агар дар давоми фасли тобистон ба хубӣ эҳсос кардаю аз зироатҳои парвардаашон даҳон ширин карда бошем, дар озмуни вилоятии «Сайри харбуза», ки дар шаҳри Қӯрғонтеппа доир шуд, ба зироатҳои бо ранҷ парвардаашон аз наздик ошно гардидем. Дар ин озмун намояндагони ноҳияҳои иқлимашон гарму барои парвариши зироатҳои полезӣ мувофиқ фаъолона иштирок намуданд.
Зимни баргузории озмун маълум гардид, ки аз 510 намуди харбуза, ки дар саросари дунё мерӯяд, 100 навъи он дар Тоҷикистон парвариш меёбад. Навъҳои беҳтарину ширинтарин ва болаззаттаринашон дар заминҳои вилояти Хатлон хуб нашъунамо меёбанд. Бояд гуфт, ки солҳои охир дар натиҷаи зиёд шудани касалиҳои растанӣ ва ҳашаротҳои зараррасон парвариши тарбузу харбуза каме коҳиш ёфт, вале дар натиҷаи истифодаи таҷрибаи пешқадам ва баъзе навъи химикатҳо деҳқонон тавонистанд шуҳрату мартабаи пешинаи худро барқарор намоянд. Баробари фаровон истеъмол шуданашон дар ҳудуди ҷумҳурӣ, инчунин содироти тарбузу харбузаи вилояти Хатлон ба хориҷи мамлакат исботи гуфтаҳои мост.
Аз рӯйи ҷамъбасти натиҷаи озмуни вилоятӣ, ки таҳти сарварии муовини якуми раиси вилоят Қурбонбой Каримов сурат гирифт, харбузапарварони ноҳияи Ёвон сазовори ҷойи аввал ва мукофоти асосӣ гардиданд. Харбузапарварони ноҳияҳои Қумсангир ҷойи дуюм ва Фархор ҷойи сеюмро соҳиб шуданд. Кори хуби деҳқонони ноҳияҳои Шаҳритуз, Вахш, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Қубодиён, Ҷалолиддини Румӣ, Панҷ, Ҷиликӯл, Хуросон, Носири Хусрав, Бохтар, Абдураҳмони Ҷомӣ низ махсус зикр гардид.
Ҳамчунин дар ин рӯз дар маркази вилоят озмуни «Иди асал» низ барпо шуд. Зимни ҷамъбаст маълум гардид, ки дар вилояти Хатлон айни ҳол 55 ҳазору 400 сар оилаи занбӯри асал парвариш меёбад ва дар муқоиса ба соли пешин ҳашт ҳазор оила зиёдтар аст. Истеҳсоли асал бошад, ба 350 тонна расонида шудааст, ки ин нишондод низ нисбат ба солҳои пешин беҳтар аст.
Аз рӯйи ҷамъбасти озмун занбӯриасалпарварони ноҳияи Данғара соҳиби ҷойи аввал, ноҳияи Вахш сазовори ҷойи дуюм ва ноҳияи Ховалинг ҷойи сеюм шуданд.
Дар интиҳо раиси вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода ба ғолибони озмунҳои вилоятии «Сайри харбуза» ва «Иди асал» ифтихорномаҳо ва мукофотҳои ғолибиятро супурд.
Давлат СУЛТОНОВ, «Садои мардум»